Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Меҳмони рўйи хони коху айвон доштам....
Интизорам буд ҳар ҷо бўстони пур зи гул,
Неъмати дунёи гардун гирди домон доштам.
Дар вафою аҳду паймон, дар ватандории хеш
Бо талоши беадад дар роҳи имон доштам.
Фахри ман ин хок буду ҷумла фарзандони он,
Беҳ зи ҷонам мулки зебо- Тоҷикистон доштам.
Дарди миллат дарди ман буду ҷаҳони дарди он
Бо таҳаммул он балоро зери дандон доштам.
Рафт айёми шабобу гирудори зиндагӣ,
Ваҳ, чӣ хуш, дунёи худро дар гулистон доштам.
Мансабам одамгарӣ буду дар ин роҳи васеъ
Олами сармояе то авҷи кайҳон доштам.
Шукр, аз ин рў ба пирӣ эътиборам гум нашуд,
Чунки бо инсонгарӣ ман аҳду паймон доштам.

СОЛИ ҲАФТОД

Соли бистум соли ҳафтоди ман аст,
Хишти нав дар қасри бунёди ман аст.
Хўри хирман дона-дона карда ҷамъ
Меҳргони дафтари ёди ман аст.
Ҳамчу ойина маро пеши назар
Акси даври шоду ношоди ман аст.
Боғаки ман дар сари роҳи дароз
Гулфишон аз умри ободи ман аст.
Ҳарфҳоям гаҳ сара, гаҳ носара
Созу сўзи яккафарёди ман аст.
Теғҳои бар ҷигар афкандааш,
Хотира аз рўзи барбоди ман аст.
Тўли ин даврони пуршебу фароз
Коғазу хат тири сайёди ман аст.
Дўстӣ, одамгарӣ, меҳру вафо,
Дар раҳи ман хатти иршоди ман аст.
Зиндагӣ бо он ҳама неку бадаш
Тўли роҳам яккаустоди ман аст.

пешина
аз 73
навбатӣ