Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

БОБИ ДУВВУМ
Дар илми касб кардан, то ба шарти шаръ бувад Бидон, ки ин боб дароз бувад ва ҷумлаи ин дар кутуби фиқҳ гуфтаем.
Аммо дар ин китоб он миқдор, ки ҳоҷат бад-он ғолиб бувад, бигӯем, чандон, ки ҳар ки ин бидонад, агар чизе мушкил шавад, битавонад пурсид. Ва ҳар ки ин надонад, худ дар ҳаром ва рибо афтад ва надонад, ки ҳаме бибояд пурсид.
Ва ғолиби касб бар шаш муомилат гардад: байъ ва рибо ва саламу иҷорат ва қироз ва ширкат. Пас ҷумлаи шароити ин уқуд бигӯем.
Ақди аввал
Байъ аст
Ва илми байъ ҳосил кардан фариза аст, ки ҳеч касро аз ин чора набошад. Ва Умар разийаллоҳу анҳу дар бозор шудӣ ва дарра мезадӣ ва мегуфтӣ: «Ҳеч кас мабод, ки дар ин бозор муомилат кунад, пеш аз он ки фиқҳи байъ биёмӯзад, агар на, дар рибо афтад, агар хоҳад ва агар не». Ва бидон, ки байъро се рукн аст: яке харидор ва фурӯхтгор, ки онро оқид гӯянд; дуввум охириён (асбоб ва матоъу коло) ва коло ки онро маъқуд алайҳ гӯянд; сеюм лафзи «байъ».
Рукни аввал – оқид аст
Бояд, ки бозорӣ бо панҷ тан муомилат накунад: кӯдаку девона ва бандаву нобино ва ҳаромхор. Аммо кӯдак, ки болиғ набувад: байъи вай наздики Шофеӣ ботил бувад, агарчи ба дастурии валии вай бувад. Ва девона ҳамчунин: ҳар чи аз эшон биситонад, дар замони вай бувад, агар ҳалок шавад ва ҳар чи бо эшон диҳад, бар эшон товон набошад, ки вай зоеъ карда бошад, ки бо эшон дод. Ва аммо банда: хариду фурӯхти вай бе дастурии худованди вай ботил бувад ва раво набувад қассобу баққол ва нонвову ғайри эшонро, ки бо банда муомилат кунанд, то он гоҳ ки аз хоҷа дастурӣ нашавад, ё касе, ки адл бувад, хабар диҳад, ё дар шаҳр маъруф шавад, ки вай маъзун аст. Пас агар бе дастурӣ чизе аз вай биситонад бар вай товон бувад, агар ба вай диҳад, товон натавонад ситад, то он гоҳ, ки банда озод нашавад. Ва аммо нобино: муомилати вай ботил бувад, магар ки вакиле бино кунад, аммо он чи биситонад бар вай товон бувад, ки вай мукаллаф ва озод аст. Ва аммо ҳаромхор, чун золимону дуздон ва касоне, ки рибо диҳанд ва хамр фурӯшанду ғорат кунанд ва мутрибиву навҳагарӣ кунанд ва гувоҳии дурӯғ диҳанду ришват ситонанд:
бо ин ҳама муомилат кардан раво набувад. Пас агар кунад, агар ба ҳақиқат донад, ки мулки вай нест, ботил бувад, агар дар шак бувад, нигоҳ кунад: агар бештари моли вай ҳалол аст ва он чи ҳаром аст, камтар аст, муомилат дуруст бувад ва аз шубҳат холӣ набувад; ва агар бештар ҳаром асту камтар ҳалол, дар зоҳир муомилат ботил накунем; валекин ин шубҳате бошад ба ҳаром наздик ва хатари ин бузург бувад.
Аммо ҷуҳуд ва тарсо: муомилати эшон дуруст бувад, валекин бояд ки Мусҳаф ва бандаи мусалмон ба эшон нафурӯшад; ва агар аҳли ҳарб бошанд, силоҳ ба эшон нафурӯшад, ки ин муомилат бар зоҳири мазҳаб ботил бувад ва вай осӣ шавад. Аммо агар ибоҳатиён ва зиндиқ бошанд, муомилат бо эшон ботил бувад ва ҳукми эшон ҳукми муртаддон бувад.
Ва ҳар ки бо хамр хӯрдан ва бо занони номаҳрам нишастан ва намоз нокардан раво дорад, ба шубҳате аз он ҳафт шубҳат, ки дар унвони мусалмонӣ гуфтаем – вай зиндиқ бувад ва муомилату никоҳи вай набандад.
Рукни дуввум – мол бувад
Ки бар вай муомилат кунанд ва дар вай шаш шарт нигоҳ бояд дошт:
Шарти аввал
Он ки палид набувад, ки байъи сагу хук ва саргину (наҷосат, фузулот) устухони пил ва хамр ва гӯшт ва равғани мурдор ботил бувад. Аммо равғани пок бад-он, ки наҷосат дар вай афтад, байъ ҳаром нашавад; ва ҷумлаи палид ҳамчунин. Аммо нофаи мушк ва тухми кирми қаз (кирми абрешим) раво бувад, ки дуруст он аст, ки ин ҳар ду пок аст.
Шарти дуввум
Он аст, ки дар вай манфиате бошад, ки он мақсуди байъ бувад: байъи мушу мор ва каждуму ҳашароти замин ботил бувад; ва манфиате, ки мушаъбадро1 дар мор бувад, асле надорад; ва байъи як дона гандум ё чизе дигар, ки бо андаке чунон бувад, ки дар вай ғарази дуруст наёяд, ҳам ботил бувад; аммо байъи гурба ва занбӯр ва юз ва шеру гургу ҳар чи дар пӯст ё дар вай манфиате бувад, раво бувад; ва байъи тутак (тӯтӣ) ва товусу мурғони некӯ раво бувад ва манфиати эшон роҳати дидор ва овози эшон бувад; ва байъи барбат ва чангу рубоб ботил бувад, ки ин манфиатҳо ҳаром аст, ҳамчун маъдум бувад; ва суратҳо, ки аз гил карда бошанд, то кӯдакон бад-он бозӣ кунанд, ҳар чи сурати ҷонварон дорад, байъи он ботил бувад ва баҳои он ҳарому шикастани он воҷиб; аммо сурати дарахту набот раво бувад, аммо табақу ҷома, ки бар вай сурат бувад, байъи вай дуруст бувад ва аз он ҷома фарш кардан раво бувад ва пӯшидан раво бувад бо кароҳият.
Шарти сеюм
Он ки мол мулки фурӯшанда бошад: ҳар ки моли дигаре фурӯшад, ботил бувад, агарчи шӯй бувад ё падар бувад ё фарзанд – пас агар бифурӯшад, пас аз он дастурӣ диҳад ҳам, дуруст нагардад, ки дастурӣ аз аввал бояд.
Шарти чаҳорум
Он ки чизе фурӯшад, ки қодир бувад бар таслим – байъи бандаи гурехта ва моҳии дар обу мурғи дар ҳаво ва бача дар шиками асбу об дар пушти гушн (нар) ботил бувад, ки таслими ин дар дасти вай набувад дар ҳол. Ва байъи пашм бар пушти ҳайвон ва шир дар пистон ҳам ботил бувад, ки ба таслим кардан омехта гардад ба шире, ки нав падид ояд. Ва байъи чизе, ки гарав карда бошанд бе дастурии муртаҳин (гаравгузоранда) ботил бувад, ки таслими вай раво набувад. Ва байъи канизаке, ки модари фарзанд шуда бошад, ботил бувад, ки таслими вай раво набувад. Ва байъи канизаке, ки фарзанди хурд дорад, бе фарзанд, ё байъи фарзанд бе модар ботил бувад, ки ҷудо кардан миёни эшон ҳаром бувад.
Шарти панҷум
Он ки айни коло ва миқдори он ва сифати вай маълум бошад:
Аммо донистани айн он бошад, ки гӯяд: «Гӯсфанде аз ҷумлаи ин рама ё карбосе аз ҷумлаи ин карбосҳо – он, ки ту хоҳӣ – ба ту фурӯхтам»; ин
1 Ҳуққабоз, касе, ки барои ҷалби манфиат морро ба мардум намоиш медиҳад.
ботил бувад, балки бояд ки худованд бо ишорат бозфурӯшад; ва агар гӯяд: «Даҳ газ аз ин замин ба ту фурӯхтам, аз ҳар ҷониб, ки хоҳӣ» ин ботил бошад.
Аммо донистани миқдор он ҷо бояд ки айн ба чашм бинад, чунон ки гӯяд: «Ба ту фурӯхтам ба чандон ки фалон ҷомаи хеш фурӯхтааст, ё ба ҳамсанги фалон чиз зар ё сим» ва миқдори он надонад; аммо агар гӯяд: «ин гандум ба ту фурӯхтам бад-ин кафи зар ё сим» ва мебинад, раво бувад.
Аммо донистани сифат бад-он ҳосил ояд, ки бибинад; он чи надида бошад, ё дида бошад аз рӯзгори дароз – ва дар мисли он рӯзгор он чиз мутағаййир шавад – байъи он ботил бувад; байъи тузӣ (ҷомаи катон) дар палосу ҷомаи навашта (печида) ва гандум дар хӯша ботил бувад. Ва чун канизаке харад бояд ки мӯи сар ва дасту пой ва он чи одати наххос аст, ки арза кунад, бибинад; агар баъзе бинад, байъ ботил бувад. Аммо байъи ҷавзу бодому боқлӣ ва нору хояи мурғ дуруст раво бувад, агарчи ба пӯст пӯшида бувад, ки маслиҳати ин чизҳо он бувад, ки чунин фурӯшанд; ва байъи боқилии тару ҷавзи тар ҳар ду дар пӯст раво бувад, барои ҳоҷатро; ва байъи фуқоъ (навъе қорч, дунбалон) ботил бувад, ки пӯшида аст, лекин хӯрдани вай ба дастурӣ раво бувад.
Шарти шашум
Он ки ҳар чи харида бувад, то қабз накунад, байъи он дуруст набувад:
бояд ки аввал дар дасти вай ояд, он гоҳ боз бифурӯшад.
Рукни сеюм – ақд аст
Ва аз лафзи он чора нест; бояд ки бигӯяд бар забон, ки: «Ин ба ту фурӯхтам» ва харидор гӯяд: «Харидам», ё: «Ин ба ту додам», вай гӯяд:
«Ситадам» ё «Пазируфтам» ё лафзе, ки маънии байъ мафҳум шавад аз вай – агарчи сареҳ набувад. Пас агар лафз дар миён набувад пеш аз додан ва ситадан, раво набошад. Чунон ки одат аст, авлотар он аст, ки дар муҳаққарот инро байъ ниҳем – барои рухсатро, ки ин ғолиб шудааст ва мазҳаби Абӯҳанифа раҳматуллоҳи алайҳи ин аст ва гурӯҳе аз асҳоби Шофеӣ низ инро қавле махраҷ1 ниҳодаанд дар мазҳаби шофеӣ. Ва бар ин фатво додан баид нест се сабабро: яке он, ки ҳоҷат бад-ин ом шудааст; дуввум он, ки гумон чунон аст, ки дар рӯзгори саҳоба ризвонуллоҳи алайҳим аҷмаъин ҳамин одат будааст: чи агар такаллуфи лафз мӯътод будӣ, бар эшон душвор будӣ ва нақл кардандӣ ва пӯшида намондӣ; сав-
1 Мақсуд ин аст, ки аз ҳадис истихроҷ шудааст.
вум он, ки муҳол нест феълро ба ҷои қавл ниҳодан – чун одат гардад – чунон ки дар ҳадя маълум аст, ки он чи ба назди саҳоба ва расул бурдандӣ саллаллоҳу алайҳи ва разийаллоҳу анҳум, такаллуфи эҷоб ва қабул набудӣ. Ва дар ҳама рӯзгорҳо чунин будааст. Ва чун бе лафзе тамаллук ҳосил ояд он ҷо, ки ивазе нест, ба ҳукми одат ва муҷарради феъл, он ҷо, ки ивазе бувад ҳам, муҳол набувад. Валекин дар ҳадя фарқ набудааст миёни андаку бисёр – дар одат. Аммо дар байъ чизе, ки қиматӣ бошад, одати байъ будааст ба лафз, чун: зиёъу (замину об) банда ва сарою сутуру ҷомаи қиматӣ. Дар чунин чизҳо чун ба лафз байъ накунанд, аз одати салаф берун бувад, мулк ҳосил наёяд.
Аммо нону гӯшт ва меваву чизҳои андак, ки пароканда харад – андар ин рухсат додан ба ҳукми одат ва ҳоҷат ваҷҳе дорад. Ва миёни муҳаққарот ва чизҳои қиматӣ дараҷот бошад, ки бидонанд, ки аз муҳаққарот аст ё на. Ва андар ин ҳеч тақдире натавон кард, лекин чун мушкил шуд, роҳи эҳтиёт бояд сипард.
Ва бидон, ки агар касе, масалан, хирвори гандум гирад ва байъ накунад, ин аз муҳаққарот набошад ва бе байъ мулки вай нашавад. Аммо хӯрдани он ва тасарруф кардан дар он ҳаром набувад, ки ба сабаби таслими вай ибоҳат ҳосил ояд, агарчи мулк ҳосил наёяд. Ва агар касеро меҳмон кунаду он диҳад, ҳам ҳалол бувад: чи таслими мулк далел аст ба қаринаи ҳол бар он ки варо мулк кардааст, валекин ба шарти иваз. Ва агар сареҳ бигуфтӣ, ки ин таом ба меҳмони хеш деҳ, он гоҳ товон боздеҳ, раво будӣ ва товон воҷиб будӣ: чун феъл бад-ин далел кард, ҳам ин ҳосил ояд. Пас байъ нокардан далел бар он кунад, ки мулк шавад, то агар хоҳад, ки ба касе бифурӯшад, натавонад ва агар худованд хоҳад, ки бозситонад – пеш аз он ки бихӯрад – тавонад: ҳамчун таоме, ки пеши меҳмоне бар хон ниҳода бошад.
Ва бидон, ки байъ бад-он шарт дуруст бувад, ки бо вай шарти дигар накунад: агар гӯяд: «Ин ҳезум харидам ба шарти он, ки ба хонаи ман барӣ»; ё «Ин гандум харидам ба шарти он, ки орд кунӣ ё маро чизе фом (вом, қарз) диҳӣ»; ё шарти дигар кунад, байъи он ботил шавад, магар шаш шарт: яке он, ки бифурӯшад, ки фалон чиз гарав кунад ба вай; ё гувоҳ баргирад; ё фалон кас пояндонӣ (замонат) кунад; ё баҳои муаҷҷал (ваъдадор, дорои вақту муддати муайян) кунад ва нахоҳад, то вақте маълум; ё ҳар дуро ихтиёр бувад дар фасх то се рӯз ё кам аз он, аммо беш аз се рӯз раво набувад; ва ё ғуломе фурӯшад ба шарти он, ки дабир бувад ё пешае донад: ин шартҳо байъро ботил накунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё