Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Соли ҳафтодам расиду дар раҳаш
Ифтихорам мулки озоди ман аст.
Тоҷикистон бо ҳама мову манаш,
Файзбахши роҳи эҷоди ман аст.
Дил бихоҳад боз ҷавлони дигар,
Ҳақтаоло нури имдоди ман аст.

Даҳ ғазал

Гарчи яктои замину қутби давронем мо,
Дӯстон, дар ин ҷаҳон дурӯза меҳмонем мо.
Бо ҳама шӯру ғуруру нозу истиғнои худ
Қадри ин меҳмонии худро намедонем мо.
Дар талоши зиндагӣ сад фитна барпо кардаем,
Боз аз фанду фиреби умр ҳайронем мо.
Мурдан аз рӯзи азал бар зиндагон меросӣ аст,
Лек умре дар талоши кандани ҷонем мо.
Хештанро меҳвари олам шуморем аз ғурур,
Гарчи як зарра зи гарди хоки кайҳонем мо.
Қадри ҳам донем, ҷоно, то азизи ҳам шавем,
Гар гадову бенавову шоҳу Султонем мо.


Гувоҳанд ин ҳама ёрон, ҳама аҳли диёр имшаб,
Ки бошад булбули шӯрида бо гул ҳамканор имшаб.
Чу лола бишкуфад рухсораи шарми арӯс аз ишқ,
Дили домод ларзад назди чашмони хумор имшаб.
Агарчи волидайн аз гирудори тӯй осуданд,
Вале бошанд фарзандони онҳо беқарор имшаб.
Суруди «шаҳ муборак, ал-муборак» дар само печад,
Ба ёрон медиҳад ёрӣ суруди ёр-ёр имшаб.
Қадамҳоят муборак, то ки бошад, эй арӯси ҷон,
Дуо гӯям, ки орад ин қадам сад лутф бор имшаб.
Ҳама нуқлу шаробу савту сози базми ҷамшедӣ,
Барои дӯстони меҳрубон гардад нисор имшаб.

пешина
аз 73
навбатӣ