Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Рукни сеюм
Он ки ҳисбат бар вай бувад
Ва шарти вай он аст, ки мукаллаф бувад, то феъли вай маъсият бувад ва ӯро ҳурмате набошад, ки монеъ бувад, чун падар, ки ҳурмати вай монеъ бувад аз ҳисбат кардани ба дасту истихфоф. Аммо девона ва кӯдакро
1 Ҳаққи тақаддуме, ки барои шарики мулке дар мавқеъи фурӯши он мулк мавҷуд аст.
2 Яъне хатое дар эътиқодиёт (мисли халқи Қуръон ва ҷуз он) ба қатъ маълум шавад, вале дар масоили фиқҳ аз қабили никоҳ ва ҷуз он, хато ба қатъ маълум нашавад.
аз фавоҳиш манъ кунем – чунон ки гуфтем – валекин инро ном ҳисбат набувад, балки агар сутурро бинем, ки ғаллаи мусалмонон мехӯрад, манъ кунем, барои нигоҳдошти моли мусалмонон. Валекин ин воҷиб набувад, магар он гоҳ ки осон бувад ва зиёне ҳосил наёяд, барои ҳаққи мусалмонӣ, чунон ки агар моли касе зоеъ хоҳад шуд ва ӯро шаҳодате бошад ва роҳ дур набошад, бар вай воҷиб бувад гувоҳӣ барои ҳаққи мусалмонон.
Аммо чун оқил моли касе итлоф кунад, ин зулм бувад ва маъсият, агарчи дар вай ранҷе бошад, ҳисбат бояд кард, ки аз маъсият даст бидоштан ва манъ кардан беранҷ набошад ва лобуд бибояд кашид, магар ки ранҷе бувад, ки тоқати он надорад ва аз он оҷиз ояд. Ва мақсуд аз ин ҳисбат кардан изҳори шаоири ислом аст. Пас таҳаммули ранҷ дар ин воҷиб аст, масалан, агар ҷое хамр бисёр бувад ва то он бирезад, монда хоҳад шуд, воҷиб ояд; ва агар гӯсфандони бисёр ғаллаи мусалмоне мехӯранд ва чун гӯсфандонро аз ғалла берун мекунад, рӯзгори вай табоҳ мешавад, нашояд ки рӯзгори худ дар ивази моли касе дигар барбод диҳад, аммо воҷиб бувад, ки дар ивази дин бидиҳад ва аз маъсият манъ кунад.
Ва дар ҳисбат низ ҳама ранҷе таҳаммул кардан воҷиб наёяд, ки дар он низ тафсиле аст. Ва тафсил он аст, ки агар оҷиз бувад, маъзур бувад ва ҷуз инкор ба дил воҷиб наёяд. Аммо агар оҷиз набувад, валекин тарсад, ки вайро бизананд ва ё донад, ки аз сухани вай фоидае нахоҳад буд, инро чаҳор сурат аст:
Яке он ки донад, ки вайро бизананд ва аз маъсият даст надоранд, бар вай воҷиб набувад, валекин мубоҳ бувад, ки ба даст ё ба забон эҳтисоб кунад ва бар захм сабр кунад, балки бар ин савоб ёбад, ки дар хабар аст, ки: «Ҳеч шаҳид аз он фозилтар нест, ки бар султони золим ҳисбат кунад ва вайро бикушанд».
Дуввум он ки донад, ки маъсият манъ тавонад кард ва ҳеч бим набувад: қодири мутлақ ин бувад ва агар накунад, осӣ бошад.
Сеюм он ки маъсият даст бинадоранд, валекин ӯро тавонанд зад – ҳисбат кардан ба забон воҷиб бувад, барои таъзими шаръро, ки чунон ки аз инкор ба дил оҷиз нест, аз инкор ба забон ҳам, ки сухани вай шояд бишунаванд, оҷиз нест.
Чаҳорум он ки маъсиятро ботил тавонад кард, валекин ӯро бизананд, чунон ки санге бар қароба ё хунб (хум) ва рубобу чанг занад ва бишиканад, ин воҷиб наёяд, лекин дар ҳисбат кардан, агар ӯро биранҷонанд, он ранҷ кашидан ва сабр кардан фозилтар. Агар касе гӯяд, ки: Худой мефармояд: «Ва ло тулқу биайдикум ила-т-таҳлукати» – «Хештан дар таҳлука маяфканед», ҷавоб он аст, ки: Ибни Аббос мегӯяд, ки: «Мол нафақа кунед дар роҳи Худой, то ҳалок нашавед» ва Бароъ ибни Озиб мегӯяд разийаллоҳу анҳу: «Маънӣ он аст, ки: «Гуноҳ кунад ва он гоҳ гӯяд:
тавбаи ман қабул накунанд». Ва Абӯубайда гӯяд: «Маънӣ он аст, ки:
«Гуноҳ кунад ва пас аз он ҳеч хайр накунад».
Ва бар ҷумла раво бувад, ки як мусалмон хештанро бар саффи куффор занад ва ҷанг мекунад, то кушта шавад, агарчи хештанро дар таҳлука афканда бошад, лекин чун дар он фоида бошад, ки ӯ низ касеро бикушад, то дили куффор шикаста шавад ва гӯянд, ки мусалмонон ҳама ҳамчунин диловар бошанд, дар ин савоб бошад. Аммо агар нобиное ё оҷизе худро бар саф занад, раво набувад, ки ин худро бефоида ҳалок кардан бувад.
Ва ҳамчунин, агар ҳисбат ҷое кунанд, ки вайро бизананд ва биранҷонанд ва маъсият даст бинадоранд ва бар он салобат (сахтӣ), ки вай фаронамояд, дарде ва шикасте дар дили фосиқон падид нахоҳад омад ва касеро рағбати хайре нахоҳад буд, ҳам нашояд, ки зараре эҳтимол кардан бе фоидае, раво набувад.
Ва дар ин қоида ду ишкол аст: яке он ки бисёр аст ва ҳароси ӯ аз баддилӣ ва гумони бад бувад1; ва дигар он ки бошад ки аз задан натарсад, лекин аз ҷоҳу мол ва ранҷи хешон тарсад. Аммо дар аввал он аст, ки агар ба ғолиби занн донад, ки ӯро бизананд, маъзур бошад ва агар ғолиби занн он бувад, ки назананд, ҳаргиз дар ин маъзур набошад, ки ин эҳтимолу гумони бад ҳаргиз барнахезад. Ва агар дар шак бувад, мӯҳтамил бувад, ки гӯем: ҳисбат воҷиб аст ба яқин ва ба шак барнахезад; ва бошад ки гӯем: ҳисбат худ ҷое воҷиб ояд, ки ғолиби саломат бувад.
Аммо ишколи дигар он аст, ки зараре, ки бошад, гоҳ бувад, ки бар мол бувад ё бар ҷоҳ ё бар тан ё бар хешон ва шогирдон; ё бими он бошад, ки забон бад-ӯ дароз кунанд, ё бими он бувад, ки дари фоидаи динӣ ва дунёӣ бар вай баста ояд; ва ақсоми ин бисёр аст ва ҳар якеро ҳукме аст.
Ва он чи дар ҳаққи худ тарсад, ду қисм аст:
Яке он ки тарсад, ки чизе дар мустақбал ҳосил наояд; чунон ки агар бар устод ҳисбат кунад, дар таълими ӯ тақсир кунад; ва агар бар табиб ҳисбат кунад, илоҷи ӯро темор надорад; ва агар бар хоҷа ҳисбат кунад, идрори ӯ бозгирад ва ё чун вайро коре афтад, ҳимоят накунад. Ин ҳама он аст, ки бад-ин маъзур набошад, ки ин зараре нест, балки ҳароси фавт шудани зиёдатӣ аст дар мустақбал. Аммо агар дар вақте бувад, ки бад-он мӯҳтоҷ бошад; чунон ки бемор бувад ва табиб ҷомаи абрешимин дорад,
1 Яъне ба воситаи камдилӣ хаёл мекунанд, ки агар ҳисбат кунад, ӯро хоҳанд зад.
агар ҳисбат кунад, назди ӯ наёяд; ва ё дарвеш ва оҷиз бувад ва қуввату таваккул надорад ва як кас бувад, ки ӯро нафақа медиҳад, агар ҳисбат кунад, бозгирад; ё дар дасти шарире монда бошад ва як тан бувад, ки ӯро ҳимоят медорад, ин ҳоҷатҳо дар вақт аст, баид набувад агар ӯро бад-ин узрҳо рухсат диҳем дар хомӯшӣ, ки ин зарар дар вақт зоҳир аст. Валекин ба аҳвол бигардад ва ин ба андеша ва иҷтиҳод тааллуқ дорад, бояд ки дини худро назар кунад ва эҳтиёт ба ҷой орад, то бе зарурат аз ҳисбат даст бинадорад.
Қисми дуввум он бувад, ки тарсад, ки чизе, ки ҳосил аст, фавт шавад, чунон ки мол фавт шавад, бад-он ки донад, ки мол биситонанд ва сарои ӯ хароб кунанд, ё саломат фавт шавад, ки бизананд, ё ҷоҳ фавт шавад бад-он, ки масалан, бараҳна ба бозораш баранд, агар тарсад, дар ин ҳама маъзур бувад. Аммо агар бар чизе тарсад, ки дар мурувват (обрӯ) қадҳ накунад, лекин таҷаммул ва руунатро зиён дорад, чунон ки пиёда ба бозор баранд ва нагузоранд, ки ҷомаи таҷаммул пӯшад, ё дар рӯи ӯ сухани дурушт гӯянд, ин ҳама зиёдатии ҷоҳ бувад ва ба чунин асбоб маъзур набошад, ки мувозибат бар чунин корҳо маҳмуд нест дар шаръ, аммо ҳифзи мурувват маҳмуд аст дар шаръ. Аммо агар аз он тарсад, ки ӯро айб кунанд ва забон дароз кунанд ва душман гиранд ва дар корҳо ӯро мутобиат накунанд, шак нест, ки ин узре набошад, ки ҳеч ҳисбат аз ин холӣ набувад, магар он маъсияти ғайбат бувад ва донад, ки агар ҳисбат кунад, даст аз он бинадоранд ва ӯро низ ғайбат кардан гиранд ва дар маъсият дарафзоянд, он гоҳ дар ин узр раво бувад.
Аммо агар аз ин маонӣ тарсад дар ҳаққи пайвастагон ва хешони худ, чун зоҳиде, ки донад, ки ӯро назананд ва мол надорад, ки биситонанд, лекин ба интиқоми ӯ хешону муттасилони ӯро биранҷонанд, ӯро нашояд ҳисбат кардан, чи зарар дар ҳаққи худ шояд ва дар ҳаққи дигарон нашояд; балки нигоҳ доштани ҳуқуқи эшон ҳаққи дин бувад; ва ин низ муҳим бошад.
Рукни чаҳорум
Чигунагии эҳтисоб аст
Бидон, ки ҳисбатро ҳашт дараҷа аст:
Аввал донистани ҳол; он гаҳ таъриф кардан он касро; он гоҳ панд додан; он гоҳ сухани дурушт гуфтан; он гоҳ ба даст тағйир кардан; он гоҳ ба захм бим кардан ва таҳдид кардан; он гоҳ силоҳ бар кашидан; ва ёварон хостан; ва ҳашр кардан (ҷамъият ҷамъ кардан); ва дар ин тартиб нигоҳ доштан воҷиб аст.
Дараҷаи аввал донистани ҳол аст: бояд ки аввал ба яқин ва таҳқиқ бидонад, ки бе таҷассус зоҳир бошад; ва аз дару бом гӯш надорад; ва аз ҳамсоягон суол накунад; ва агар чизе дар зери доман доранд, даст фароз накунад, балки он гоҳ ки овози рӯд шунавад; ё бӯи хамр шунавад; ё бинад, он гоҳҳисбат кунад. Ва агар ду адл ӯро хабар диҳанд, қабул кунад; ва раво бошад, ки бе дастурӣ ба хона шавад ба қавли ду адл, аммо ба қавли як адл он авлотар, ки нашавад, ки сарои мулки ӯст ва ба қавли як адл ҳаққи мулки аввал ботил нашавад. Ва гӯянд, ки нақши ангуштарии Луқмон ин буд, ки: «Пӯшидани он чи дидӣ ба аён (зоҳир, ошкоро), авлотар аз расво кардан ба гумон».
Дараҷаи дуввум таъриф аст, ки бошад, ки касе коре кунад ва намедонад, ки нашояд, ки рустоие дар масҷид намоз кунад ва рукӯъу суҷуд тамом ба ҷой наёварад, ё дар кафши ӯ наҷосат бувад ва надонад, агар донистӣ, ки ин намоз дуруст нест, худ накардӣ, пас ӯро бибояд омӯхт. Ва адаби он ин аст, ки ба лутф омӯзад, то ӯ ранҷур нашавад, ки ранҷонидани мусалмон бе зарурате нашояд. Ва ҳар киро чизе биёмӯхтӣ, ӯро ба ҷаҳлу нодонӣ сифат кардӣ ва айби ӯ фарочашми ӯ доштӣ; ва ин ҷароҳатро бемарҳаме эҳтимол натавон кард. Ва марҳам он бувад, ки узре фаропеш дорӣ ва гӯӣ, ки: «Ҳар ки аз модар бизояд, олим набувад; лекин биёмӯзад. Ва ҳар ки надонад, тақсире бувад, ки аз модару падар ва устод бошад. Магар ки дар ноҳияти шумо касе нест, ки ба шумо омӯзад?» Ва ба ин ва амсоли ин дили ӯ хуш кунад. Ва ҳар ки чунин накунад, то касе биранҷад ва масали ӯ чун касе бувад, ки хун аз ҷома ба бавл мешӯяд; ё хоҳад, ки хайре бикунад ва шарре карда бошад!
Дараҷаи сеюм ваъзу насиҳат бувад – ба рифқ, на ба унф, ки чун донад, ки ҳаром аст, дар таъриф фоида набувад, тахфиф бояд кард ва лутф дар ин он бошад, ки, масалан, чун касе ғайбат мекунад, гӯяд: «Кист аз мо, ки дар вай айбе нест, пас ба хештан машғул будан авлотар!» Ё хабаре бархонад дар ғайбат.
Ва ин ҷо офате азим аст, ки аз он саломат наёбад, илло касе, ки муваффақ бувад, чи дар насиҳат кардан ду шараф аст: яке он ки иззи илм ва вараъи хеш изҳор кунад; дигар иззи таҳаккум ва улувви рифъати худ бар он кас намудан. Ва ин ҳар ду аз дӯстии ҷоҳ хезад; ва ин табъи одамӣ аст ва ғолиб он бошад, ки ӯ пиндорад, ки ваъз медиҳад ва тоати шаръ медорад ва ба ҳақиқат тоати шаҳвату ҷоҳ доштааст ва маъсият, ки бар вай рафтааст, аз он чи он кас мекунад, бошад ки батар бувад ва бояд ки ба худ назар кунад, агар тавбаи он кас аз сари насиҳати дигаре дӯсттар дорад, аз он ки аз насиҳати ӯ; ва насиҳати худро кореҳ аст, худ насиҳат ӯро мусаллам аст; ва агар он дӯсттар дорад, ки ба қавли ӯ даст бидорад, бояд ки аз Худой тарсад. Чи бими он аст, ки бад-ин насиҳат ба худ даъват мекунад, на ба ҳаққ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё