Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Пас, бидон, ки ахлоқи некӯро се сабаб аст: яке асли фитрат аст ва он атову фазли Ҳақ таъолост, ки касеро андар асл некӯхӯ ва мутавозеъ офаринад ва чунин бисёр аст, дуввум он, ки афъоли некӯ ба такаллуф кардан гирад, то вайро одат шавад; саввум он, ки мудом касонеро бинад,
1 Дар дилҳои эшон беморӣ аст.
2 Растагорӣ касерост, ки бо дили пок назди Худо равад.
3 Ба ранҷ даст ба коре задан.
ки афъол ва ахлоқи эшон некӯ бувад ва сӯҳбат бо эшон дорад, ба зарурати он сифоти эшон андар табъи вай ҳамегирад, агарчи аз он хабар надорад, ҳар кӣ ин се саодат биёбад, ки андар асли хулқат некӯхӯ бошад ва сӯҳбат бо аҳли хайр дорад ва афъоли хайр одат кунад. Вай ба дараҷаи камол расида бошад? Ва ҳар кӣ аз ин ҳар се маҳрум монад, ки дар асл фитрати ноқис бувад ва сӯҳбат бо ашрор дорад ва низ афъоли шар одат кунад андар шақоват ба дараҷаи камол бувад ва миёни ин ҳар ду дараҷаҳо бисёр аст, ки дар баъзе бошад ва дар баъзе на; ва саодату шақовати ҳар яке ба миқдори он бошад: «Фаман йаъмал мисқола зарратин хайран ва йараҳу ва ман йаъмал мисқола зарратин шарран йараҳу»1
.
– ФАСЛ –
[Аввали ҳамаи саодот аъмоли хайр аст ба такаллуф] Бидон, ки агарчи аъмол ба ҷавореҳ аст, мақсуд аз он гардиши дил аст, ки дил аст, ки бад-он олам сафар хоҳад кард ва ҳамебояд, ки бокамолу ҷамол бувад, то ҳазрати Илоҳиятро бишояд ва чун оинаи равшан ва безангор бувад, то сурати малакут андар вай бинамояд, то ҷамоле бинад, ки он биҳишт, ки сифати вай шунидааст, ҳақир гардад ва агарчи танро андар он олам низ насиб аст, валекин асл дил аст ва тан табъ аст ва бидон, ки дил дигар асту тан дигар; ки дил аз олами малакут аст ва тан аз олами шаҳодат ва ин андар унвони китоб гуфта омад.
Аммо агарчи дил аз тан ҷудост, валекин дилро ба вай алоқате аст, ки аз ҳар муомилате некӯ, ки бар тан биравад, нуре ба дил бипайвандад ва он нур тухми саодат аст ва ҳар муомилате зишт, ки бикунад, зулмате ба дил пайвандад ва он зулмат тухми шақоват аст ва ба сабаби ин алоқа одамиро бад-ин олам овардаанд, то аз ин тан доме созад ва олате то хештанро сифоти камол ҳосил кунад. Ва бидон, ки китобат санъатест, ки сифоти дил аст, валекин феъли он бо ангушт аст, агар касе бихоҳад, ки хати вай некӯ шавад, тадбир он бувад, ки ба такаллуф хат менависад, то андар вай нақши хат некӯ бипазирад ва чун пазируфт, ангушти вай он сурат аз ботин гирифтан гирад ва бинависад; пас ҳамчунин аз феъли некӯи берун даруни вай хулқи некӯ бигирад ва чун сифат ва хулқи дарун некӯ шуд, он гаҳ афъол ба сифати он хулқ шавад.
Пас, аввали ҳама саодот аъмоли хайр аст ба такаллуф ва самараи вай он аст, ки даруни вай сифати хайр гирад, он гоҳ нури он боз берун афтад ва
1 Ҳар он кас, ки ба сангинӣ заррае некӣ кунад, онро бозбинад ва ҳар он кас, ки ба сангинӣ заррае бадӣ кунад, онро бозбинад.
аъмоли хайр ба тавъ андар пазируфтан истад ва сирри ин он алоқа аст, ки миёни дилу тан аст, ки андар он асар ҳамекунад ва он андар ин ва барои ин аст, ки феъл, ки ба ғафлат равад, ҳабта аст, ки он феъли дилро ҳеч сифат надиҳад, ки дил аз он ғофил бувад.
– ФАСЛ –
[Ҳама ахлоқи некӯ бояд, ки табъ шавад ва такаллуф бархезад] Бидон, ки беморро ки сардӣ бошад, нашояд ки ҳарорати чандон, ки бувад ҳамехӯрад, ки бошад, ки ҳарорат низ иллате гардад, балки тарозу ва меъёрест, ки нигоҳ бояд дошт ва бибояд донист, ки мақсуд он аст, ки мизоҷ мӯътадил бувад, ки на ба гармӣ майл дорад, на ба сардӣ ва чун ба ҳадди эътидол расид, илоҷ бозгирад ва ҷаҳд кунад, ки бар он эътидол нигоҳ дорад ва чизҳои мӯътадил хӯрад, ҳамчунин ахлоқ ду тараф дорад:
яке маҳмуд аст ва дигаре мазмум ва мақсуд эътидол аст: масалан бахилро фармоем, то мол ҳамедиҳад, то он гоҳ ки додан бар вай осон шавад, валекин на чунон ки ба ҳадди исроф расад, ки он низ мазмум аст, лекин тарозуи ин шариат аст, чунон ки тарозуи илоҷи тан дар илми тиб аст, пас бояд ки чунон шавад, ки ҳар чӣ шаръ фармояд, ки бидеҳ, додани он бар вай осон бувад ва дар вай тақозои имсок кардан ва нигоҳ доштан набувад ва ҳар чӣ шаръ фармояд, ки нигоҳ бояд дошт, андар вай тақозои додан набувад, то мӯътадил бошад. Пас, агар андар вай тақозои он ҳаменамояд, валекин ба такаллуф накунад, ҳанӯз бемор аст, валекин маҳмуд аст, ки боре ба такаллуф доруе ҳамехӯрад, ки ин такаллуф роҳи он аст, ки табъ гардад.
Ва барои ин гуфт расул – саллаллоҳу алайҳи ва саллам – ки: «Фармони Худои таъоло ба тавъ кунед», пас агар натавонед ба курҳ кунанд ва низ андар он сабр кардан1 хайри бисёр аст ва бидон, ки ҳар кӣ мол ба такаллуф диҳад, сахӣ набувад, балки сахӣ он бувад, ки додани мол бар вай осон бувад ва ҳар кӣ мол ба такаллуф нигоҳ дорад, бахил набувад, ки бахил он бувад, ки табъи вай нигоҳ доштан бувад, пас ҳама ахлоқи некӯ бояд, ки табъ шавад ва такаллуф бархезад, балки камоли хулқ он бувад, ки инони хеш ба дасти шаръ диҳад ва фармонбардорӣ бар вай осон бувад ва андар ботини вай ҳеч мунозиат бинамонад, чунонки Ҳақ таъоло гуфт:
«Фало ва раббика ло йуъминуна ҳатто йуҳаккимука фи мо шаҷара байнаҳум сумма ло йаҷиду фи анфусиҳим ҳараҷан мим мо қазайта ва
1 Сабр кардан дар он ҷо коре, ки ба курҳ ва бемайлӣ анҷом мешавад.
йусаллиму таслиман». Гуфт: «Имони эшон бад-он тамом шавад, ки туро ҳокими хеш кунанд ва андар дили эшон ҳеч гаронӣ ва шак набувад». Ва ин сирре аст, ҳарчанд ки ин китоб эҳтимол накунад, валекин ишорате бад-он карда ояд.
Бидон, ки саодати одамӣ он аст, ки ба сифати фариштагон шавад, ки вай аз гавҳари эшон аст ва андар ин олам ғариб омадааст ва маъдани вай олами фариштагон хоҳад буд ва ҳар сифати ғариб, ки аз ин ҷо барад вайро аз мувофиқати эшон дур кунад, мебояд ки чун он ҷо шавад, ҳам ба сифати эшон бувад ва аз ин ҷо ҳеч сифати ғариб набарад. Ҳар киро шараҳи нигоҳ доштани мол аст, вай ба мол машғул аст ва ҳар киро шараҳ харҷ кардан бувад, ҳам машғул аст бад-он ва ҳар кӣ бар такаббур кардан ҳарис бувад, ба хулқ машғул аст ва ҳар кӣ бар тавозӯъ ҳарис бувад, ҳам машғул аст ба хулқ; ва малоика на ба мол машғуланд ва на ба хулқ, балки худ аз ишқи ҳазрати Илоҳият ба ҳеч чизи дигар илтифот накунанд: пас мебояд, ки алоқати дили одамӣ аз мол гусаста шавад ва аз халқ бурида гардад, то аз он ба ҷумлагӣ пок шавад ва ҳар сифат, ки одамӣ мумкин нест, аз он пок тавонад буд, бар миёнаи он биистад, то аз ваҷҳе бад-он монад, ки холӣ бошад, ҳамчунон ки оби гарм чун аз сардиву гармӣ холӣ нест, ончи фотир (нимгарм) бувад ва мӯътадил бувад, бад-он монад, ки аз ҳар ду холӣ астӣ. Пас, эътидол ва миёна андар ҳама сифоте, ки фармудаанд, аз барои ин сирр аст.
Пас, назар бояд, ки ба дил бувад, то аз ҳама гусаста шавад ва аз халқ бурида гардад ва ба Ҳақ таъоло мустағриқ гардад, чунонки гуфт:
«Қулиллоҳа, сумма зарҳум фӣ хавзиҳим йалъабуна»,1 балки ҳақиқати ло илоҳа иллаллоҳу худ ин аст. Ва ба сабаби он ки мумкин нест, ки одамӣ аз ҳама олоише холӣ бувад, гуфт: «Ва ин минкум илло воридуҳо кона ало раббика ҳатман мақзийан».
Пас, аз ин маълум шавад, ки ниҳояти ҳама риёзатҳо ва мақсуди ҳама муҷоҳидатҳо он аст, ки касе ба тавҳид расад, ки ӯро бинаду бас ва ӯро тоат дораду бас ва андар ботини вай ҳеч тақозое бинамонад дигар: чун чунин шавад, хулқи некӯҳосил карда бошад, балки аз олами башарият баргузашта бошад ва ба ҳақиқати ҳақ расида.
– ФАСЛ –
[Роҳҳои расидан ба хулқи некӯ] Бидон, ки риёзат коре душвор аст ва ҷон кандан аст. Валекин агар табиб
1 Бигӯ худо, пас ононро вогузор, ки бо андешаҳои худ бозӣ кунад.
устод бувад ва роҳ фаро доруи латиф донад, душвор осонтар гардад ва лутфи табиб он аст, ки муридро ба аввалдараҷа ба ҳақиқати ҳақ нахонад, ки тоқати он надорад: ки агар кӯдакро гӯянд: ба дабиристон шав, то ба дараҷаи риёсат расӣ, ӯ худ риёсат надонад, ки чӣ бошад, бад-он кор чун рағбат кунад? Валекин бояд гуфт: «Бирав, то шабонгоҳ чавгон ва гӯй ба ту диҳам, то бозӣ кунӣ; бидон, то кӯдак ба ҳирси ин бишавад ва чун бузургтар шавад, вайро тарғиб кунӣ, ба ҷомаи некӯ ва зинат, то даст аз бозӣ надорад ва чун бузургтар шавад, вайро ба риёсат ва хоҷагӣ ваъда диҳанд ва гӯянд: ҷомаи дебо кори занон бошад ва чун бузургтар шавад, гӯянд: хоҷагӣ ва риёсат асле надорад, ки ҳама ба марг табоҳ шавад, он гоҳ вайро ба подшоҳии ҷовид даъват кунанд. Пас, бошад, ки мурид андар ибтидои кор бар ихлоси тамом қодир набувад, вайро рухсат диҳанд, ки муҷоҳидат ҳамекунад, бар шараҳи он ки мардумон вайро ба чашми некӯ нигаранд, то орзуи риё, шараҳи мол андар вай бишиканад, чун фориғ шавад, руунате андар вай падидор ояд, он гоҳ шараҳи руунат андар вай бишиканад, бад-он ки фармояд, ки гадоӣ кунад ва чун вайро андар он қабуле падидор ояд, аз он манъ кунад ва ба хидматҳои хасис машғул гардонад, чун хидмати таҳоратҷой ва ғайри он ва ҳамчунин ҳар сифате, ки андар вай падид ояд, илоҷи андак ҳамефармояд ба тадриҷ, ба як бор ҳама нафармояд, ки тоқати он надорад. Ва бар орзуи риёву номи некӯҳама ранҷҳо битавонад кашидан, ки мисоли он ҳама чун мору каждум аст ва мисоли риё чун аждаҳост, ки ҳамаро фурӯ барад ва бозпасин сифате, ки аз сиддиқон бишавад, ин аст.
[Пайдо кардани тадбири шинохтани бемории дил ва уюби нафс] Бидон, ки чунонки дурустии тан ва дасту пой ва чашм бад-он бувад, ки ҳар яке он чи вайро барои он офаридаанд, бар он қодир бувад ба тамомӣ, то чашм некӯ бинад ва по нек равад. Ҳамчунин дурустии дил бад-он бувад, ки он чи хосияти вай аст, дар асл фитрат ва вайро бад-он офаридаанд, бар вай осон бувад ва онро, ки табъи вай аст андар асл дӯстдор бувад ва ин андар ду чиз падид ояд; яке андар иродот ва яке андар қувват:
Аммо андар иродот он ки ҳеч чизро дӯсттар аз Ҳақ таъоло надорад, ки маърифати Ҳақ таъоло ғизои дил аст, чунонки таом ғизои тан аст; ҳар тан, ки шаҳвати таом аз вай бишуд ё заиф гашт, бемор аст ва ҳар дил, ки муҳаббати Ҳақ таъоло аз вай бирафт ё камтар шуд, бемор аст ва барои ин аст, ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ин кона обоукум ва абноукум, ал-ойа». Гуфт:
«Агар падарону писарон ва молу тиҷорату ашират1 ва қаробат2 ва ҳар чӣ доред, дӯсттар ҳамедоред аз Худой ва расул ва ғазв кардан дар роҳи ӯ, сабр ҳамекунед, то фармони Худои таъоло даррасад, то бибинанд».
Ва аммо андар қудрат он аст, ки фармони Ҳақ таъоло бар вай осон гашта бошад ва ҳоҷат наёбад, ки хештанро бар он дорад, балки худ лаззати вай бошад, чунонки расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт:
«Ҷаъалат қуррату айни фис-салот»3
.
Пас, касе ки ин ду маънӣ аз хештан наёбад, аломате дуруст бувад дар бемории дил, ба илоҷ машғул бояд шуд ва бошад, ки пиндорад, ки бадин сифат аст ва набошад, ки одамӣ ба айби хеш нобино бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё