Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Аммо одоби берун омадан
Он аст, ки ба дастурӣ берун ояд; ва мизбон бояд ки то ба дари сарой бо вай берун ояд, ки расул алайҳиссалом чунин фармудааст; ва бояд ки мизбон сухани хуш гӯяд ва кушодарӯй бувад ва меҳмон низ, агар тақсире бинад, даргузорад ва фурӯ пӯшад ба некӯхӯӣ, ки ҳусни хулқ аз бисёрии қурбот фозилтар аст. Дар ҳикоят аст, ки устоди Ҷунайд раҳимаҳуллоҳро кӯдаке бихонд ба даъват, ки падараш карда буд, чун ба дари сарой расиданд, падараш вайро дарнагузошт; вай бозгашт. Дигар бора кӯдак вайро бихонд, бозомад, падар андар нагузошт. Ҳамчунин, то чаҳор бор меомад, то дили кӯдак хуш мешавад ва бозмегашт, то дили падараш хуш мешавад. Ва вай дар миён фориғ ва андар он ҳар радде ва қабуле вайро ибрате буд, ки вай онро аз ҷои дигар медид.
АСЛИ ДУВВУМ
Одоби никоҳ аст
Бидон, ки никоҳ кардан аз ҷумлаи роҳи дин аст, ҳамчун таом хӯрдан, ҳамчунон, ки роҳи динро ба ҳаёт ва бақои шахси одамӣҳоҷат аст – ва ҳаёт бе таому шароб мумкин нест – ҳамчунин ба бақои ҷинси одамӣ ва насли вай ҳоҷат аст; ва ин бе никоҳ мумкин набошад. Пас никоҳ сабаби
1 Ғизое, ки баъд аз меҳмонӣ аз суфра бардоранд ва бо худ бибаранд.
асли вуҷуд аст; ва таом сабаби бақои вуҷуд. Ва мубоҳ кардани никоҳ барои ин аст, на барои шаҳвот, балки шаҳват, ки офаридааст, ҳам барои он офаридааст, то муваккал бошад ва мутақозӣ, то халқро ба никоҳ орад, то соликони роҳи дин дар ҷуд ҳамеоянд ва роҳи дин мераванд, ки ҳама халқ барои дин офаридаанд ва барои ин гуфт: «Ва мо халақту-л-ҷинна ва-л-инса илло ли йаъбудуни».
Ва ҳарчанд одамӣ беш шавад, бандагони ҳазрати Рубубият бештар мешаванд ва уммати Мустафо алайҳиссалом беш мешавад ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Никоҳ кунед, то бисёр шавед, ки ман дар қиёмат мубоҳот кунам ба шумо бо уммати дигар пайғомбарон, то ба кӯдаке, ки аз шиками модар бияфтад, низ мубоҳот кунам». Пас савоби касе, ки саъй кунад, то бандае дарафзояд, то дар роҳи бандагӣ ояд, бузург бувад. Ва барои ин аст, ки ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузург аст, ки падар сабаби вуҷуд аст ва устод сабаби шинохти роҳ аст. Ва бад-ин сабаб гурӯҳе гуфтаанд, ки: «Никоҳ кардан фозилтар аз он ки ба навофили ибодот машғул шудан».
Ва чун маълум шуд, ки никоҳ аз ҷумлаи роҳи дин аст, шарҳи одоби он муҳим бошад. Ва шарҳи он ба шинохтани се боб ҳосил ояд:
Боби аввал дар фавоиду офоти никоҳ.
Боби дуввум дар одоби ақди нигоҳ.
Боби саввум дар одоби маишат ва зиндагонӣ пас аз никоҳ.
БОБИ АВВАЛ
Дар фавоид ва офоти никоҳ
Бидон, ки фазли никоҳ ба сабаби фавоиди вай аст ва фавоиди никоҳ панҷ аст:
[Фавоиди никоҳ] Фоидаи аввал – дар фарзанд аст ва ба сабаби фарзанд чаҳор гуна савоб аст.
Савоби аввал – он ки саъй карда бошад дар он чи маҳбуби Ҳақ таъоло аст аз вуҷуди одамӣ ва таносули вай. Ва ҳар ки ҳикмати офариниш бишиносад, вайро ҳеч шак намонад, ки ин маҳбуби Ҳақ таъоло аст, ки ҳар гоҳ ки Худованд замине, ки зироатро шояд, ба бандаи хеш диҳад ва тухм ба вай диҳад ва ҷуфте гов ва олоти зироат ба вай таслим кунад ва муваккале бо вай фиристад, ки вайро ба зироат медорад, агар банда ҳеч хирад дорад, бидонад, ки мақсуди Худованд аз ин чист, агарчи Худованд ба забон бо вай нагӯяд. Ва Эзади таъоло, ки раҳим биёфарид ва олати мубошират биёфарид ва тухми фарзанд дар пушти мардон ва синаи занон биёфарид ва шаҳватро бар марду зан муваккал кард, бар ҳеч оқил пӯшида намонад, ки мақсуд аз ин чист. Чун касе тухм зоеъ кунад ва муваккалро ба ҳилат аз худ дур кунад, бешак аз роҳи мақсуди фитрат бигардида бошад. Ва барои ин буд, ки салаф ва саҳоба ризвонуллоҳу ъалайҳим аҷмаъин кароҳият доштаанд, ки азаб миранд, то Муозро ду зан фармон ёфт (мурд) дар тоун; ва вайро низ тоун падид омад, гуфт:
«Маро зан диҳед, пеш аз он, ки бимирам, нахоҳам, ки азаб бошам, бимирам».
Савоби дуввум – бад-он, ки саъй карда бошад дар мувофиқати расул алайҳиссалом, то уммати вай бештар шавад, ки бад-он мубоҳот хоҳад кард. Ва барои ин наҳй кардааст аз никоҳи зане, ки ақим (нозой) бувад ва вайро кӯдаке набувад; ва гуфтааст, ки: «Ҳасире дар хона афканда бошад, беҳтар аз зане ақим». Ва гуфтааст, ки: «Зани зиште, ки зоянда бошад, беҳтар аз некӯе ақим». Ва бад-ин маълум шавад, ки никоҳ аз баҳри шаҳват нест, ки зане некӯ мар шаҳватро шоистатар аз зишт.
Савобисеюм – он ки аз фарзанд дуо ҳосил ояд, ки дар хабар аст, ки:
«Аз ҷумлаи хайроте, ки савоби он мунқатеъ нашавад, яке фарзанди солеҳ аст, ки дуои вай пас аз марги падару модар пайваста мебошад ва ба падару модар мерасад». Ва дар хабар аст, ки: «Дуоро бар табақҳои нур бар мурдагон арза мекунанд ва бад-он сабаб осоишҳо меёбанд»; Савобичаҳорум – он бувад, ки фарзанд бошад ки пеш аз падару модар фармон ёбад, то ранҷи он мусибат бикашад ва фарзанд шафеъи вай гардад, расул алайҳиссалом мегӯяд, ки: «Тифлро гӯянд, ки дар биҳишт шав, хешро бар хашму андӯҳ бияфканад ва гӯяд: «Бе падару модар, албатта, дар нашавам». Ва расул алайҳиссалом ҷомаи касе бигирифт ва мекашиду гуфт: «Чунин ки туро мекашам, тифл падару модари хешро ба биҳишт мекашад». Ва дар хабар аст, ки: «Атфол бар дари биҳишт ҷамъ шаванд ва ба як бор фарёд бардоранд ва модару падарро талаб кунанд, то он гоҳ ки эшонро дастурӣ бошад, ки дар миён ҷамъ шаванд ва ҳар кас дасти падару модари хеш гирад ба биҳишт дарорад».
Ва яке аз бузургон аз никоҳҳазар мекард, то шабе ба хоб дид, ки қиёмат бувад ва халқ дар ранҷи ташнагӣ монда ва гурӯҳе атфол қадаҳҳои заррину симин бар даст ва об медоданд гурӯҳеро, пас вай об хост, вайро надоданд, гуфтанд туро дар миёни мо ҳеч фарзанд нест. Чун аз хоб бедор шуд дарвақт никоҳ кард.
Фоидаи дуввум – дар никоҳ он аст, ки дини хешро дар ҳисор кунад ва шаҳватро, ки олати шайтон аст, аз хештан боз кунад; ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом ки: «Ҳар ки никоҳ кард, нимаи дини худро дар ҳисор кард». Ва ҳар ки никоҳ накунад, ғолиб он бувад, ки чашм аз назар ва дил аз васваса нигоҳ натавонад дошт, агарчи фарҷ нигоҳ дорад. Лекин бояд ки никоҳ бар нияти фарзанд бошад, на барои шаҳват, ки маҳбуби Худои таъоло ба ҷой овардан барои фармонро, на чунон бувад, ки барои дафъи муваккалро, ки шаҳват барои он офаридаанд, то мустаҳис (ангезанда, боис) ва мутақозӣ бувад, ҳарчанд дар вай ҳикмате ҳаст. Дигар он ки лаззате азим дар вай ниҳодаанд, то намудори лаззатҳои охират бошад, чунон ки оташ офаридаанд, то ранҷи он намудори оташи охират бошад, ҳарчанд лаззати мубошират ва ранҷи оташ мухтасар бошад дар ҷанби лаззат ва ранҷи охират. Ва Эзадро субҳонаҳу таъоло дар ҳар чи офаридааст, ҳикматҳост ва бошад ки дар як чиз ҳикматҳои бисёр бувад; ва он пӯшида бувад, илло бар бузургони уламо.
Ва расул алайҳиссалом мегӯяд, ки: «Ҳар зане, ки меояд, шайтоне бо вай бошад: чун касеро зане некӯ пеш ояд, бояд ки ба хона равад ва бо аҳли худ сӯҳбат кунад дарвақт, ки занон ҳама баробар бошанд дар ин маънӣ».
Фоидаи саввум – унс бошад ба дидори занон ва роҳате, ки дилро ҳосил ояд ба сабаби муҷоласату мазоҳ (шӯхӣ) бо эшон, ки он осоиш сабаби он бошад, ки рағбати ибодат тоза гардад, ки мувозибат бар ибодат малолат орад ва дил дар он гирифта шавад ва ин осоиш он қувватро бозоварад. Ва Алӣ разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки: «Роҳату осоиш ба як роҳ аз дилҳо боз мегиранд, ки дил аз он нобино шавад». Ва расул алайҳиссалом вақт будӣ, ки андар он мукошифот коре азим бар вай даромадӣ, ки қолаби вай тоқат надоштӣ, даст ба Оиша задӣ ва гуфтӣ:
«Каллиминӣ йо Оиша» – «Бо ман сухан гӯй»; хостӣ, то қуввате диҳад худро, то тоқати кашидани бори ваҳй дорад. Чун вайро боз бад-ин олам додандӣ ва он қувват тамом шудӣ, ташнагии он кор ба вай ғолиб шудӣ, гуфтӣ: «Ариҳно, йо Билолу»1, то рӯй ба намоз овардӣ; ва гоҳ будӣ, ки димоғро ба бӯи хуш қувват додӣ; ва барои ин гуфт: «Ҳуббиба илаййа мин дунйокум салосун: ат-тибу ва-н-нисоу ва қуррату ъайнӣ фӣ-ссалоти»; гуфт: «Се чизро дар ин дунё дӯсти ман сохтаанд: бӯи хуш ва за-
1 Моро осоиш деҳ, эй Билол (Билол барои намози пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам азон мегуфтааст).
нону намоз»; валекин тахсис намозро фурӯ намуд, ки мақсуд он аст, ки гуфт: «Рӯшноии чашми ман дар намоз аст». Ва бӯи хушу занон осоиши тан аст, то қуввати он бояд ки ба намоз расад ва қурратулъайн (равшании чашм), ки дар вай аст, ҳосил кунад.
Ва барои ин буд, ки расул алайҳиссалом аз ҷамъи моли дунё манъ мекард, Умар гуфт разийаллоҳу анҳу: «Пас, аз ин ҷо чӣ чиз гирем?» Гуфт:
«Ли йаттахиза аҳадукум лисонан зокиран ва қалбан шокиран ва завҷатан мӯъминатан». Гуфт: «Забони зокир ва дили шокир ва зани порсо»; занро қарини шукру зикр кард.
Фоидаичаҳорум – он бувад, ки зан темори хона бидорад ва кори рӯфтану пухтан ва шустан кифоят кунад, ки агар мард бад-ин машғул шавад, аз илму амал ва ибодат бозмонад; ва бад-ин сабаб зан ёр бувад дар роҳи дин. Ва бад-ин сабаб аст, ки Бӯсулаймони Доронӣ гуфта, ки:
«Зани нек аз дунё нест, ки аз охират аст», яъне, ки туро фориғ дорад, то ба кори охират пардозӣ. Ва Умар мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Пас аз имон ҳеч неъмат нест бузургтар аз зани шоиста».
Фоидаи панҷум – он ки сабр кардан бар ахлоқи занон ва кифоят кардани муҳиммоти эшон ва нигоҳ доштани эшон бар роҳи шаръ, ҷуз ба муҷоҳидате тамом натавон кард. Ва он муҷоҳидат аз фозилтарин ибодот аст. Ва дар хабар аст, ки: «Нафақа кардан бар иёл аз садақа фозилтар».
Ва бузургон гуфтаанд, ки: «Касби ҳалол барои фарзанд ва иёл кори абдол аст (мардони Худой). Ва Ибни ал-Муборак дар ғазв (ҷанг, ҷиҳод) буд, бо табақае аз бузургон, касе пурсид, ки: «Ҳеч амал ҳаст фозилтар аз ин, ки мо бад-он машғулем?» Гуфтанд, ки: «Ҳеч чиз фозилтар аз ин намедонем». Ибни ал-Муборак гуфт: «Ман медонам: касе, ки вайро иёлу фарзандон бошад ва эшонро дар салоҳ бидорад ва ба шаб аз хоб бедор шавад, эшонро бараҳна бинад, ҷома бар эшон бипӯшад; он амали вай аз ин фозилтар». Ва Бушри Ҳофӣ гуфт, ки: «Аҳмади Ҳанбалро се фазилат аст, ки маро нест: яке он ки вай ҳалол талаб кунад барои хеш ва барои иёл ва ман барои худ талаб кунаму бас». Ва дар хабар аст, ки: «Аз ҷумлаи гуноҳон гуноҳе аст, ки ҷуз ранҷи иёл кашидан каффорати он набошад».
Ва якеро аз бузургон зан фармон ёфт, ҳарчанд никоҳ бар вай арза карданд, қабул накард, гуфт: «Дар танҳоӣ дил ҳозиртар ва ҳимматро ҷамътар меёбам»; шабе ба хоб дид, ки дарҳои осмон кушода будӣ ва гурӯҳи мардон аз паси якдигар фурӯ меомаданд ва дар ҳаво мерафтанд, чун ба вай расиданд, яке гуфт: «Ин он марди майшум (номуборак) аст»; дуввум гуфт: «Оре». Саввум гуфт: «Ин он марди майшум аст». Чаҳорум гуфт: «Оре». Ва тарсид аз ҳайбати эшон, ки бипурсидӣ, то бозпасини эшон писаре буд, вайро гуфт: «Ин майшум киро ҳамегӯянд?» Гуфт: «Туро пеш аз ин ибодоти ту дар ҷумлаи аъмоли муҷоҳидон ба осмон меоварданд, акнун як ҳафта аст, то аз ҷумлаи муҷоҳидон берун кардаанд, надонам, то чӣ кардаӣ?» Чун аз хоб бедор шуд, дар ҳол никоҳе кард, то аз ҷумлаи муҷоҳидон бошад.

пешина
аз 176
навбатӣ