Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Аммо одоби об хӯрдан
Он аст, ки кӯза ба дасти рост гирад ва гӯяд: «Бисмиллоҳ»; ва борик даркашад; ва бар пой нахӯрад; ва ибтидо ба кӯза фурӯ нигарад, то хошоке ва ҳайвоне набошад дар вай; ва агар ҷушое2 аз гулӯ барояд, даҳон аз кӯза бигардонад; ва агар як бор беш хӯрад, се бор хӯрад; ва ҳар боре «бисмиллоҳ» бигӯяд ва ба охир «ал-ҳамду лиллоҳи»; ва зери кӯза гӯш дорад3, то об ба ҷое начаконад; ва чун тамом бихӯрад, бигӯяд: «Ал-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣҷаъалаҳу ъазбан фуротан би раҳматиҳи ва лам йаҷъалаҳу милҳан уҷоҷан би зунубино»4
.
Аммо одоби пас аз таом
Он аст, ки пеш аз серӣ даст бидорад; ва ангушт ба даҳон пок кунад; он гоҳ ба дасторхон пок кунад; ва нонрезаҳо барчинад, ки дар хабар аст, ки:
«Ҳар, ки чунон кунад, айш бар вай фарох шавад ва фарзандони вай ба
1 Нон ва оби гӯшт ё ҳар чи дар он нон пора кунанд.
2 Оруғ; ҳаво ё ғизое, ки ба нерӯ аз гулӯ барояд.
3 Гӯш доштан: нигоҳ доштан.
4 Сипос Худойро ки аз роҳи бахшоиш онро гуворо ва ширин кард ва ба воситаи гуноҳони мо онро чун намаки талхе наёфарид.
саломат буванд ва беайб ва он кобини (маҳри занон) ҳурулъин гардад»; он гоҳ хилол кунад: ва ҳар чи бар забон барояд, фурӯ барад ва ҳар чи ба хилол берун ояд, бияндозад ва коса пок кунад бо ангушт, ки дар хабар аст, ки: «Ҳар ки коса билесад, коса гӯяд: ё Раб, Ту ӯро аз оташ озод кун, чунон ки ӯ маро аз дасти девон озод кард»; ва агар бишӯяд ва оби он бозхӯрад, чунон бувад, ки бандае озод карда бошад; ва пас аз таом бигӯяд: «Ал-ҳамду лиллоҳи-л-лазӣ атъамано ва сақоно ва кафоно ва овоно ва Ҳува саййидуно ва мавлоно»1 «Ва қул ҳуваллоҳу аҳадун» ва «Ли лофи Қурайшин» бихонад; ва чун таоми ҳалол ёфта бошад, шукр кунад ва чун аз шубҳат бувад, бигиряд ва андӯҳ хӯрад; ва касе, ки мехӯрад ва мегиряд, на чун касе бувад, ки мехӯрад ва механдад ба ғафлат; ва чун даст шӯяд, ишнон бар дасти чап кунад ва се ангушти рост бишӯяд: аввал бе ишнон, он гаҳ бар ишнон занад ва ба дандону лаб ва ком фароз оварад ва нек бимолад ва ангуштҳоро бишӯяд, он гоҳ даҳан бишӯяд аз ишнон.
[Одоби таом хӯрдан бо дигарон] Ва ин одоб, ки гуфтем, агар танҳо бувад – яъне дар хонаи худ бувад бо аҳлу фарзандони худ – ё бо касе дигар, инҳо нигоҳ бояд дошт, аммо чун бо дигаре хӯрад, ҳафт адаби дигар дарафзояд:
Аввал – он ки даст ба таом фаро набарад, то он гоҳ ки касе, ки бар вай муқаддам бувад дар илм ё дар умр ё дар вараъ ё ба сабабе дигар, даст фаро барад; ва агар муқаддам бувад, дигаронро дар интизор надорад.
Дуввум – он ки хомӯш набошад, ки он сирати аҷам аст, лекин суханҳои хуш бигӯяд, чун ҳикоёти порсоён ва калимоти ҳикмат; валекин беҳуда нагӯяд.
Саввум – он ки ҷониби ҳамкоса нигоҳ дорад, то ба ҳеч ҳол беш аз вай нахӯрад, ки он ҳаром бошад, чун таом муштарак бувад; балки бояд ки исор2 кунад ва беҳтарин пеши вай ниҳад; ва агар рафиқ суст ва оҳиста хӯрад, тақозо кунад, то ба нишот хӯрад ва се бор беш нагӯяд, ки зиёда аз ин ифрот бувад ва илҳоҳ (исрор ва илтимос) ва савганд барнадиҳад, ки таом ҳақиртар аз он аст, ки бад-он сабаб савганд бардиҳад.
Чаҳорум – он ки ҳоҷат наяфканад рафиқро бад-он ки вайро гӯяд:
«бихӯр», лекин мувофиқат кунад, ҳамчунон ки ӯ мехӯрад; ва бояд ки аз
1 Сипос Худойро, ки ба мо хӯрок дод ва об нӯшонд ва аз мо пазироӣ кард ва ба мо ҷойгоҳ ва паноҳгоҳ дод ва Ӯ сардори мо ва соҳиби мост.
2 Дигареро бар худ гузидан ва тарҷеҳ додан.
одати хеш камтар накунад дар хӯрдан, ки он риё бошад; лекин худро дар танҳоӣ баадаб дорад, чунон ки ҳамчунин дар пеши мардумон тавонад хӯрд; аммо агар ба қасди исор камтар хӯрад, некӯ бувад; ва агар зиёда хӯрад, то дигаронро нишот бувад, ҳам некӯ бувад. Ибни ал-Муборак раҳимаҳуллоҳ, чун дарвешонро даъват кардӣ ба хурмо, гуфтӣ: «Ҳар ки беш бихӯрад, ба ҳар дона хурмо, ки зиёда дорад, дираме ба вай диҳам»
ва он гоҳ донаҳо бишумурдӣ, то кӣ беш дорад, ба ҳар яке дираме додӣ.
Панҷум – он ки чашм дар пеш дорад; ва дар луқмаи дигарон нанигарад; ва пеш аз дигарон даст бознагирад, чун дигарон ҳишмат хоҳанд дошт аз вай; ва агар андакхора бувад, даст дар ибтидо кашида дорад, то ба охир ба нишот хӯрдан гирад; ва агар натавонад, узри хеш бигӯяд, то хиҷил нашаванд.
Шашум – он ки чизе, ки дигаронро аз он кароҳият ва нафрат бувад ба табъ, накунад: дар коса даст наяфшонад; ва даҳон фурӯ коса надорад, чунон ки чизе аз даҳон боз гардад ва дар вай афтад; ва чун чизе аз даҳон берун кунад, рӯй бигардонад; ва луқмаи равғанолуда дар сирка назанад; ва луқмае, ки ба дандон пора карда бошад, боз дар коса набарад, ки табъ аз ин ҳама нафрат гирад; ва ҳадиси чизҳои мустақзир (палид ва носозгор бо табъ) нагӯяд.
Ҳафтум – он ки чун даст дар ташт шӯяд, оби даҳон пеши мардумон дар ташт наяфканад; ва касеро, ки мӯҳташам бошад, тақдим кунад; ва агар вайро икром кунанд, қабул кунад; ва аз ҷониби рост гардонанд; ва оби ҷумлаи дастҳо ҷамъ кунанд; ва ҳар обе ҷудо нарезанд, ки ин одати аҷам аст; ва агар ба ҷамъи даст як бор шӯянд, авлотар ва ба тавозӯъ наздиктар; ва об чун аз даҳон берун резад, ба рифқ резад, то обе, ки барҷаҳад, ба касе нарасад; ва касе, ки об бар даст резад, бар пой бувад, авлотар аз он ки нишаста бувад.
Ва дар ҷумла ин одоб ба ахбору осор омадааст. Ва фарқ миёни одамиву баҳима бад-он одоб падид ояд, ки баҳима ба муқтазои табъ хӯрад ва некӯву зишт нашиносад, ки ӯро ин тамиз надодаанд; ва чун одамиро ин тамиз додаанд ва ба кор надорад, ҳаққи неъмату ақлу тамиз нагузорда бошад ва куфрони он неъмат карда бошад.
Фазилати таом хӯрдан бо дӯстон ва бародарони дин Бидон, ки мизбонӣ кардан дӯстеро ба таоме аз бисёрии садақа фозилтар аст, ки дар хабар аст, ки бар се чиз ҳисоб накунанд: бандаро он чи ба суҳур хӯрад; ва он чи бад-он ифтор кунад; ва он чи бо дӯстон хӯрад. Ва Ҷаъфар ибни Муҳаммад гӯяд: «Чун бо бародарон бар хон нишинӣ, шитоб магир, то муддате дароз бикашад, ки он миқдорро аз ҷумлаи умр ҳисоб набошад». Ва Ҳасани Басрӣ гӯяд, ки: «Ҳар чи банда бар хештан ва модару падар нафақа кунад, онро ҳисоб бувад, магар таоме, ки пеши дӯстон барад». Ва баъзе аз бузургон одат доштӣ, ки чун бародаронро хон ниҳодӣ, таоми бисёр бар хон ниҳодӣ ва гуфтӣ: «Дар хабар аст, ки ҳар ки аз таоме хӯрад, ки аз дӯстон монда бувад, дар он ҳисоб накунанд ва мо мехоҳем, ки аз он хӯрем, пас аз ин, ки аз пеши шумо баргирифта бошанд».
Ва амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки: «Як соъ таом пеши бародарон ниҳам, дӯсттар дорам аз он ки бандае озод бикунам».
Ва дар хабар аст, ки: «Ҳақ таъоло гӯяд дар қиёмат: Ё ибни Одам! Дар дунё гурусна шудам, Маро таоме надодӣ. Гӯяд: Илоҳӣ, чӣ гуна гурусна шудӣ ва Ту Худованди ҳама оламӣ? Гӯяд: Бародари ту гурусна буд, агар варо таом додӣ, Маро дода будӣ». Ва расул алайҳиссалом гуфт: «Ҳар ки бародари мусалмонро таому шароб диҳад, то сер шавад, Эзади таъоло варо аз оташ дур гардонад ба ҳафт хандақ, миёни ҳар хандақе понсадсола роҳ». Ва гуфт: «Хайрукум ман атъама-т-таъома» – «Беҳтарини шумо он аст, ки таом бештар диҳад».
Одоби таом хӯрдани дӯстон, ки ба зиёрати якдигар мераванд Бидон, ки чаҳор адаб аст андар ин:
Адаби аввал – Он ки қасд бикунад, ки ба вақти таом дар наздики касе нашавад, ки дар хабар аст, ки: «Ҳар ки қасди таоми касе кунад нохонда, андар омадан фосиқ аст ва дар хӯрдан ҳаромхора». Аммо агар ба иттифоқ фароз расад, бе дастурӣ нахӯрад; ва агар гӯянд: бихӯр – ва донад, ки аз дил намегӯянд – ҳам нахӯрад, ки нашояд, валекин тааллуле кунад ва ба талаттуф даст бидорад. Аммо агар қасд кунад ба хонаи дӯсте, ки бар вай эътимод дорад ва аз дили вай огоҳ бувад, раво бошад, балки миёни дӯстон ин суннат аст. Ва расул алайҳиссалом ва Абӯбакру Умар разийаллоҳу анҳумо дар вақти гуруснагӣ ба хонаи Абӯайюби Ансорӣ ва Абӯҳайсами Аттайҳон шудаанд ва таом хоста. Ва ин ионате бошад мизбонро бар хайр, чун донанд, ки вай роғиб аст.
Ва аз бузургон касе будааст, ки сесаду шаст дӯст доштааст: ҳар шабе ба хонаи яке будӣ; ва кас будааст, ки сӣ дӯст дошта; ва кас будааст, ки ҳафт дӯст дошта: ҳар шабе аз ҳафта ба хонаи яке будӣ. Ва ин дӯстон маълуми эшон будандӣ ба ҷои касбу зиёъ; ва эшон сабаби касби фароғати ибодати ин қавм будандӣ, балки чун дӯсте динӣ афтод, раво бувад, ки агар вай дар хона набошад, аз таоми вай хӯрад. Ва расул алайҳиссалом дар хонаи Барира шуд ва аз таоми вай бихӯрд дар ғайбати вай, чи донист, ки вай бад-ин шод шавад. Ва Муҳаммад ибни Восеъ раҳматуллоҳи алайҳи аз бузургони аҳли вараъ аст, бо асҳоби хеш ба хонаи Ҳасани Басрӣ шудандӣ раҳматуллоҳи алайҳи ва он чи ёфтандӣ, бихӯрдандӣ, чун вай биёмадӣ, бад-он шод гаштӣ. Ва гурӯҳе дар хонаи Суфёни Саврӣ чунин карданд, гуфт: «Ахлоқи салаф ба ёди ман додед, ки эшон чунин карданд».
Адаби дуввум – Он ки моҳазар пеш орад – чун дӯсте ба зиёрати вай ояд – ва ҳеч такаллуф накунад; ва агар надорад, вом накунад ва агар беш аз он набувад, ки аз иёли вай намонад, бигузорад эшонро. Ва касе амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳуро мизбонӣ кард, гуфт: «Ба се шарт оям, ки аз бозор ҳеч наёрӣ; ва аз он чи дар хона аст, ҳеч бознагирӣ; ва насиби иёл тамом ба эшон бигузорӣ». Ва Фузайли Иёз гӯяд, ки: «Мардумон, ки аз якдигар бурида шудаанд, ба такаллуф бурида шудаанд, агар такаллуф аз миён бархезад, устохвор (густохона) якдигарро битавонанд дид». Дӯсте бо яке аз бузургон такаллуф кард, гуфт: «Чун танҳо бошӣ, аз ин нахӯрӣ ва ман танҳо бошам, ҳам нахӯрам, чун гирд оем, чаро бояд ин такаллуф кард? Ё такаллуф аз миён баргир, ё ман омадан дар боқӣ кунам1». Ва Салмон разийаллоҳу анҳу гӯяд: «Моро расул алайҳиссалом фармудааст, ки такаллуф накунем ва аз моҳазар бознагирем2. Ва саҳоба ризвонуллоҳи алайҳим нони пора ва хурмои хушк пеши якдигар бурдандӣ ва гуфтандӣ: «Надонам кадом базаҳкортар аст: он, ки ҳақир дорад онро, ки ҳозир бувад ва фаропеш наёрад, ё он, ки чун пеши вай оранд, ҳақир дорад ва нахӯрад?». Ва Юнус-пайғамбар алайҳиссалом нонпора ва тара, ки вай кишта будӣ, пеши мардумон овардӣ ва гуфтӣ:
«Агар на он аст, ки лаънат кардааст Худои таъоло мутакаллифонро, такаллуф кардаме». Ва қавме хусумате доштанд, Закариё алайҳиссаломро талаб доштанд, то миёнҷии эшон кунад; ба хонаи вай шуданд, варо надиданд ва зане некӯро диданд, аҷаб доштанд, ки вай паямбар аст ва бо чунон зан танаъъум кунад; чун вайро талаб карданд, ҷое муздур буд, вайро ёфтанд, таом мехӯрд ва эшон сухан мегуфтанд; ва вай нагуфт, ки бо ман нон хӯред; ва чун бархост, пои бараҳна берун омад. Эшонро ин
1 Дар боқӣ кардан – мавқуф кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё