Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ҳолати чаҳорум – он бувад, ки бар ин низ қодир набошад, то ба касб машғул бошад барои хеш ва иёл. Чун амонат нигоҳ дорад ва халқ аз дасту забони вай саломат ёбад ва ҳирси дунё вайро дар талаби зиёдате наяфканад ва ба қадри кифоят қаноат кунад, вай низ аз ҷумлаи обидон бувад ва дар дараҷаи асҳоб-ул-ямин бувад ва агарчи аз собиқон ва муқаррабон1 набошад.
Ва дараҷаи саломатро мулозим будан ақалли дараҷот аст. Аммо он ки рӯзгор на дар ин чаҳор қисм яке бигузорад, аз ҷумлаи ҳоликон ва атбоъи шайтон аст.
Аммо вирди чаҳорум – аз вақти завол то намози дигар бувад, бояд ки пеш аз завол қайлула (хоби нисфирӯзӣ) кунад, ки қайлула мар намози шабро ҳамчун суҳур (саҳархезӣ дар моҳи рамазон) бувад рӯзаро. Аммо чун қиёми шаб набошад, қайлула кароҳият бошад, ки бисёр хуфтан макрӯҳ аст. Ва чун бедор шавад, бояд ки пеш аз вақт таҳорат кунад ва ҷаҳди он кунад, ки пеш аз бонги намоз дар масҷид шавад ва таҳияти масҷид бигузорад ва ҷавоби муаззин боздиҳад ва чаҳор ракъат кунад – пеш аз фарз, ки расул алайҳиссалом ин чаҳор ракъатро дароз бикардӣ ва гуфтӣ: «Дар ин вақт дарҳои осмон бикушоянд». Ва дар хабар аст, ки ҳар ки ин чаҳор ракъат бикунад, ҳафтод ҳазор фаришта бо вай намоз кунанд ва то шаб вайро омурзиш хоҳанд. Пас, бо имом фариза бигузорад ва ду ракъат суннат бикунад ва то намози дигар ҷуз ба таъаллуми илм ё муовинати мусалмонӣ ё зикру қироати Қуръон ё касбе ҳалол – ба қадри ҳоҷат – машғул набошад.
Аммо вирдипанҷум – аз намози дигар то фурӯ шудани офтоб бувад, бояд ки пеш аз намози дигар ба масҷид ояд ва чаҳор ракъат намоз кунад, ки расул алайҳиссалом гуфтааст: «Худой раҳмат кунад бар касе, ки пеш аз фаризаи аср чаҳор ракъат намоз кунад». Ва чун фориғ шавад, ҷуз бадон чи гуфтем, машғул нашавад, ки фазли ин вақт чун фазли бомдод аст, чунон ки гуфт, «Ва саббиҳ би ҳамди Раббика қабла тулӯъи-ш-шамси ва қабла-л-ғуруби»2. Ва дар ин вақт бояд, ки: «Ва-ш-шамси ва зуҳоҳо»; «Ва-
1 Ишора ба дараҷоти мӯъминон дар сураи «Воқиъа».
2 Покӣ ва ситоиши Парвардигори худ бигӯй пеш аз баромадан ва фурӯ шудани офтоб.
л-лайли изо йағшо» ва «Ал-муъаввизатайн» бархонад. Ва бояд ки чун офтоб фурӯ шавад, вай дар истиғфор бувад.
Ва дар ҷумла бояд ки авқот муваззаъ (тақсимшуда) бошад, ки баракати умр бад-ин падид ояд. Ва касе, ки авқоти вай фурӯ гузошта бувад, то дар ҳар вақте чӣ иттифоқ афтад, умри вай зоеъ шавад.
Аммо авроди шаб се аст.
Вирди аввал – аз намози шом бувад то намози хуфтан; ва эҳё карданро дар миёни ин ду намоз фазилати бузург аст. Ва дар хабар аст, ки:
«Татаҷофо ҷунубуҳум ъани-л-мазоҷеъи»1 дар ин омадааст. Бояд ки ба намоз машғул шавад, то фаризаи намози хуфтан бигузорад. Ва бузургон ин фозилтар аз он доштаанд, ки рӯз рӯза дорад, то дар ин вақт ба нон хӯрдан машғул шавад. Ва чун аз витр (намози воҷиби хуфтан) фориғ шуд, бояд ки ба ҳадис ва лаҳв машғул нашавад, ки хотимати шуғл ин бошад.
Аммо вирди дуввум – хоб бувад, ҳарчанд ки хоб аз ҷумлаи ибодот нест, лекин чун ороста бувад ба одобу сунан, аз ҷумлаи ибодот бувад. Ва суннат он аст, ки рӯй ба қибла хусбад ва бар дасти рост хусбад ба аввал, чунон ки мурдаро дар лаҳад хобонанд. Ва бидон, ки хоб бародари марг аст ва бедорӣ чун ҳашр аст. Ва бошад ки он рӯҳ, ки дар хоб қабз карданд, бознадиҳанд, бояд ки сохта бошад кори охиратро ва бояд ки ба таҳорат хусбад ва тавба кунад ва азм кунад, ки беш бар сари маъсият наравад; агар бедор шавад ва васиятнома набишта дорад – дар зери болин ниҳода; ва ба такаллуф хештан бар хоб накунад ва ҷомаи нарм дар бар напӯшад, то хоб ғолиб нашавад, ки хоб таътили умр аст. Ва бояд ки дар шабу рӯз ҳашт соат беш нахусбад ва ин сеяки бисту чаҳор соат бошад, ки чун чунин кунад, агар шаст сол умр дорад, бист сол зоеъ шавад дар хоб; беш аз ин набояд, ки зоеъ шавад. Ва бояд ки обу мисвок ба дасти хеш ниҳода бошад, то дар шаб барои намоз бархезад ё бомдоди пагоҳ бархезад. Ва бояд ки азм кунад ба қиёми шаб ё ба пагоҳ хостан, ки чун ин азм кунад, савоб ҳосил ояд, агарчи хоб ғалаба кунад. Ва чун паҳлӯ бар замин ниҳад, гӯяд: «Раббӣ бисмика вазаъту ҷанбӣ ва бисмика арфаъуҳу», чунон ки дар даавот гуфтаем; ва «Ойату-л-курсӣ» ва «Омана-р-расулу» ва «Муъаввизатайн» ва сураи «Таборак» бархонад, чунон ки дар хоб шавад дар миёни зикр; ва бар таҳорат бошад. Ва касе, ки чунин кунад, рӯҳи вайро ба Арш баранд ва дар ҷумлаи мусаллиён нависанд вайро, то бедор шавад.
Аммо вирдисаввум – Таҳаҷҷуд аст ва он намози шаб бувад – пас аз
1 Холӣ мешавад паҳлӯи эшон аз хобгоҳҳо.
бедорӣ дар ними шаб, ки ду ракъат дар нимаи бозпасини шаб фозилтар аз бисёрии намоз дар вақти дигар, ки дар он вақт дил софӣ бувад ва машғалаи дунё набувад; ва дарҳои раҳмат аз осмон кушода бувад. Ва ахбор дар фазли қиёми шаб бисёр аст ва дар китоби «Эҳё» овардаем.
Ва дар ҷумла бояд ки авқоти шабу рӯз – ҳар якеро коре маълум бувад ва ҳеч зоеъ гузошта набувад. Ва чун як шабонарӯз чунин кард, ҳар рӯзе аз баъди он чунин кунад, то охири умр; агар бар вай душвор бувад, амали дароз дар пеш нагирад ва бо худ гӯяд, ки: «Имрӯз ин бикунам, бошад ки имшаб бимирам ва имшаб бикунам, бошад ки фардоро мурда бошам»; ва ҳар рӯз ҳамчунин. Ва чун ранҷур шавад аз мувозибат, бидонад, ки вай дар сафар аст ва ватани вай охират аст; ва дар сафар ранҷи ғурбат бошад, лекин тасалло бад-он бошад, ки зуд бигузарад ва дар ватан биёсояд.
Ва миқдори умр падид аст, ки чанд аст ба изофат бо умри ҷовидон, ки дар охират хоҳад буд, агар касе як сол ранҷ кашад барои роҳати даҳ сол аҷаб набошад, пас чӣ аҷаб агар сад сол ранҷ барад барои барои роҳати сад ҳазор сол, балки барои роҳати ҷовидона.
Тамом шуд рукни аввал аз китоби «Кимиёи саодат»; ва баъд аз ин рукни дуввум биёяд. Ва он рукни муомилот аст.
РУКНИ ДУВВУМ
Рукни муомилот аст
Ва он низ даҳ асл аст
Асли аввал – одоби таом хӯрдан аст.
Асли дуввум – одоби никоҳ аст.
Асли саввум – одоби касбу тиҷорат аст.
Асли чаҳорум – талаби ҳалол аст.
Асли панҷум – одоби сӯҳбат бо халқ аст.
Асли шашум – одоби узлат аст.
Асли ҳафтум – одоби сафар аст.
Асли ҳаштум – одоби самоъ аст.
Асли нуҳум – амр ба маъруф ва наҳйи мункар аст.
Асли даҳум – вилоят доштан аст.
АСЛИ АВВАЛ
Одоби таом хӯрдан ва додан аст
Бидон, ки роҳи ибодат ҳам аз ҷумлаи ибодот аст; ва зод ҳам аз ҷумлаи роҳ аст. Пас ҳар чи роҳи динро бад-он ҳоҷат бувад, ҳам аз ҷумлаи дин бувад. Роҳи динро ба таом хӯрдан ҳоҷат аст, чи мақсади ҳама соликон дидори Ҳақ таъоло аст; ва тухми он илму амал аст; ва мувозибат бар илму амал бе саломати тан мумкин нест; ва саломати тан бе таому шароб мумкин нест, балки таом хӯрдан зарурати роҳи дин аст, пас, аз ҷумлаи дин бошад; ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло: «Кулу мина-т-таййиботи ваъмалу солиҳан», миёни хӯрдану амали солеҳҷамъ кард. Пас ҳар ки таом барои он хӯрад, то вайро қуввати илму амал бувад ва қудрати рафтани роҳи охират бувад, таом хӯрдани вай ибодат бувад; ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом, ки: «Мӯъминро бар ҳама хайрот савоб бувад, то (ҳатто) луқмае, ки дар даҳони худ ниҳад ё дар даҳони аҳли худ». Ва ин барои он гуфт, ки мақсуди мӯъмин аз ин ҳама роҳи охират бувад.
Ва нишони он ки таом хӯрдан аз роҳи дин бувад, он бошад, ки ба шараҳ нахӯрад ва аз ҳалол хӯрад; ва ба қадри ҳоҷат хӯрад; ва одоби хӯрдан нигоҳ дорад.
Одоби таом хӯрдан
Бидон, ки дар хӯрдан суннатҳост: баъзе пеш аз хӯрдан ва баъзе пас аз хӯрдан ва баъзе дар миёни хӯрдан.
[Одоби пеш аз таом хӯрдан] Аммо он чи пеш аст:
Аввал – он ки дасту даҳон бишӯяд, ки чун таом хӯрдан бар нияти зоди охират бувад, ибодат бувад; ин чун вузӯе бошад пеш аз он ва низ дасту даҳон поктар шавад. Ва касе, ки пеш аз таом даст бишӯяд, дар хабар аст, ки аз дарвешӣ эмин бувад.
Дуввум – он ки таом бар суфра ниҳад, на бар хон, ки расул алайҳиссалом чунин кардааст, ки суфра аз сафар ёд диҳад ва сафари дунё аз сафари охират ёд диҳад; ва низ ба тавозӯъ наздиктар бувад. Пас, агар бар хон хӯрад, раво бошад, ки аз ин наҳй наёмадааст, аммо одати салаф суфра будааст ва расули мо алайҳиссалом бар суфра хӯрдааст.
Сеюм – он ки некӯ бинишинад: зонуи рост барорад ва бар соқи чап нишинад ва такя зада нахӯрад, ки расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Ман такя зада таом нахӯрам, ки ман бандаам, бандавор хӯрам ва нишинам».
Чаҳорум – он ки ният кунад, ки таом барои қуввати ибодат хӯрад, на барои шаҳват. Иброҳим ибни Шайбон мегӯяд: «Ҳаштод сол аст, то ҳеч чиз ба шаҳват нахӯрдаам». Ва нишони дурустии ин ният он бувад, ки азм кунад бар андак хӯрдан, ки бисёр хӯрдан аз ибодат боздорад, ки расул мегӯяд алайҳиссалом: «Луқмае чанд, ки пушти одамӣ рост дорад, басанда (кофӣ) бувад». Агар бад-ин қаноат накунад, сеяки шикам таомро ва сеяке шаробро ва сеяке нафасро.
Панҷум – он ки то гурусна нашавад, даст ба таом набарад. Ва некӯтарин суннате, ки бар таом тақдим бояд кард, гуруснагӣ аст, ки пеш аз гуруснагӣ хӯрдан мазмум ва макрӯҳ аст. Ва ҳар ки даст ба таом барад ва гурусна бувад ва бозгирад ва ҳанӯз гурусна бувад, ҳаргиз ба табиб ҳоҷат наёбад.
Шашум – он ки ба моҳазар (ҳар чи мавҷуд бошад) қаноат бикунад; ва такаллуфи таомҳои хуш накунад, ки мақсуди мӯъмин нигоҳ доштани қуввати ибодат бувад, на танаъъум. Ва суннат аст нонро гиромӣ доштан, ки қавоми одамӣ бад-ин аст; ва беҳтарин икроми вай он аст, ки дар интизори нонхӯриш надорандаш, балки дар интизори намоз надоранд, ки чун нон ҳозир шавад, нахуст нон хӯранд, он гоҳ намоз кунанд.
Ҳафтум – он ки даст ба таом набарад, то касе ҳозир наёяд, ки бо вай бихӯрад, ки танҳо хӯрдан некӯ нест; ва ҳарчанд даст бар таом беш бувад, баракат беш бувад. Ва Анас гӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Расул алайҳиссалом ҳаргиз таом танҳо нахӯрдӣ».
[Одоби вақти хӯрдан] Аммо одоби таом хӯрдан он аст, ки аввал «бисмиллоҳ» бигӯяд ва ба охир «ал-ҳамду лиллоҳ»; ва некӯтар он аст, ки ба аввали луқма гӯяд:
«бисмиллоҳи»; ва ба дуввум «бисмиллоҳи-р-Раҳмони»; ва ба саввум «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим»; ва ба овоз гӯяд, то дигаронро ёд диҳад; ва ба дасти рост хӯрад; ва ибтидо ба намак кунад ва хатм ба намак кунад, ки дар хабар омадааст ин; ва то шараҳро дар ибтидо бикушанд, бад-он ки ба хилофи шаҳват як луқма баргирад; ва нек бихояд ва то фурӯ набарад, даст ба дигар луқма дароз накунад; ва ҳеч таомро айб накунад, ки расул алайҳиссалом ҳеч таомро айб накардӣ: агар хуш омадӣ, бихӯрдӣ ва агар на, даст бозгирифтӣ; ва аз пеши худ хӯрад, магар мева, ки аз ҷавониби табақ раво бувад, ки он мухталиф бошад; ва аз миёни косаи тарид1 нахӯрад ва аз ҷавониб хӯрад; ва аз миёни нон нахӯрад ва аз канора гирад; ва гирд медарояд; ва нон ба корд пора накунад; ва гӯшт ҳамчунин; ва косаву чизе, ки хӯрданӣ набувад, бар нон наниҳад; ва даст ба нон пок накунад; ва чун луқма ё таоме дигар аз даст бияфтад, баргирад ва пок кунаду бихӯрад, ки дар хабар аст, ки: «Агар барнагирад, шайтонро монда бувад»; ва нахуст ангушт билесад дар даҳон, он гаҳ дар эзоре молад, то он асари таом, ки бувад, хӯрда шавад, ки бувад, ки баракат худ дар он боқӣ бувад; ва дар таоми гарм нафх накунад, лекин сабр кунад, то сард шавад; ва чун хурмо хӯрад ё зардолу ё чизе, ки шумурданӣ бувад, тоқ хӯрад ва ҳафт ё ёздаҳ ё бисту як, то ҳама корҳои вай бо Ҳақ муносибат гирад, ки Вай тоқ ва Ӯро ҷуфт нест; ва ҳар коре, ки Ҳақ таъоло ба навъе аз анвоъ боз он ба ҳам набувад, он кор ботил ва бефоида бувад; пас, тоқ аз ҷуфт авлотар бад-ин сабаб аст, ки бо вай муносибат дорад; ва донаи хурмо бо хурмо дар як табақҷамъ накунад ва дар даст нагирад; ва ҳамчунин ҳар чи вайро суфле бошад ва чизе, ки онро бияндозанд; ва дар миёни таом об бисёр нахӯрад.

пешина
аз 176
навбатӣ