Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пурсиданд аз вай ки: «Аз корҳо чи фозилтар аст?» Гуфт: «Намоз ба вақти хеш ба пой доштан». Ва гуфт: «Калиди биҳишт намоз аст». Ва гуфт: «Ҳақ таъоло бар бандагони худ ҳеч чиз фариза нагардонид, пас аз тавҳид, дӯсттар наздики Вай аз намоз. Ва агар чизе дӯсттар аз ин доштӣ, фариштагони Худро бад-он машғул гардонидӣ. Ва эшон ҳама дар намоз бошанд: гурӯҳе дар рукӯъ, гурӯҳе дар суҷуд, гурӯҳе бар пой, гурӯҳе нишаста». Ва гуфт: «Ҳар ки намоз ба амд (қасд) бимонад (тарк кунад) кофир гашт» – яъне наздик шуд бад-он, ки асли имони вай ба халал шавад, чунон ки гӯянд: ҳар киро дар бодия (биёбон) об зоеъ шуд, ҳалок шуд, яъне наздик расид ба ҳалокат ва дар хатар афтод. Ва гуфт: «Аввал чизе, ки шумор кунанд рӯзи қиёмат, намоз бувад: агар тамом бувад ва ба шарт бошад, бипазиранд ва дигар амалҳо ба табаийати вай, чунон ки бошад, бипазиранд ва агар ноқис бувад, бар рӯи вай боззананд бо ҳама аъмоли дигараш». Ва гуфт: «Ҳар ки таҳорате некӯ кунад ва намозе ба вақти хеш бигузорад ва рукӯъу суҷуд некӯ ба ҷой орад ва ба дил хошеъ ва мутавозеъ бошад, намози вай меравад то ба Арш – сапеду равшан – ва мегӯяд:
«Худои таъоло туро нигоҳ дорад, чунон ки ту маро нигоҳ доштӣ». Ва ҳар кӣ намоз на ба вақт кунад ва таҳорат некӯ накунад ва рукӯъу суҷуд ва хузӯъу хушӯъ тамом ба ҷой наёрад, он намоз то ба осмон меравад – сиёҳ ва торик – ва мегӯяд: «Худои таъоло туро зоеъ кунод, чунон ки маро зоеъ кардӣ, то он гаҳ, ки Ҳақ таъоло хоҳад намози вай чун ҷомаи халақ (кӯҳна) дар ҳам бипечанд ва бар рӯи вай боззананд». Ва низ гуфт расул алайҳиссалом: «Бадтарини дуздон он аст, ки аз намоз дуздад».
Кайфияти зоҳири намоз
Бидон, ки зоҳири намоз чун колбад аст ва вайро ҳақиқате аст ва сирре аст, ки он рӯҳи намоз аст. Ва мо нахуст зоҳири намоз бигӯем. Ва аввал он аст, ки чун аз таҳорати тану ҷома бипардозад ва аврат бипӯшонад, ҷое пок биистад ва рӯй ба қибла орад ва миёни ду қадам ба миқдори чаҳор ангушт кушода дорад ва пушт рост дорад ва сар дар пеш афканад ва чашм аз ҷойгоҳи суҷуд фаротар набарад.
Ва чун рост истод, «Қул аъузу би Рабби-н-носи...»1 бархонад бар андешаи он, ки шайтонро аз худ дур кунад. Ва он гоҳ агар мумкин аст, ки касе ба вай иқтидо хоҳад кард, бонги намоз (азон) бигӯяд ва агар на, бар иқомат иқтисор кунад ва ният дар дил ҳозир кунад ва ба дил бигӯяд, ки:
«Адо кунам фаризаи намози пешин – масалан – Худойро азза ва ҷалла».
Ва чун маонии ин лафзҳо дар дили вай ҳозир шуд, даст бардорад то ба наздикии гӯш, чунон ки сари ангуштон баробари гӯш бувад ва сари ибҳом баробари нармии гӯш бувад ва кафи даст баробари китф бувад. Ва чун бад-ин ҷойгоҳқарор гирифт, бигӯяд: «Аллоҳу акбар» ва он гоҳ дастҳо
1 Бигӯ: «Паноҳ мебарам ба Парвардигори мардум...» Сураи «Нос»
бар зери сина ниҳад ва дасти рост бар забари чап ниҳад ва ангушти шаҳодат ва миёнгин аз рост ба пушти соиди чап фурӯ гузорад ва дигар ангуштон бар соиди чап ҳалқа кунад ва даст фурӯ нагузорад, он гоҳ боз сина барад, балки ҳам дар фурӯ овардан ба сина барад, ки дурусттар ин аст ва дар миёни ин даст наяфшонад ва беш берун наёрад ва ба ҷавониби берун набарад.
Ва такбир муболиғат накунад: чунон ки «вов»-е пас аз «Аллоҳу» падид ояд ё «алиф»-е аз паси «бо»-и «акбар», то чунон шавад, ки гӯӣ «акбор»
мегӯяд: Ин ҳама корҳои мувасвасон ва ҷоҳилон бошад, бал чунон ки беруни намоз ин калима бигӯяд – бетакаллуфу муболиға – дар намоз ҳамчунон гӯяд.
Ва чун даст бар ҳам ниҳод, бигӯяд: «Аллоҳу акбару кабиран, ва-лҳамду лиллоҳи касиран ва субҳоналлоҳи букратан ва асилан»1; он гоҳ:
«Ваҷҷаҳту ваҷҳӣ»2 бархонад ва пас аз он бигӯяд: «Субҳонака-ллоҳумма ва биҳамдика ва таборака-смука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука»3, то миёни ҳама мазҳабҳо ва ҳама ривоятҳо ҷамъ карда бошад. Пас: «Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, инналлоҳа Ҳува-с-самиъу-лъалиму»4 бигӯяд ва «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» бигӯяд, пас «Алҳамду» бархонад. Ва мадду ташдидҳо бар ҷой орад ва дар ҳуруф муболиғат (зиёдравӣ) накунад, чунон ки бишӯлида шавад; ва фарқ миёни «зод» ва «зо» ба ҷой орад; ва агар натавонад, раво бошад. Ва чун фориғ шавад, «омин» бигӯяд, на пайваста ба охири сурат, андак моя гусаста; он гоҳ сураи дигар бархонад, ё он чи хоҳад аз Қуръон.
Ва ду ракъати пешин аз намози бомдодин ва намози шом ва намози хуфтан ба овози баланд кунад, магар ки маъмум (пайравикунанда ба имом) бувад.
Рукӯъ
Пас такбири рукӯъ кунад, чунон ки ба охири сура пайваста набошад; ва даст бардорад дар ин такбир чунон ки дар ибтидо ва такбир мекунад, то он гаҳ ки ба ҳадди рукӯъ расад. Ва кафи ҳар ду даст бар зону ниҳад ва ангушт дар ростии қибла фурӯ гузорад – аз ҳам кушода; ва зону ба ду дарнаёварад, балки рост дорад; ва пушту сар рост медорад – чун тахта – чу-
1 Худо бузург аст ва сипоси фаровон Худойрост ва тасбеҳ мар Ӯрост ва дар бомдоду шом.
2 Мутаваҷҷеҳ сохтам рӯи худро ... (Қуръон: сураи Анъом – ояи 29).
3 Парвардигори ман! Ту покӣ, шукрат гузорам, номат муборак аст ва бузургии Ту бартар аст ва маъбуде ҷуз Ту нест.
4 Паноҳ мебарам ба Худо аз шайтони ронда шуда, ба дурустӣ, ки Худост шунавову доно.
нон ки сурати (шакл) вай чун «лом»-е шавад; ва ду бозу аз ду паҳлӯ дур дорад ва бозу ба паҳлӯ боз наниҳад. Чун чунин биистад, се бор бигӯяд:
«Субҳона Раббийа-л-ъазими ва биҳамдиҳи»1 ва агар имом набошад, ҳафт бор ё даҳ бор бигӯяд, некӯтар бошад. Он гоҳ аз рукӯъ барояд ва рост биистад ва даст бардораду бигӯяд: «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ»2 ва ором гирад ва барпой ва бигӯяд: «Раббано лака-л-ҳамду милъа-с-самовоти ва милъа-л-арзи ва милъа мошиъта мин шайъин баъду»3
.
Ва дар дуввум ракъати фаризаи намози бомдод «қунут» бархонад.
Суҷуд
Пас, такбир кунад ва ба суҷуд шавад, чунон ки он чи бар замин наздиктар аст, пештар бар замин ниҳад; аввал зону, он гоҳ даст ва он гоҳ пешонӣ ва бинӣ ва ду даст дар баробари гӯш бар замин ниҳад – ангуштҳо боз ниҳода – ва ду соид бар замин бигустаронад ва миёни бозуву паҳлӯ ва миёни шикаму рон кушода дорад. Пас се бор «Субҳона Раббийа-л-аъло ва биҳамдиҳи»4 бигӯяд ва агар имом набошад, зиёдат кунад авлотар. Пас такбир кунад ва аз суҷуд барояд ва бар пои чап нишинад ва ду даст бар ду рон ниҳад ва бигӯяд: «Раббӣ-ғфир лӣ ва-рҳамнӣ ва-рзуқнӣ ва-ҳдини ва аҷирни ва ъофинӣ ва-ъфу ъанни»5 ва он гоҳ дигар суҷуд ҳам чунин бикунад. Пас аз суҷуд боз нишинад – нишастане сабук ва такбир кунад, он гоҳ барпой хезад ва дигар ракъат чун аввал гузорад ва «аъузу» пеш аз «Ал-ҳамду» бигӯяд.
Ташаҳҳуд
Пас, чун аз суҷуди дуввуми ракъат фориғ шуд, ба «ташаҳҳуд» бинишинад ва бар пои чап нишинад, ҳамчунон ки дар миёни суҷуд ва ду даст ҳамчунон бар рон ниҳад, лекин ин ҷо ангуштҳои дасти рост гирд кунад, илло ангушти шаҳодат, ки фурӯ гузорад ва ба вақти «шаҳодат» ишорат кунад, онҷо, ки гӯяд: «Иллаллоҳ», на он ҷо, ки гӯяд: «Ло илоҳа»; ва ибҳом низ агар фурӯ гузорад, раво бувад. Дар «ташаҳҳуд»-и дуввум ҳамчунин
1 Пок аст Парвардигори бузурги ман ва ситоиш мекунам Ӯро.
2 Шунид касеро, ки ситоиши Ӯ кард.
3 Парвардигори мо сипос Туро ба пурии осмонҳо ва пурии замин ва пурии ҳар чизе, ки бихоҳӣ баъд аз он.
4 Пок аст Парвардигори баладмартабаи ман ва Ӯро сипосгузорам.
5 Парвардигоро, биёмурз ва бибахш ва рӯзӣ деҳ ва роҳнамоӣ фармо ва маъҷур дор ва аз баду бало нигоҳ дор ва аз ман даргузар.
кунад, лекин ҳар ду пой аз зер берун оварад – ба ҷониби рост – ва суруни1 чап бар замин ниҳад. Ва дар «ташҳҳуд»-и аввал чун: «Аллоҳумма саллӣ ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин»2 гуфт, бар пой хезад.
Ва чун «ташаҳҳуд»-и дуввум тамом бихонад, то охири дуои маъруф, бигӯяд: «Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳи3» ва рӯй аз ҷониби рост кунад, чунон ки касе, ки дар қафои вай бувад, як нима рӯи вай бибинад ва он гоҳ аз ҷониби чап дигар салом бигӯяд. Ва бад-ин ҳар ду салом нияти берун омадан кунад аз намоз ва нияти салом бар ҳозирон ва фариштагон.
— ФАСЛ —
[Дар намоз чанд кароҳият аст] Бидон, ки чанд кароҳият аст дар намоз.
Яке дар намоз омадан ба вақти гуруснагӣ; ва ташнагӣ; ва хашм; ва тақозои бавл; ва қазои ҳоҷат; ва ҳар дилмашғулӣ, ки аз хушӯъ боздорад; ва ду пой ба ҳам бозниҳодан чуст4; ва як пой аз ҷой баргирифтан; ва бар сари пой нишастан дар суҷуд; ва бар сурун нишастан; ва ду зону бо сина овардан; ва даст дар зери ҷома доштан; ва ба вақти суҷуд ҷома аз пешу пас гирифтан; ва миён бастан зери ҷома; ва даст фурӯ гузоштан; ва аз ҳар сӯ нигаристан; ва ангушт тарақонидан5; ва андомҳо хоридан; ва осо кашидан6; ва бо мӯи маҳосин бозӣ кардан; ва сангреза рост кардан барои суҷуд; ва нафх бар замин ба вақти суҷуд; ва ангуштон дар ҳам гузоштан; ва пушт ба ҷое бозниҳодан.
Ва дар ҷумла ҷисму даст ва ҷумла аъзо бояд, ки ба адаб бошад ва ба сафи намоз бошад, то намоз тамом бошад ва зоди охиратро шояд.
Аммо фариза аз ҷумлаи он чи гуфтем, дувоздаҳ чиз беш нест: ният; ва такбири аввал ва қиём; ва хондани «Фотиҳа»; ва рукӯъ; ва ором гирифтан дар вай; ва эътидол аз рукӯъ; ва суҷуд; ва ором гирифтан дар вай; ва эътидол аз вай ба нишастан; ва «ташаҳҳуд»-и бозпасин; ва «салавот» бар расул алайҳиссалом; ва нишастан дар вай; ва салом. Чун ин миқдор бикунад, намоз дуруст бувад бад-он маънӣ, ки шамшер аз вай бияфтад.
1 Нишастгоҳ.
2 Худоё, дуруд бифирист бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад.
3 Салом ба шумо ва бахшоиши Худо.
4 Танг.
5 Раги ангушт шикастан.
6 Хамёза кашидан.
Аммо пазируфтани он дар хатар бувад ва ин ҳамчунон бувад, ки канизаке ба ҳадия пеши малике баранд, агарчи гӯшу бинӣ надорад ва дасту пой надорад, валекин зинда бошад: хатари он бошад, ки пазируфта набошад.
Пайдо кардани ҳақиқат ва рӯҳи намоз Бидон, ки он чи гуфтем, колбаду сурати намоз аст. Ва ин суратро ҳақиқате аст, ки он рӯҳи вай аст бар ҷумла. Он гоҳҳар амалеро аз аъмоли намоз ва ҳар зикреро аз азкор рӯҳе дигар аст хос, ки агар асли рӯҳ набошад, намоз ҳамчун одамие мурда бошад: колбаде беҷон. Ва агар асл бошад, валекин одобу аъмол тамом набошад, ҳамчун одамие чашм канда ва гӯшу бинӣ бурида бошад. Ва агар аъмол бошад, валекин рӯҳ ва ҳақиқати он бо вай ба ҳам набошад, ҳамчунон бувад, ки чашм дораду биноӣ надорад ва гӯш дораду шунавоӣ надорад.
Ва асли рӯҳи намоз хушӯъ аст ва ҳозир будани дил дар ҷумлаи намоз, ки мақсуди намоз рост доштани дил аст бо Ҳақ таъоло ва тоза кардани зикри Ҳақ таъоло бар сабили ҳайбат1 ва таъзим, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва ақими-с-салота ли зикри» – «Намоз ба пой дор барои ёд карди Маро». Ва расул гуфт алайҳиссалом, ки: «Басо касо, ки насиби вай аз намоз ҷуз ранҷу мондагӣ нест». Ва ин он бувад, ки ба колбад намоз кунад ва ба дил ғофил ва гуфт, ки: «Бисёр банда бувад, ки намоз кунад ва аз намози вай беш аз даҳяк ё шашяк нанависанд. Ва он миқдор нависанд аз намози ҳар касе, ки ба дил дар он ҳозир бошад». Ва гуфт: «Намоз чунон кун, ки касеро видоъ хоҳӣ кард», яъне худро ва ҳавои худро видоъ кун, балки ҳар чи ҷуз Ҳақ аст, онро видоъ кун ва ҳамагии худ ба намоз деҳ. Ва барои ин буд, ки Оиша разийаллоҳу анҳо мегӯяд, ки: «Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам бо мо ҳадис мекардӣ ва мо низ бо вай, чун вақти намоз даромадӣ, гуфтӣ, ки ҳаргиз моро нашинохтааст, аз машғуле, ки будӣ ба азамати Ҳақ таъоло!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё