Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ин аст ҷумлаи фавоиди никоҳ, ки бад-ин сабаб рағбат бояд кардан дар вай.
[Офоти никоҳ] Ва аммо офоти никоҳ се аст:
Офатиаввал – он ки: бошад ки аз талаби ҳалол оҷиз бувад – хоса дар чунин рӯзгор – ва бошад ки ба сабаби иёл дар шубҳат афтад, ё дар ҳаром ва он сабаби ҳалоки дини вай бувад ва они иёли вай. Ва ҳеч фазилат инро ҷабр накунад, ки дар хабар аст, ки: «Бандаро ба наздики тарозу бидоранд – ва вайро аъмоли некӯ бувад, ҳар яке чанд кӯҳе; пас вайро бипурсанд, ки: «Иёлро аз куҷо нафақа кардӣ?» Ва вайро бад-ин бигиранд, то ҳама ҳасаноти вай бишавад бад-ин сабаб, он гоҳ мунодо кунанд, ки: «Ин он мард аст, ки иёли вай ҷумлаи ҳасаноти вай бихӯрд ва вай гирифтор шуд». Ва дар асар аст, ки: «Аввал касе, ки дар банда овезад ба қиёмат, иёли вай бошад, гӯяд: «Бор Худоё, инсофи мо аз вай биситон, ки моро таоми ҳаром додааст ва мо надонистем ва моро он чи омӯхтанӣ буд, наёмӯхт, то дар ҷаҳл бимондем». Пас ҳар киро моли меросӣ набошад, ё касбе ҳалол набошад, вайро нашояд никоҳ кардан, илло бад-он ки яқин донад, ки агар накунад, дар зино афтад.
Офати дуввум – он ки: қиём кардан ба ҳаққи иёл натавон, илло ба хулқи некӯ ва сабр кардан бар муҳолоти эшон ва эҳтимол кардани ранҷи эшон ва ба тадбири корҳои эшон қиём кардан; ва ин ҳар касе натавонад; ва бошад ки эшонро биранҷонад ва бад-он базаҳкор шавад ё зоеъ фурӯ гузорад. Ва дар хабар аст, ки: «Касе аз иёл бигурезад, ҳамчун бандаи гурехта бошад: намозу рӯзаи вай мақбул набувад, то боз ба наздики эшон наравад». Ва дар ҷумла бо ҳар одамӣ нафсе аст, касе, ки бо нафси хеш барнаёяд, авлотар он бувад, ки дар ӯҳдаи нафси дигаре нашавад.
Бушри Ҳофиро гуфтанд: «Чаро никоҳ накунӣ?» Гуфт: «Аз ин оят метарсам, ки: «Лаҳунна мислу-л-лазӣ ъалайҳинна би-л- маъруфи»1. Ва Иброҳими Адҳам гуфт: «Никоҳ чӣ гуна кунам, ки маро ба зан ҳоҷат нест,
1 Занонро бар мардон ҳақ аст, бад-он сон, ки мардонро бар эшон аст.
занеро ба хештан чун ғарра кунам?»
Офати саввум – он ки: дил ба андеша ва тадбири кори иёл мустағрақ шавад ва аз зикри Худои таъоло ва зикри охират ва сохтани зоди охират ва қиёмат бимонад. Ва ҳар чи туро аз зикри Ҳақ таъоло машғул кунад, он сабаби ҳалоки туст. Ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло: «Ё аййуҳа-л-лазина оману, ло тулҳикум амволукум ва ло авлодукум ъан зикриллоҳи»1. Пас ҳар касеро, ки вайро қуввати он набувад, ки шуғли иёл вайро аз Худои таъоло машғул накунад, чунон ки расул буд алайҳиссалом; ва донад, ки агар никоҳ накунад, ҳамеша бар сари зикр ва ибодат хоҳад буд ва аз ҳаром эмин бошад, никоҳ нокардан вайро фозилтар; ва агар аз зино битарсад, никоҳ вайро фозилтар; ва ҳар ки натарсад, никоҳ нокардан вайро фозилтар, хосса касе, ки бар ҳалол қодир бувад ва бар хулқу шафқати хеш эмин бувад ва донад, ки никоҳ варо аз зикри Ҳақ таъоло машғул нахоҳад кард ва низ бардавом ба зикр машғул бихоҳад буд.
БОБИ ДУВВУМ
Дар кайфияти ақд ва одоби он ва сифоте, ки нигоҳ бояд дошт Аммо шароити никоҳ панҷ аст:
Аввал – валӣ аст, ки бе валӣ никоҳ дуруст набувад ва ҳар ки валӣ надорад, валии вай султон бувад.
Дуввум – ризои зан, магар ки дӯшиза бувад, чун падар вайро бидиҳад ё падари падар, ба ризои вай ҳоҷат набошад; ва ҳам авлотар он бошад, ки бар вай арза кунанд, он гоҳ агар хомӯш бувад, кифоят бувад.
Саввум – ду гувоҳи адл бибояд ки ҳозир бувад ва авлотар он бувад, ки ҷамъе аз аҳли салоҳҳозир шаванд ва бар ду иқтисор накунанд. Пас агар ду мард бошад мастур2, ки фисқи эшон марду занро маълум набошад, никоҳ дуруст бувад.
Чаҳорум – он ки лафзи эҷобу қабул бигӯянд валӣ ва шӯй ё вакили эшон, чунон ки сареҳ бувад; ва лафзи никоҳ ё тазвиҷ ё порсии он бигӯянд; ва суннат он аст, ки валӣ гӯяд – пас аз он ки хутба бархонда бошад: «Бисмиллоҳи ва биллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи, фалонро ба никоҳ ба ту додам ба чандин кобин». Ва шӯй гӯяд, ки: «Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи, ин никоҳ бад-ин кобин пазируфтам». Ва авлотар он бувад, ки
1 Эй касоне, ки гаравидед, мабодо ки амвол ва фарзандонатон шуморо аз ёди Худо машғул дорад!
2 Пӯшида: касе, ки мардумро бар ҳоли ӯ огоҳӣ нест.
занро бинанд пеш аз ақд, то чун биписандад, ақд кунад, ба улфат умедвортар бувад; ва бояд ки қасду нияти вай аз никоҳ фарзанд бошад ва нигоҳ доштани чашму дил аз ношоист; ва мақсуд таматтӯъ ва ҳаво набувад.
Панҷум – он ки зан ба сифате бувад, ик вайро никоҳи вай ҳалол бувад ва қариб бист сифат аст, ки никоҳ бад-он ҳаром бувад:
Чи ҳар зане, ки дар никоҳи дигаре бошад; ё дар иддати дигаре бувад; ё муртад бошад; ё бутпараст бувад; ё зиндиқ бошад, ки ба қиёмат ва Худою расул имон надорад; ё ибоҳатӣ бошад, ки раво дорад занро бо мардон нишастан ва намоз нокардан ва гӯяд, ки моро ин мусаллам аст ва бад-ин уқубат нахоҳад буд; ё тарсо бошад; ё ҷуҳуд – аз насли касоне, ки эшон ҷуҳудӣ ва тарсоӣ пас аз фиристодани расули мо алайҳиссалом гирифта бошанд; ва ё банда бошад ва мард бар кобини зане озод қодир бошад; ва ё аз зино эмин бошад бар хештан; ё дар мулки ин мард бувад ҷумлаи вай ё баъзе аз вай; ё хешованд ва маҳрами мард бувад; ё ба сабаби шир хӯрдан бар вай ҳаром шуда бошад; ё ба мусоҳират (пайванди домодӣ) ҳаром шуда бошад, чунон ки пеш аз ин бо фарзанди вай никоҳ карда бошад; ё бо модар ва ҷаддаи ӯ никоҳ карда бошад ва сӯҳбат низ карда; ё ин зан дар никоҳи падар ё дар никоҳи писари вай буда бошад; ё мард чаҳор зани дигар дорад ҷуз вай ва вай зани панҷум бошад; ё хоҳар ё амма ё холаи вайро ба занӣ дорад, ки ҷамъ кардан миёни эшон нашояд – ва ҳар ду зане, ки миёни эшон хешовандӣ бувад, ки агар яке мард будӣ ва яке зан, миёни эшон никоҳ набастӣ – раво набошад, ки марде миёни эшон ҷамъ кунад; ва ё дар никоҳи вай буда бошад ва се талоқ дода бошад; ё се роҳ хариду фурӯхт карда бошад, то шӯи дигаре накунад, ҳалол нашавад, ё миёни эшон лиъон1 рафта бошад; ё ин зан ё мард муҳрим бувад ба ҳаҷ ё ба умра; ё ин зан ятим бошад ва тифл, ки никоҳи вай нашояд, то болиғ нашавад. Ҷумлаи ин занонро никоҳ ботил бувад.
Ин аст шароити ҳалолӣ ва дурустии никоҳ.
[Сифоти занон дар никоҳ] Аммо сифоте, ки суннат аст нигоҳдошти он дар занон, ҳашт аст:
Сифати аввал
Порсоӣ, ки он асл аст, ки зани нопорсо агар дар мол хиёнат кунад,
1 Якдигарро лаънат карда бошанд; масъалаи фиқҳӣ аст.
кадхудоӣ1 бад-он мушавваш шавад; ва агар дар тан хиёнат кунад: агар мард хомӯш шавад, аз нуқсони ҳамият (ғайрат) ва нуқсони дин бувад ва миёни халқ накӯҳида ва сиёҳрӯй бошад; ва агар хомӯш набошад, айши ҳама мунағғас бувад; ва агар талоқ диҳад, бошад ки ба дил овехта бувад; ва агар бо нопорсоӣ некӯ бувад, ин бало азимтар бувад; ва ҳар гаҳ ки чунин бувад, он беҳтар, ки талоқ диҳад, магар ки ба дил овехта бошад, ки яке гила кард аз нопорсоии зани хеш, расул гуфт алайҳиссалом: «Талоқ деҳ вайро». Гуфт: «Вайро дӯст дорам». Гуфт: «Нигоҳ дор». Чи агар талоқ диҳад, вай низ дар фасод афтад аз паси вай.
Ва дар хабар аст, ки ҳар ки занеро барои ҷамол ё мол бихоҳад аз ҳар ду маҳрум бимонад; ва чун барои дин хоҳад, мақсуди мол ва ҷамол худ ҳосил ояд.
Сифати дуввум
Хулқи некӯст, ки зани бадхӯй носипос бувад ва салита (забондарози бешарм) бувад ва талаби муҳол кунад; ва айш бо вай мунағғас бувад; ва сабаби фасоди дин бувад.
Сифати саввум
Ҷамол аст, ки сабаби улфат он бошад; ва барои ин аст, ки дидор пеш аз никоҳ суннат аст. Расул гуфт алайҳиссалом: «Дар чашми занони ансор чизест, ки дил аз он нафрат гирад, ҳар ки бо эшон никоҳ хоҳад кардан, аввал бибояд нигарист». Ва гуфтаанд: «Ҳар никоҳе, ки пеш аз дидор бувад, охири он андӯҳ ва пушаймонӣ бувад».
Ва он ки расул алайҳиссалом гуфтааст, ки занонро бадин бояд хост, не баҷамол; ва маънӣ он аст, ки ба муҷарради ҷамол набояд хост, бе диёнат; ва маънӣ он нест, ки ҷамол низ нигоҳ набояд дошт. Аммо агар касеро мақсуд аз никоҳ фарзанд бувад ба муҷаррад ва суннати ҷамол нигоҳ надорад – ин бобе бошад аз зӯҳд; Аҳмад ибни Ҳанбал зани якчашмро ихтиёр кард бар хоҳари вай, ки боҷамол буд, ба сабаби он ки гуфтанд, ки ин якчашм оқилтар аст.
Сифати чаҳорум
Он ки кобин сабук бошад. Расул мегӯяд алайҳиссалом ки: «Беҳтарини занон ононанд, ки ба кобин сабуктар бошанд ва ба рӯй некӯтар». Ва кобин гарон кардан макрӯҳ аст; расул алайҳиссалом баъзе аз никоҳҳо ба даҳ дирам кардааст ва фарзандони хешро зиёдат аз чаҳорсад дирам на-
1 Кадхудо: мард ва бузург ва раиси хона аст дар муқобили кадбону, ки зани хона аст.
додааст.
Сифати панҷум
Он ки ақим набошад. Расул мегӯяд алайҳиссалом ки: «Ҳасире дар гӯшаи хона беҳ аз зане, ки назояд».
Сифати шашум
Он ки дӯшиза бувад, ки ба улфат наздиктар бувад ва он, ки шӯй дида бошад, бештар он бувад, ки дили вай бад-он пешин нигарон бувад.
Ҷобир разийаллоҳу анҳу зане хоста буд – саййиба1, расул алайҳиссалом гуфт: «Чаро бикр нахостӣ, то вай бо ту бозӣ кардӣ ва ту бо вай?»
Сифати ҳафтум
Он ки аз насабе мӯҳтарам бошад ва аз насаби дину салоҳ бошад, ки беасл адаб ноёфта бувад ва ахлоқи нописандида дорад; ва бошад ки он хулқ ба фарзанд сироят кунад.
Сифати ҳаштум
Он ки аз хешовандони наздик набувад: дар хабар аст, ки фарзанд аз он заиф ояд, магар сабаб он бошад, ки шаҳват дар ҳаққи хешованд заифтар бувад.
Ин аст сифоти занон.
Аммо валӣ, ки фарзанди худро ба занӣ диҳад, бар вай воҷиб бувад, ки маслиҳати вайро нигоҳ дорад; ва касе ихтиёр кунад, ки шоиста бошад ва аз марди бадхӯву зишт ва оҷиз аз нафақа ҳазар кунад; ва чун куфв (баробар) набошад, никоҳ раво набувад; ва ба фосиқ додан раво набувад; ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки фарзанди хеш ба фосиқ диҳад, раҳими вай қатъ гардад». Ва гуфт: «Ин никоҳ бандагӣ аст; бинигаред, то фарзанди худро бандаи кӣ мегардонед».
БОБИ СЕЮМ
Дар одоби зиндагӣ кардан бо занон
1 Зане, ки дӯшиза ва бикр набошад.
аз аввали никоҳ то ба охир Бидон, ки чун маълум шуд, ки никоҳ асле аст аз усули дин, бояд ки одоби дин дар вай нигоҳ дорад, агар на, фарқ набошад миёни никоҳи одамиён ва гушнии сутурон. Пас дар дувоздаҳ кор адаб нигоҳ бояд дошт:
Адаби аввал
Валима аст; ва ин суннате муаккад аст. Расул алайҳиссалом Абдурраҳмони Авфро гуфт – чун никоҳ карда буд: «Авлим ва лав би шотин» – «Валима кун, агар ҳама ба як гӯсфанд бошад». Ва ҳар ки гӯсфанд надорад, он қадар аз таом, ки пеши дӯстон ниҳанд валима бошад. Расул алайҳиссалом чун Сафияро никоҳ кард, аз писти (орд) ҷав ва хурмо валима кард. Пас он қадар, ки мумкин бошад, бибояд кард – таъзими кори никоҳро; ва бояд ки аз се рӯзи аввал дарнагузаронад; ва агар таъхир афтад, аз ҳафта берун нашавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё