Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Он гоҳ чун инзол кард, сабр кунад, то занро низ инзол афтад, ки расул гуфтааст алайҳиссалом: «Се чиз аҷзи мард бошад: яке он ки касеро бинад, ки вайро дӯст дорад ва номи вай маълум накунад; дуввум он ки бародаре вайро каромат кунад, он каромат рад кунад; саввум: пеш аз он ки ба бӯса ва муониқа машғул шавад, сӯҳбат кунад ва он гоҳ ки ҳоҷати вай раво шавад, сабр накунад, то ҳоҷати зан низ раво шавад». Ва аз амирулмӯъминин Алӣ ва Муовия ва Абӯҳурайра ривоят кардаанд, ки сӯҳбат дар шаби нахустини моҳ ва шаби бозпасин ва шаби нима кароҳият аст, ки шаётин дар ин шабҳо ҳозир оянд ба вақти сӯҳбат. Ва бояд ки дар ҳоли ҳайз хештан аз сӯҳбат нигоҳ дорад. Аммо бо зани ҳоиз бараҳна хуфтан раво бошад ва пеш аз ғусли ҳайз низ нашояд. Ва чун як бор сӯҳбат кард ва дигар бора хоҳад кард, бояд ки хештан бишӯяд. Ва агар ҷунуб чизе хоҳад хӯрд, бояд ки таҳорати кеҳин (вузӯ) бикунад ва чун бихоҳад хуфтан, низ вузӯ кунад, агарчи ҷунуб бошад, ки суннат чунин аст. Ва пеш аз ғусл мӯю нохун боз накунад, то бар ҷинобат аз вай ҷудо нашавад. Ва авлотар он аст, ки об ба раҳим расонад ва боз нагирад. Ва агар азл кунад, дуруст он аст, ки ҳаром набошад. Ва марде аз расул алайҳиссалом пурсид, ки маро канизаке аст ходима ва намехоҳам, ки обистан шавад, ки аз кор бимонад. Гуфт, «Азл кун, ки агар тақдир карда бошад, фарзанд худ падид ояд». Пас аз он биёмад, ки фарзанд падид омад. Ва Ҷобир мегӯяд: «Кунно наъзилу ва-л-Қуръони йанзилу» – «Мо азл мекардем ва ваҳй меомад ва моро наҳй накарданд».
Адаби ёздаҳум
Дар омадани фарзанд аст. Бояд ки чун фарзанд омад, дар гӯши рости вай бонги намоз кунад ва дар гӯши чап қомат кунад, ки дар хабар аст, ки ҳар ки чунин кунад, кӯдак аз бемории кӯдакон эмин шавад. Ва вайро номи некӯ кунад ва дар хабар аст, ки: «Дӯсттарин номҳо назди Худои таъоло Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон ва Абдурраҳим ва чунин номҳост»; ва кӯдак агарчи аз шикам бияфтад, суннат аст варо ном ниҳодан. Ва ақиқа3 суннате муаккад аст: духтарро ба як гӯспанд ва писарро ба ду гӯспанд ва
1 Худоё, шайтонро аз мо дур кун ва шайтонро аз он чи рӯзии мо кардаӣ, дур соз.
2 Сипос Худойро, ки аз об одамӣ офарид, пас ӯро гардонид соҳиби насаб ва пайванди домодӣ.
3 Гӯспанде, ки дар ҳангоми тарошидани мӯи сари фарзанди тоза ба дунё омада, қурбонӣ мекунанд.
агар яке бувад ҳам, рухсат аст. Ва Оиша разийаллоҳу ъанҳо гуфтааст, ки:
«Устухони ақиқаро набояд шикаст». Ва суннат он аст, ки: чун фарзанд биёяд, шириние ба коми вай бибояд дар кардан; ва рӯзи ҳафтум мӯи вай бибояд сутурдан ва ҳамсанги мӯй зар ё сим садақа додан. Бояд ки ба сабаби духтар кароҳат нанамояд ва ба писар шодии бисёр накунад, ки надонад, ки беҳӣ дар кадом аст ва духтар муборактар бувад ва савоб дар вай бештар бувад; ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки вайро се духтар бувад ё се хоҳар, ранҷи эшон бикашад ва шуғли эшон бисозад, Худои таъоло ба сабаби раҳми вай бар эшон ва бар вай раҳмат кунад». Яке гуфт: «Ё расулуллоҳ агар ду дорад?». Дигаре гуфт: «Агар яке дорад?».
Гуфт: «Агар яке дорад низ». Ва низ расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки як духтар дорад, ранҷур аст ва ҳар ки ду дорад, гаронбор аст, ҳар ки се дорад, эй мусалмонон, вайро ёрӣ диҳед, ки вай бо ман дар биҳишт ҳамчун ду ангушт бошад» яъне наздик. Ва гуфт: «Ҳар ки аз бозор навбовае (чизи навдаромада, меваи наврасида) харад ва ба хона барад, ҳамчун садақае бошад ва бояд ки ибтидо ба духтар кунад, он гоҳ ба писар, ки ҳар духтареро шод кунад, ҳамчунон бувад, ки аз бими Худой бигириста бувад ва ҳар ки аз бими Худои таъоло бигиряд, тани вай бар оташ ҳаром бувад».
Адаби дувоздаҳум
Он, ки то битавонад, талоқ надиҳад, ки Худои таъоло аз ҷумлаи мубоҳот талоқро душман дорад; ва дар ҷумла ранҷонидани касе мубоҳ нашавад, илло ба зарурате. Чун ҳоҷат афтад ба талоқ, бояд ки яке беш надиҳад, ки се ба як бор макрӯҳ аст.
Ва дар ҳоли ҳайз талоқ додан ҳаром аст ва дар ҳоли покӣ, ки сӯҳбат карда бошад, ҳам ҳаром бувад. Ва бояд ки узре орад дар талоқ – бар сабили талаттуф; ва ба хашму истихфоф талоқ надиҳад; он гоҳҳадяе диҳад вайро, ки дили вай бад-он хуш шавад ва сирри зан бо ҳеч кас нагӯяд. Ва пайдо накунад, ки ба чи айб талоқ медиҳад. Якеро пурсиданд, ки занро чаро талоқ медиҳӣ? Гуфт: «Сирри зани хеш ошкоро натавон кард». Чун талоқ дод, гуфтанд: «Чаро талоқ додӣ?» Гуфт: «Маро бо зани касон чӣ кор, то ҳадиси вай кунам».
– ФАСЛ –
[Ҳаққи шӯй бар зан] Ин ки гуфта омад, ҳаққи зан аст бар шӯй. Аммо ҳаққи мард азимтар аст бар зан, ки вай ба ҳақиқат бандаи мард аст; ва дар хабар аст, ки:
«Агар суҷуд ҷуз Худойро раво будӣ, занонро суҷуд фармудандӣ барои мардон».
Ҳаққи мард бар зан он аст, ки дар хона бинишинад; ва бе дастурии вай берун нашавад; ва ба дару бом нашавад; ва бо ҳамсоягон мухолатату ҳадиси бисёр накунад; ва бе зарурате дар наздики эшон нашавад; ва аз шӯи хеш ҷуз некӯӣ нагӯяд; ва устохие, ки миёни эшон бошад – дар муоширату сӯҳбат – ҳикоят накунад; ва бар ҳама кор бар муроду шодии вай ҳарис бошад; ва дар моли вай хиёнат накунад; ва шафқат нигоҳ дорад; ва чун дӯсти шӯи вай дар бикӯбад, чунон ҷавоб бигӯяд, ки вайро нашиносад; ва рӯй аз ҷумлаи ошноёни шӯи хеш пӯшида дорад, то вайро бознадонанд; ва бо шӯй бад-он чи бувад, қаноат кунад ва зиёдатӣ талаб накунад; ва ҳаққи вай аз ҳаққи хешовандон муқаддам дорад; ва ҳамеша хештан покиза дорад – чунон чи сӯҳбату муоширатро бишояд; ва ҳар хидмате, ки ба дасти хеш битавонад кард, бикунад; ва бо шӯй ба ҷамоли хеш фахр накунад; ва ба некӯие, ки аз вай дида бошад, носипосӣ накунад; ва нагӯяд, ки ман аз ту чӣ дидаам? Ва ҳар замоне бе сабабе талаби хариду фурӯхт накунад ва талоқ нахоҳад, ки расул мегӯяд алайҳиссалом: «Дар дӯзах нигаристам, бештар занонро дидам, гуфтам: «Чаро чунин аст?»
Гуфтанд: «Зеро ки лаънат бисёр кунанд ва аз шӯи хеш носипосиву гила кунанд».
АСЛИ СЕЮМ
Дар одоби касб ва тиҷорат аст
Чун дунё манзилгоҳи роҳи охират аст ва одамиро ба қуту пӯшиш ҳоҷат аст ва он бе касби одамӣ мумкин нест, бояд ки одоби касб бишиносад, ки ҳар ки ҳамагии худ ба касби дунё машғул кунад, бадбахт аст ва ҳар ки ҳамагии худ ба охират диҳад, некбахт аст. Валекин мӯътадилтарин он аст, ки ҳам ба маош машғул шавад, ҳам ба маод, лекин бояд ки мақсуд маод бувад ва маош барои фароғати маод дорад. Ва мо он чи донистанӣ аст, аз аҳком ва одоби касб, дар панҷ боб баён кунем, иншоа-л-Лоҳу таъоло.
Боби аввал – Дар фазилат ва савоби касб.
Боби дуввум – Дар шартҳои муомилат, то дуруст бувад.
Боби саввум – Дар нигоҳ доштани инсоф дар муомилот.
Боби чаҳорум – Дар некӯкорӣ, ки варои инсоф бошад.
Боби панҷум – Дар нигоҳ доштани шафқати дин бо муомилот ба ҳам.
БОБИ АВВАЛ
Дар фазилат ва савоби касб
Бидон, ки худро ва иёли худро аз рӯи халқ бениёз доштан ва кифояти эшон аз ҳалол касб кардан, аз ҷумлаи ҷиҳод аст дар роҳи дин ва аз бисёрии ибодот фозилтар аст, ки рӯзе расул алайҳиссалом бо асҳоб нишаста буд, барное (ҷавоне) боқувват, бомдоди пагоҳ бар эшон бигузашт ва ба дукон мешуд. Саҳоба гуфтанд: «Дареғо, агар ин пагоҳ хостан дар роҳи дин будӣ!» Расул алайҳиссалом гуфт, ки: «Чунин магӯед, ки агар аз барои он меравад, то худро аз рӯи халқ бениёз дорад, ё падару модари худро ё фарзанду аҳли худро, вай дар роҳи Худои таъоло аст; ва агар аз барои тафохуру лоф (зиёдаталабӣ) ва тавонгарӣ мешавад, дар роҳи шайтон аст». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки дунёи ҳалол талаб кунад, то аз халқ бениёз шавад ва ё бо ҳамсояву хешовандон некӯӣ кунад, рӯзи қиёмат меояд ва рӯи вай чун моҳи шаби чаҳордаҳ бувад». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Бозаргони ростгӯй рӯзи қиёмат бо сиддиқон ва шаҳидон бархезад». Ва гуфт: «Худои таъоло мӯъмини пешаварро дӯст дорад». Ва гуфт: «Ҳалолтарин чиз касби пешавар аст, чун насиҳат ба ҷой орад». Ва гуфт: «Тиҷорат кунед, ки рӯзии халқ аз даҳ нӯҳ дар тиҷорат аст». Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки дари суол бар худ кушода кунад, Худои таъоло ҳафтод дари дарвешӣ бар вай кушода кунад». Ва Исо алайҳиссалом мардеро дид, гуфт: «Ту чӣ кор кунӣ?» Гуфт: «Ибодат кунам». Гуфт: «Қут аз куҷо хӯрӣ?» Гуфт: «Маро бародаре аст, ки вай қути ман рост дорад». Гуфт: «Пас бародарат аз ту обидтар аст!» Ва Умар гӯяд разийаллоҳу анҳу, ки: «Даст аз касб бозмадоред ва магӯед: Худои таъоло рӯзӣ диҳад, ки Худои таъоло аз осмон зару сим нафиристад». Ва Луқмон фарзанди худро васият карду гуфт: «Даст аз касб бозмадор, ки ҳар ки дарвеш ва ҳоҷатманд шавад ба халқ, дини вай танг шавад ва ақли вай заиф ва муруввати вай ботил шавад ва халқ ба чашми ҳақорат бад-ӯ нигаранд». Ва якеро аз бузургон пурсиданд, ки: «Обид фозилтар ё бозаргони боамонат?» Гуфт: «Бозаргони боамонат, ки вай дар ҷиҳод аст, ки шайтон аз роҳи тарозу ва додану ситадан қасди вай кунад; ва вайро хилоф мекунад». Ва Умар гуфт: «Ҳеч ҷой, ки маро марг ояд, дӯсттар аз он надорам, ки дар бозор бошам ва барои иёли хеш талаби ҳалол кунам». Ва Аҳмад ибни Ҳанбалро пурсиданд, ки: «Чӣ гӯӣ дар марде, ки дар масҷид бинишинад ба ибодат ва гӯяд: «Худои таъоло рӯзӣ падид орад?» Гуфт: «Он марде ҷоҳил бошад ва шаръе намедонад, ки расул мегӯяд алайҳиссалом:
Худои азза ва ҷалла рӯзии ман дар сояи найзаи ман бастааст, яъне ғазо кардан».
Ва Авзоъӣ, Иброҳими Адҳамро дид бо ҳузмаи (пуштаи) ҳезум бар гардан ниҳода, гуфт: «То кай хоҳад буд ин касби ту? Бародарони ту ин касб аз ту кифоят кунанд». Гуфт: «Хомӯш, ки дар хабар аст, ки: ҳар ки дар мавқифи мазаллат (пастиву хорӣ) биистад дар талаби ҳалол, биҳишт вайро воҷиб шавад».
Суол – агар касе гӯяд, ки: «Расул алайҳиссалом мегӯяд: Мо увҳийа илаййа ани-ҷмаъи-л-мола ва кун мина-т-тоҷирина, локин увҳийа илаййа ан: саббиҳ би ҳамди Раббика ва кун мина-с-соҷидина ва-ъбуд Раббака, ҳатто йаътика-л-йақину. Гуфт: «Маро нагуфтанд мол ҷамъ кун ва аз бозаргонон бош, балки гуфтанд: тасбеҳ кун ва аз соҷидон бош ва ибодат кун Худойро таъоло, то ба охири умр. Ва ин далел аст бар он, ки ибодат аз касб фозилтар аст».
Ҷавоб он аст, ки: «Бидонӣ, ки ҳар ки кифояти хеш ва иёли хеш дорад, бехилоф вайро ибодат аз касб фозилтар; ҳар касбе барои зиёдат аз кифоят бувад, дар вай ҳеч фазилат набувад, балки нуқсон бувад ва дил дар дунё бастан бошад. Ва ин сари ҳама гуноҳон аст. Ва он кас, ки мол надорад, валекин кифояти вай аз моли масолеҳу авқоф ба вай меравад, вайро касб нокардан авлотар. Ва ин чаҳор касро бошад: ё касеро, ки ба илме машғул бувад, ки халқро аз он манфиати динӣ бувад, чун улуми шариат, ё манфиати дунёӣ, чун илми тиб; ё касе, ки ба вилояти қазо ва авқофу масолеҳи халқ машғул бувад; ё касе, ки вайро дар ботин роҳе бошад ба мукошифоти сӯфиён; ё касе, ки ба аврод ва ибодати зоҳир машғул бувад дар хонақоҳ, ки вақф бошад. Пас чунин мардумонро касб нокардан авлотар. Пас агар қути эшон аз дасти мардумон хоҳад буд ва рӯзгоре бувад, ки мардумон дар чунин хайр роғиб бошанд, бе он ки суол ҳоҷат ояд ва миннате қабул бояд кардан, ҳам касб нокардан авлотар, ки касе будааст аз бузургон, ки вайро сесаду шаст дӯст будааст, ҳамеша ба ибодат машғул будӣ ва ҳар шабе меҳмони яке будӣ. Ва сабаби ин ибодат дӯстони вай будандӣ, ки вайро фориғ доштандӣ. Ва ин сабабе бувад, ки дари хайр бар халқ кушода гардонад. Ва касе будааст, ки вайро сӣ дӯст будааст, дар моҳе ҳар шабе наздики яке будӣ. Аммо чун рӯзгор чунон бувад, ки мардумон бе суол кардан ва мазаллат эҳтимол кардан рағбат накунанд дар кифояти вай, касб кардан авлотар, ки суол аз ҷумлаи фавоҳиш аст ва ба зарурат ҳалол шавад, магар касе, ки дараҷаи вай бузург бувад – илми вайро фоидаи бисёр бувад ва мазаллати вай дар талаби қут андак бувад. Он гоҳ бошад ки гӯем: касб нокардан авлотар мар вайро. Ва аммо касе, ки аз вай ҷуз ибодати зоҳир наёяд, вайро касб авлотар, ки ҳақиқати ҳама ибодот зикри Ҳақ таъоло аст ва дар миёни касб дил бо Худои таъоло тавон дошт.

пешина
аз 176
навбатӣ