Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Довуди Тоиро гуфтанд: «Чӣ гӯӣ, ки касе дар назди султон шавад ва ҳисбат кунад?» Гуфт: «Тарсам, ки ба тозиёна бизанандаш». Гуфтанд:
«Қуввати он дорад». Гуфт: «Тарсам, ки бикушандаш». Гуфтанд: «Қуввати он дорад». Гуфт: «Тарсам аз он иллати азимтарин ва он уҷб аст».
Бӯсулаймони Доронӣ гуфт: «Бар фалон халифа инкор хостам кард ва донистам, ки бикушад ва аз он натарсидам, валекин мардумон бисёр буданд, тарсидам, ки халқ маро бинанд дар он сидқу салобат ва он назари халқ дар дили ман ширин шавад, он гоҳ беихлос кушта шавам!»
Дараҷаи чаҳорумсухани дурушт гуфтан аст; ва дар ин ду адаб аст: яке он ки то ба талаттуф метавонад гуфт ва кифоят бувад, дурушт нагӯяд; ва дигар он ки фаҳш нагӯяд ва ҷуз рост нагӯяд ва ҷуз золиму фосиқ ва аҳмақ нагӯяд, ки ҳар ки маъсият кунад, аҳмақ бувад, ки расул гуфт алайҳиссалом: «Зирак он аст, ки ҳисоби худ баргирад ва сӯи марг менигарад; ва аҳмақ он бувад, ки аз паси ҳавои худ шавад ва хештанро ишва диҳад (гӯл занад) ва умед дорад, ки аз ӯ даргузаранд». Ва сухани дурушт он вақт раво бувад, ки донад, ки фоидае хоҳад дод, чун донад, ки фоида накунад, рӯй турш кунад ва ба чашми ҳақорат ба вай нигарад ва аз ӯ эъроз кунад.
Дараҷаи панҷумтағйир кардан ба даст; ва дар ин ду адаб аст: яке он ки то тавонад он касро фармояд, ки тағйир кунад, масалан, ӯро гӯяд, то дарзи ҷомаи дебо боз кунад ва аз замини ғасб берун шавад ва хамр бирезад ва аз фарши дебо бархезад ва агар ҷунуб аст, аз масҷид берун шавад.
Адабидуввум он ки агар аз ин оҷиз ояд, вайро берун кунад; ва адаби ин он аст, ки вайро бар камтарин иқтисор кунад: чун даст тавонад гирифт, ки берун кунад, риш нагирад ва пой нагирад ва накашад; чун чанг бинад, бишиканад ва реза-реза накунад; ва дарз оҳиста боз кунад, то бинадарад; ва ҷои шароб нашиканад – агар тавонад, ки бирезад – ва агар натавонад, раво бошад, ки санге бар ӯ бизанад ва бишиканад; ва ҳаққи он мол ботил шавад ва агар обгинае сартанг бошад ва агар ба рехтан машғул шавад, ӯро бигиранд ва бизананд, раво бувад, ки бишиканад ва ба як сӯ шавад; ва дар ибтидои таҳрими хамр фармудаанд ба шикастани ҷои хамр, валекин он мансух аст; ва низ гуфтаанд, ки он авоние (зарфҳо) бувад, ки ҷуз хамрро нашояд; аммо имрӯз бе узре шикастани он раво набувад; ва ҳар ки бишиканад, бар ӯ товон бувад.
Дараҷаи шашумтаҳдид бошад, чунон ки гӯяд: «Бирез он хамрро вагарна сиратро бишиканам ва бо ту чунин ва чунин кунам»; ва ин он вақт раво бувад, ки бад-ин ҳоҷат ояд ва ба лутф бинарезад. Ва адаби ин ду чиз бувад:
Яке он ки ба чизе таҳдид накунад, ки раво набошад, чунон ки гӯяд:
«ҷомаи ту бидарам» ва «хонаи ту биканам» ва «зану фарзанди туро биранҷонам»; ва дигар он гӯяд, ки тавонад кард, то дурӯғ набошад ва нагӯяд: «бар дор кунам» ва «гардан бизанам» ва монанди ин; ин ҳама дурӯғ бувад; аммо агар муболиғате зиёдат кунад аз он ки азм дорад ва донад, ки аз он ҳаросе ҳосил ояд, барои ин маслиҳатро шояд, чунон ки агар миёни ду тан сулҳ хоҳад дод, агар зиёдат ва нуқсоне роҳ ёбад дар сухан, раво бувад.
Дараҷаи ҳафтумзадан бошад ба даст ва ба пою ба чӯб; ва ин раво бувад ба вақти ҳоҷат ва ба қадри ҳоҷат. Ва вақти ҳоҷат он бувад, ки даст аз маъсият бинадорад бе захм, чун даст бидошт, захм нашояд, ки уқубат пас аз маъсият таъзир (танбеҳ, навъе муҷозоти шаръӣ) бошад ва ҳадд; ва ҷуз салотинро нарасад. Ва адаби ин он аст, ки то задан ба даст кифоят бувад, ба чӯб назанад ва бар рӯй назанад ва агар кифоят нашавад, раво бувад, ки шамшер баркашад. Ва агар касе даст дар зане зада бошад ва даст аз вай надорад, илло аз бими теғ, раво бувад, ки теғ бараҳна кунад; ва агар миёни ӯ ва мӯҳтасиб ҷӯе бувад, тир бар камон ниҳад ва гӯяд:
«Даст бидор, вагарна бизанам!» Он гоҳ агар даст бинадорад, бизанад, лекин бояд ки даст фаро рон ва соқ дорад ва аз ҷое, ки бохатар бувад, ҳазар кунад.
Дараҷаи ҳаштумон ки агар мӯҳтасиб танҳо басанда наёяд, ҳашр кунад ва мардум фароҳам орад ва ҷанг кунад; ва бошад ки фосиқон низ қавме ҷамъ созанд ва ба қитол адо кунад. Гурӯҳе гуфтаанд: «Чун чунин бувад, бе дастурии султон нашояд – чун аз ин фитна хезад ва ба қитол адо кунад». Ва гурӯҳе гуфтаанд: «Чунон ки раво бувад, ки гурӯҳе бе дастурии имом ба ғазои куффор шаванд, раво бувад, ки ба ҷанги фосиқон раванд ва мӯҳтасибро низ, агар бикушанд, шаҳид бувад».
Одоби мӯҳтасиб
Бидон, ки мӯҳтасибро аз се хислат чора нест: илм ва вараъ (парҳезкорӣ, тарс аз Худо) ва ҳусни хулқ, ки чун илм надорад, мункар аз маъруф бознашиносад; ва чун вараъ набувад, агарчи шиносад, кор ба ғараз кунад; ва чун хулқ некӯ набувад, чун ӯро биранҷонанд ва хашми ӯ барояд, Худойро фаромӯш кунад ва бар ҳадд бинаистад; ва он чи кунад, ба насиби нафс кунад, на ба насиби ҳаққ; он гоҳҳисбати ӯ маъсият гардад.
Ва аз ин буд, ки амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу кофире бияфканд, то бикушад, вай оби даҳон дар вай пошид, бозгашт ва накушту гуфт: «Хашмгин шудам, тарсидам, ки барои Худои таъоло накушта бошам». Ва Умар разийаллоҳу анҳу якеро дарра бизад, он кас дашном дод; дигараш назад, гуфтанд: «Чаро тақсир кардӣ?» Гуфт: «То ин замон ӯро ба ҳақ задам, акнун ки ӯ дашном дод, агар бизанам, ба қаҳр зада бошам».
Ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом: «Ҳисбат накунад, илло марде, ки фақеҳ (олим) бувад бад-он чи фармояд ва дар он чи наҳй кунад ва ҳалим бувад дар он чи бифармояд ва дар он чи наҳй кунад ва рафиқ бувад дар он чи фармояд ва дар он чи наҳй кунад». Ва Ҳасани Басрӣ гӯяд:
«Ҳар чи бихоҳи фармуд, бояд ки аввал фармонбардор ту бошӣ, ки бадон кор кунӣ». Ва ин аз адаб аст, аммо шарт нест, ки расул алайҳиссаломро пурсиданд, ки амри маъруф ва наҳйи мункар накунем, то аввал ҳама ба ҷой наёварем? Гуфт: «Не, агар ҳама ба ҷой наёварда бошед, ҳисбат бозмагиред!»
Ва аз одоби мӯҳтасиб он аст, ки сабур бошад ва тан дар ранҷ дардиҳад, ки Худои таъоло мегӯяд: «Ва-ъмур би-л-маъруфи ва-нҳа ъани-л-мункари ва-сбир ъало мо асобака»1. Ва ҳар ки ба ранҷ сабр натавонад кард, ҳисбат натавонад кард.
Ва аз одоби муҳим яке он аст, ки андакалоиқ ва кӯтоҳтамаъ бувад, ки ҳар ҷо тамаъ омад, ҳақиқат ботил шуд. Яке аз он машоих одат доштӣ, ки ҳар рӯз аз қассобе ғудад фиристодӣ барои гурба, як рӯз мункаре дид аз қассоб, аввал ба хона омад ва гурбаро берун кард, он гоҳ бар қассоб ҳисбат кард, қассоб гуфт: «Модом, ки ғудад мехоҳӣ, эҳтисоб натавонӣ кард». Гуфт: «Ман аввал гурба берун кардам, он гоҳ ба ҳисбат омадам».
Ва ҳар ки хоҳад, ки мардумон ӯро дӯст доранд ва бар ӯ сано гӯянд ва аз ӯ хушнуд бошанд, ҳисбат натавонад кард. Каъби Ахбор ба Абӯмуслими Хӯлонӣ гуфт: «Ҳоли ту дар миёни қавми ту чӣ гуна аст?» Гуфт: «Некӯ».
Гуфт: «Дар Таврот мегӯянд, ки ҳар ки ҳисбат кунад, ҳоли ӯ дар миёни қавми ӯ зишт бувад». Гуфт: «Таврот рост мегӯяд, ки ҳисбат кунад ҳар ки, ҳамчунин бувад ва Абӯмуслим дурӯғ мегӯяд».
Ва бидон, ки асли ҳисбат он аст, ки мӯҳтасиб андӯҳгин бувад барои он осӣ, ки бар ӯ он маъсият меравад ва ба чашми шафқат нигарад ва ӯро ҳамчунон манъ кунад, ки касе фарзанди худро ва рифқ нигоҳ дорад. Яке
1 Ба маъруф бифармо ва аз мункар боздор ва ба ҳар он чи расадат, шикебо бош.
бар Маъмун ҳисбат кард ва сухани зишт гуфт, гуфт: «Эй ҷавонмард, Худой беҳтар аз ту ба батар аз ман фиристоду гуфт: «Сухани нарм гӯ». Ва Мӯсо ва Ҳорунро алайҳимоссалом бар Фиръавн фиристоду гуфт: «Фа қуло лаҳу қавлан лаййинан» – «Сухани нарм гӯед», то бошад, ки қабул кунад, балки бояд ки ба расул иқтидо кунад, ки барное ба наздики вай омаду гуфт: «Ё расулуллоҳ, маро дастурӣ деҳ, то зино кунам». Ёрон ҳама бонг бароварданд ва қасди ӯ карданд, расул гуфт: «Даст бидоред». Ӯро наздики худ нишонд – чунон ки зону ба зону боздод – ва гуфт: «Ё ҷавонмард, ту раво дорӣ, ки касе бо модари ту ин кунад?» Гуфт: «Не».
Гуфт: «Мардумон низ раво надоранд». Ва гуфт низ: «Раво дорӣ, ки бо духтари ту кунад?» Гуфт: «Не». Гуфт: «Мардумон низ раво надоранд». Ва гуфт: «Раво дорӣ, ки касе бо хоҳари ту кунад?» Гуфт: «Не». Гуфт: «Раво дорӣ, ки касе бо аммаи ту ва холаи ту чунин кунад?». Ва як-як баршумурд, гуфт: «Не». Расул гуфт: «Мардумон низ раво надоранд». Пас расул даст ба дили ӯ фуруд овард ва гуфт: «Бор Худоё, дили ӯ пок гардон ва фарҷи ӯро нигоҳ дор ва гуноҳи ӯро биёмурз». Мард бозгашт ва ҳеч чиз бар ӯ душмантар аз зино набуд.
Ва Фузайл ибни Иёзро гуфтанд, ки Суфён ибни Уяйна хилъати султон меситонад, гуфт: «Ӯро дар байтулмол ҳақ беш аз он аст». Пас ӯро дар хилват насиҳат кард, Суфён гуфт: «Ё Боалӣ, агарчи мо аз ҷумлаи солеҳон наем, лекин солеҳонро дӯст дорем». Ва Силат ибни Ашим нишаста буд бо шогирдон, яке бигузашт ва эзор дар замин мекашид – чунон ки одати мутакаббирони араб бошад ва он манҳӣ (наҳйшуда) аст – асҳоби ӯқасд карданд, ки бо ӯ дуруштӣ кунанд, гуфт: «Хомӯш бошед, ки ман ин кифоят кунам». Овоз дод, ки ё бародар, маро бо ту ҳоҷате аст, гуфт: «Чист?»
Гуфт: «Он ки эзор бартар гирӣ». Гуфт: «Неъма ва кароматан (бисёр хуб, аз бузургвории шумо мамнунам). Пас шогирдонро гуфт: «Агар ба дуруштӣ гуфтаме, гуфтӣ, ки нахоҳам кард; ва дашном низ додӣ!»
Ва марде даст дар зане зада буд ва корде кашида буд ва ҳеч кас заҳраи он надошт, ки ба наздики вай бишавад; ва он зан фарёд мекард. Пас Бушри Ҳофӣ бигузашт, чунон ки китфи ӯ ба китфи он мард бозомад, мард бияфтод ва аз ҳуш бирафт ва арақ аз ӯ рафтан гирифт; ва зан халос ёфт.
Ӯро гуфтанд: «Туро чӣ шуд?» Гуфт: «Надонам! Марде ба ман бигузашт ва тани ӯ ба ман бозомад; ва оҳиста гуфт: «Худой мебинад, ки куҷоӣ ва чӣ мекунӣ». Аз ҳайбати ин сухан аз пой даромадам». Гуфтанд: «Он Бушри Ҳофӣ буд». Гуфт: «Оҳ ки аз хиҷолат дар рӯи ӯ натавонам нигарист». Ва дарҳол ӯро таб гирифт ва беш аз як ҳафта назист.
Боби сеюм
Дар мункарот, ки ғолиб аст дар миёни мардум Бидон, ки дар ин рӯзгор олам пур аз мункарот аст; ва халқ навмед шудаанд, ки ин салоҳ пазирад; ва ба сабаби он ки бар ҳама қодир наанд аз он чи қодиранд, низ муъризанд (дурикунанда). Касоне, ки аҳли динанд, чунинанд; аммо аҳли ғафлат худ бад-он розианд! Ва раво набошад, ки бад-он чи бинӣ, хомӯш бошӣ. Ва мо ба ҳар ҷинсе аз он ишорат кунем, ки ҷумлаи он гуфтан мумкин нагардад. Ва ин мункарот баъзе дар масҷидҳост ва баъзе дар бозорҳо ва баъзе дар роҳҳо ва баъзе дар гармобаҳо ва баъзе дар хонаҳо.
Мункароти масоҷид
Он бувад, ки касе намоз кунад ва рукӯъу суҷуд тамом ба ҷой наёварад; ё Қуръон хонад ва лаҳну (ғалат) хато кунад; ё муаззинон, ки қавме бонги намоз ба ҳам кунанд ва ба илҳони бисёр ҳамекунанд, ки он манҳӣ аст ва дар вақти «ҳаййа ъала-л-фалоҳ» ҷумлаи тан аз қибла бигардонанд. Ва дигар он ки хатиб ҷомаи сиёҳи абрешимин пӯшад ва шамшери ба зар дорад, ки ин ҳаром аст. Ва дигар нашояд ки дар масҷидҳо ҳангома гиранд ва қисса гӯянд ва шеър хонанд, ё таъвиз фурӯшанд ё чизе дигар. Ва дигар омадани девонагон ва мастон дар масҷид – чун овоз бардоранд ва аҳли масҷидро аз эшон ранҷ расад; аммо кӯдаке, ки хомӯш бувад ва девонае, ки аз ӯ ранҷ набувад ва масҷид олуда накунад, раво бувад, ки даршавад. Аммо агар кӯдак ба нодир дар масҷид бозӣ кунад, манъ воҷиб наёяд, ки зангиён дар масҷиди Мадина ба ҳарбату дарақ (шамшеру сипар) бозӣ мекарданд ва Оиша разийаллоҳу анҳо назора мекард, валекин агар бозигоҳ гиранд, манъ бояд кард. Ва агар касе дарзе канад ё чизе нависад, ки мардумро аз он ранҷе набошад, раво бувад, валекин агар ба дӯкон гирад, ҳамеша аз он ранҷе набошад – раво бувад, валекин агар ба дӯкон гирад, ҳамеша макрӯҳ бувад. Аммо коре, ки ба сабаби он ғалаба дар масҷид падид ояд: чун ҳукм кардан бар давому қибола набиштан нашояд, магар гоҳ-гоҳ, ки ҳукме фаро расад, ки расул алайҳиссалом гоҳгоҳҳукм кардааст. Аммо он ки гозурон ҷома дар масҷид хушк кунанд ва рангрезон ҷома ранг кунанд ё хушк кунанд, ин ҳама мункар бошад, балки касоне, ки дар масҷид маҷлис гӯянд ва қисса гӯянд, ки дар он зиёда ва нуқсон бувад ва аз кутуби ҳадис, ки мӯътамад аст, берун бувад – эшонро низ берун бояд кард, ки салаф чунин кардаанд. Аммо касоне, ки хештанро биёроянд ва шаҳват бар эшон ғолиб бувад ва суханҳо ба саҷъ ва сурудҳо мегӯянд ва занони ҷавон дар маҷлис ҳозир бошанд, ин аз кабоир бувад ва беруни масҷид ҳам нашояд, балки воиз касе бояд ки зоҳири салоҳ бувад ва зию ҳайати (шакл, тарз) аҳли дин ва виқор дорад. Ва ба ҳар сифат, ки бувад раво нест, ки занони ҷавон ва мардон дар масҷид бинишинанд ва миёни эшон ҳоиле набошад, чунон ки Оиша разийаллоҳу анҳо дар рӯзгори худ занонро аз масҷид манъ кард – ва дар рӯзгори расул саллаллоҳу алайҳи мамнӯъ набуданд, гуфт: «Агар расул бидидӣ, ки имрӯз ҳол чист, манъ кардӣ!» Ва аз ҷумлаи мункарот он аст, ки дар масҷид девон доранд; ва қисмат кунанд; ва муомилаи рустоӣ рост доранд; ё тамошогоҳ созанд; ва ба ғайбату беҳуда гуфтан машғул шаванд. Ин ҳама аз мункарот аст ва бар хилофи ҳурмати масҷид аст.

пешина
аз 176
навбатӣ