Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва уюби хеш ба чаҳор тариқ битавон донистан:
Аввал – он, ки дар пеши пире пухта ва роҳрафта бинишинад, то вай андар вай ҳаменигарад ва уюби вай ҳамегӯяд ва ин андарин рӯзгор ғарибу азиз аст.
Дуввум – он, ки дӯсте мушфиқро бар хештан рақиб4 кунад, чунонки ба мудоҳинат5 айби ӯ бинапурсад ва ба ҳасад зиёдат бинакунад ва ин низ азиз аст. Довуди Тойиро гуфтанд: Чаро бо халқҳаменишинӣ? Гуфт: «Чӣ кунам сӯҳбати қавме, ки айби ман аз ман пинҳон доранд?».
Сеюм – он, ки душманони хешро сухан бишунавад, ки чашми душман ҳама бар айб афтад, агарчи ба душманӣ муболиғат кунад, лекин сухани вай аз рост холӣ набувад.
Чаҳорум – он, ки андар мардумон ҳаменигарад: ҳар айб, ки аз он касе ҳамебинад, худ аз он ҳазар ҳамекунад ва ба хештан гумон ҳамебарад, ки вай низ ҳамчунон аст. Исоро алайҳиссалом гуфтанд: «Туро адаб кӣ омӯхт?» Гуфт: «Ҳеч кас, ҳар чӣ аз дигаре зишт дидам, аз он ҳазар кардам».
Ва бидон, ки ҳар кӣ аблаҳтар бувад, ба хештан некугумонтар бувад ва ҳар кӣ оқилтар бошад, бадгумонтар бошад. Умар – разийаллоҳу анҳу – аз Ҳазиқа пурсид, ки: «Расул алайҳиссалом сирри мунофиқон бо ту бигуфтааст, бар ман чӣ дидӣ аз осори нифоқ?» Пас, бояд ки ҳар касе талаби айби худ ҳамекунад, ки чун иллат надонад, илоҷ натавонад кард.
Ва ҳама илоҷҳо бо мухолифати шаҳват ояд, чунонки Ҳақ таъоло ҳамегӯяд:
«Ва аммо ман хофа мақома раббиҳи ва наҳйа-н-нафса анил-ҳаво, фаинна-
1 Тоифа — қабила.
2 Наздикон ва хешовандон.
3 Нури чашми ман дар намоз аст.
4 Муроқиб — нигоҳбон.
5 Хушомадгӯӣ — саҳлангорӣ.
л-ҷанната ҳийа-л-маъво»1. Ва расул алайҳиссалом саҳобаро, чун аз ғазо бозомадандӣ, гуфтӣ: «Аз ҷиҳоди кеҳин бо ҷиҳоди меҳин омадем», гуфтанд: «Он чист?» Гуфт: «Ҷиҳоди нафс». Ва расул – алайҳиссалом – гуфт: «Ранҷи худ аз нафси худ боздор ва ҳавои вай ба вай мадеҳ, андар маъсияти Ҳақ таъоло, ки фардо бар ту хасмӣ кунад ва бар ту лаънат кунад, то ҳама аҷзои ту якдигарро лаънат ҳамекунанд». Ҳасани Басрӣ – раҳматуллоҳ – ҳамегӯяд: «Ҳеч сутури саркаш ба лигоми сахт авлотар аз нафс нест». Сурии Сақатӣ мегӯяд: «Чиҳил сол аст, то нафси ман ҳамехоҳад, ки ҷавзе бо ангубин фурӯ ниҳам ва бихӯрам, ҳанӯз накардаам». Иброҳими Хос ҳамегӯяд, ки: «Андар кӯҳи Лубнон ҳамешудам, нор бисёр дидам, орзу омад, яке боз кардам турш буд, даст бидоштам ва бирафтам, мардеро дидам афтода, занбӯр бар вай гирд омада ва вайро ҳамегазиданд, гуфтам: «Ассалому алайка». Гуфт: «Ва алайкуссалом ё Иброҳим». Гуфтам: «Маро ба чӣ донистӣ?» Гуфт: «Ҳар кӣ Худои таъолоро шиносад, ҳеч чиз бар вай пӯшида намонад, гуфтам:
«Ҳамебинам, ки ту бо Ҳақ таъоло ҳолате дорӣ, чаро нахоҳӣ, то ин занбӯрон аз ту боздорад?» Гуфт: «Ту низ ҳолате дорӣ, чаро дарнахоҳӣ то шаҳвати нор аз ту боздорад, ки захми шаҳвати нор андар он ҷаҳон бувад ва захми занбӯр андар ин ҷаҳон?!».
Ва бидон, ки агарчи нор мубоҳ аст, валекин аҳли маънӣҳаром доштанд, ки шаҳвати ҳалолу ҳаром яке аст, агар дар ҳалол бар вай набинандӣ ва вайро бо ҳадди зарурат набурдӣ, талаби ҳаром кунад, пас ба ин сабаб, дар шаҳват мубоҳот низ бар худ бастаанд, то аз дасти шаҳвати ҳаром халос ёбанд, чунонки Умар – разийаллоҳу анҳу – гуфт: «Ҳафт бор аз ҳалол даст бидоштам, аз бими он, ки дар ҳаром афтам». Дигар он, ки нафс чун ба танаъъум хӯ кунад, дар мубоҳот, дунёро дӯст гирад ва дил дар он бандад ва дунё биҳишти вай гардад ва марг бар вай душвор шавад ва батар2 ва ғафлат андар дили вай падид ояд ва агар зикру муноҷот кунад, лаззати он наёбад ва чун шаҳавоти мубоҳ аз вай боздорӣ, шикаста ва ранҷур шавад ва аз дунё нуфур гардад ва шавқи наими охират андар вай падид ояд ва андар ҳоли ҳузну шикастагӣ як тасбеҳ чандон дар дил асар кунад, ки андар ҳоли шодӣ ва танаъъум садяки он асар накунад.
Ва масали нафс ҳамчун боз аст, ки таъдиби вай бад-он кунанд, ки мар ӯро андар хона кунанд ва чашми ӯ бидӯзанд, аз ҳар чӣ дур будааст хӯ боз кунад, он гоҳ андак-андак гӯшт ҳамедиҳанд, то бо боздор улфат гирад ва
1 Ҳар касе аз мақоми парвардигори худ битарсад ва нафсро аз ҳаво боздорад, дар биҳишт ҷойгузин шавад.
2 Саркашӣ ва исён ба воситаи фаровонии неъмат.
мутеъи вай гардад; ҳамчунин нафсро бо Ҳақ таъоло унс пайдо наёяд, то онгоҳ ки ӯро аз ҳама одатҳо фитом1 накунӣ ва роҳи чашму гӯш ва забон андар набандӣ ва ба узлату гуруснагӣ ва хомӯшӣ ва бехобӣ вайро риёзат накунӣ ва ин андар ибтидо бар вай душвор бувад, чунонки бар кӯдак, ки вайро аз шир бозкунанд – он гоҳ пас аз он чунон шавад, ки агар низ шир ба ситам ба вай диҳанд, нахӯрад.
Ва бидон, ки раёзати ҳар касе бад-он аст, ки он чӣ бад-он шодтар аст, ба тарки он бигӯяд ва он чӣ бар вай ғолибтар аст, онро хилоф кунад: он кас, ки шодии вай ба ҷоҳ ва ҳишмат аст, ба тарки он бигӯяд ва онро, ки шодии вай ба молу сарват аст, харҷ кунад ва ҳамчунин ҳар киро салватгоҳе аст,2ҷуз Ҳақ таъоло, онро ба қаҳр аз худ ҷудо кунад ва мулозими он гардад, ки ҷовид мулозими он хоҳад буд, ҳар чӣ вайро видоъ хоҳад кард, рӯзи марг имрӯз бемарг ба ихтиёр бояд, ки ҳама видоъ карда шавад ва мулозими вай Ҳақ таъолост, чунонки Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло – ваҳй кард ба Довуд алайҳиссалом, ки: «Ё Довуд, мулозими ту манам, маро мулозим бош». Ва расул – алайҳиссалом – гуфт, ки: «Ҷабраил дар даруни ман дамид, ки Аҳбиб ман аҳбабта фаиннака муфориқуҳу – ҳар киро хоҳӣ аз дунё дӯст дор, ки аз ту боз хоҳанд ситад».
Аломати хӯи некӯ
Бидон, ки аломоти хӯи некӯ он аст, ки Ҳақ таъоло дар Қуръон ҳамегӯяд андар сифати мӯъминон: «Қад афлаҳилмӯъминуна: аллазина ҳум фи салотиҳим хошиъуна, валлазина ҳум ъаниллағв мӯъризуна»3, то он ҷо ки мегӯяд: «Авлайка ҳумулворисуна»4 ва дар он ҷо ки мегӯяд: «Аттоибуналъобидуналҳомидуна»5 ва то он ҷо ки мегӯяд: «Ва башширулмӯъминина»6. Ва ин ки гуфт: «Ва ибодурраҳмон аллазина ...»7
.
Ва ҳарчи андар аломати мунофиқон гуфтааст, ҳама аломати хӯи бад аст, чунонки расул – алайҳиссалом – гуфт: «Ҳиммати ман намозу рӯза ва ибодат аст ва ҳиммати мунофиқ таому шароб чун сутур»; Ҳотами Асам –
1 Аз шир гирифтани кӯдак.
2 Дилшодӣ — асбоби тасаллии хотир.
3 Ҳароина мӯъминон растагор шуданд: касоне, ки дар намози худ хушӯъ доранд ва касоне, ки аз беҳуда дурӣ ҷӯянд.
4 Инчунин касоне мерос баранд (биҳиштро).
5 Тавбакунандагон ва ибодаткунандагон ва супосгузорон.
6 Мужда бидеҳ мӯъминонро.
7 Бандагони раҳмон он касонанд, ки бо шарм ва озарм ва бар замин раванд ва чун бо нодон гуфтугӯ доранд, салом гӯянд.
раҳматуллоҳи алайҳи – гӯяд, ки: «Мӯъмин ба фикрати ибрат машғул бувад ва мунофиқ ба ҳирсу амал ва мӯъмин аз ҳар кас эмин бувад, магар аз Ҳақ таъолло ва мунофиқ аз ҳама кас тарсон бувад, магар аз Ҳақ таъоло; ва мӯъмин аз ҳама кас навмед бувад, магар аз Ҳақ таъоло ва мунофиқ ба ҳама кас умед дорад, магар ба Ҳақ таъоло; ва мӯъмин мол фидои дин кунад ва мунофиқ дин фидои мол; мӯъмин тоат дорад ва гиряд ва мунофиқ маъсият кунад ва хандад; мӯъмин танҳоӣ ва хилват дӯст дорад ва мунофиқ заҳмату мухолатат дӯст дорад; мӯъмин ҳамекорад ва метарсад, ки надаравад ва мунофиқ намекорад ва тамаъи он дорад, ки бидаравад».
Ва гуфтаанд: «Некӯхӯ он бувад, ки шармгин бувад ва камгӯю камранҷу ростгӯй ва салоҳҷӯю бисёртоат ва андак зиллат1 ва андак фузул ва некӯхоҳ бувад ҳамгинонро ва андар ҳаққи ҳамгинон некӯкирдор ва мушфиқ ва бовиқор, оҳиста ва сабуру қонеъ ва шакуру бурдбор ва тунукдил2 ва рафиқу кӯтоҳдаст ва кӯтоҳтамаъ бувад, на дашном диҳад ва на лаънат кунад ва на ғайбат кунад ва на суханчинӣ кунад, на фуҳш гӯяд ва на шитобзада бувад, на кин дорад ва на ҳасуд бувад, пешонии кушода ва забони хуш, дӯстиву душманӣ ва хушнудиву хашми вай барои ҳақ таъоло буваду бас».
Ва бидон, ки бештарин хӯи некӯ андар бурдбориву эҳтимол падид ояд, чунонки расулро – алайҳиссалом – бисёр биранҷониданд ва дандон бишикастанд, гуфт: «Бор Худоё, бар эшон раҳмат кун, ки намедонанд».
Иброҳими Адҳам – раҳматуллоҳи алайҳи – андар дашт ҳамешуд, лашкаре ба вай расид, гуфт: «Ту бандаӣ?» Гуфт: «Оре». Гуфт: «Ободонӣ куҷост?» Ишорат ба гӯристон кард, гуфт: «Ман ободонӣҳамехоҳам!» Гуфт:
«Он ҷост». Лашкарӣ чӯбе бар сари вай зад, то хунолуда шуд ва вайро бигирифт ва ба шаҳр овард, чун асҳоби Иброҳим вайро бидиданд, гуфтанд: «Эй аблаҳ, Иброҳими Адҳам аст». Лашкарӣ аз асб фуруд омад ва пои вай бӯса доду гуфт: «Ман бандаам». Гуфт: «Аз он гуфтам, ки бандаи Худои таъолоям ва чун ободонӣ пурсидам, ишорат ба гӯристон кард, ки ободонӣ он ҷост». Гуфт: «Аз он гуфтам, ки ин ҳама вайрон хоҳад шуд».
Пас, гуфт: «Чун сари ман бишикаст, ӯро дуо гуфтам». Гуфтанд: «Чаро?»
Гуфт: «Донистам, ки маро дар он савоб хоҳад буд ба сабаби вай, нахостам, ки насиби ман аз вай некӯӣ бувад ва насиби вай аз ман бадӣ бувад».
Бӯусмони Ҳайроро яке ба даъват хонд, то вайро биёзмояд, чун ба дари хонае расид андар нагузошт ва гуфт: «Чизе намондааст». Ӯ бирафт, чун
1 Хатокорӣ, лағзиш.
2 Нозукдил, рақиқулфат.
пораи роҳ бишуд, аз ақиб бирафт ва вайро бихонду боз биронд ва чанд бор ҳамчунин ҳамекард ва вайро чун ҳамехонд, бозмеомад ва чун ҳамеронд, боз ҳамешуд, гуфт: «Наҳмор, некӯҷавонмардӣ!» Гуфт: «Ин ки аз ман дидӣ хулқи сагӣ аст, чун бихонанд, биёяд ва чун биронанд, биравад, инро чӣқадр бувад?!» Ва як рӯз хокистар бар сари вай бирехтанд аз боме, ҷомаро пок кард ва шукр кард, гуфтанд: «Чаро шукр кардӣ?»
Гуфт: «Касе ки мустаҳаққи оташ бувад ва бо вай ба хокистар сулҳ кунанд, ҷои шукр бувад».
Яке аз бузургон ба ранги сиёҳ буд ва дар Нишобур ба дари сарои вай гармобае буд, чун вай гармоба шудӣ, холӣ бикардандӣ – рӯзе холӣ карданд, вай андар гармоба шуд, гармобабон ғофил буд, рустоие дар гармоба шуд, вайро дид, пиндошт, ки вай ҳиндуест1 аз ходимони гармоба, гуфт: «Хез об биёр, биёвард». Гуфт: «Бархез, гил биёвар».
Биёвард ва ҳамчунин вайро кор ҳамефармуд ва вай ҳамекард, чун гармобабон даромад ва овози рустоие шунид, ки вайро кор ҳамефармояд, битарсид ва бигурехт, чун берун омад, гуфтанд: «Гармобабон бигурехт аз ин воқеа». Гуфт: «Бигӯ магурез, ки ҷурм онро будааст, ки тухм ба наздики канизаки сиёҳ биниҳод».
Абдуллоҳи Дарзӣ – раҳматуллоҳ – аз бузургон будааст, габре вайро дарзиӣ фармудӣ чанд бор ва ҳар бор сими қалб ба вай додӣ ва вай бистадӣ, як бор ғоиб буд, шогирд сими қалб нагирифт, чун бозомад, гуфт:
«Чаро чунин кардӣ, ки чандин бор аст, ки вай бо ман ҳамекунад ва бар вай ошкор накардам ва аз вай меситадам, то мусулмоне дигарро фирефта накунад ба сими қалб».
Увайси Қаранӣ – раҳматуллоҳи алайҳи – ҳамерафтӣ ва кӯдакон санг ҳамеандохтандӣ андар вай, гуфт: «Боре2 санги хурд андозед, то соқи ман шикаста нашавад, ки он гоҳ намоз барпо натавонам кард».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё