Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй офтоби қисматам, аз мо мапўш рўй ,
Дар чорсўи умр туӣ беҳтарини ман.
Қалби шикастаам бувад пинҳон зи дидаат,
Дасти шикастаам бувад дар остини ман.
Аз мазҳабу зи кеши ман пурсиданат чӣ суд?
Дард аст мазҳаби ману ишқ аст дини ман.
Ғам мекушад марову ту ёдам намекунӣ,
Кас нест дар диёри ғам ҳаргиз қарини ман.
Арчанд шеъри ноб бувад сарбасар дурўғ,
Аммо ту шеъри дилкашию ростини ман.
Поям намебарам ман аз паргори худ бурун,
Тарсам, ки қотилам бувад андар камини ман.
Дар раҳгузори ту сарам сад бор зад ба хок,
Гарди раҳат фитодааст андар ҷабини ман.
Аз ҳар раги вуҷуди ман ишқат чу хун гузашт,
Эй орзуи аввалину вопасини ман.


Аз абри дард қулзуми борон гиристаам,
Дар ёди хешу ҳасрати ёрон гиристаам.
Дар сояи гули ҳавас н-аншастаам даме,
Дар тирамаҳ ба ёди баҳорон гиристаам.
Ночида лола дар чамани хандазорҳо,
Дар рўи барги ғунчаю торон гиристаам.
Тавсан нарондаам ба дари қасри ормон,
Аз по фитодаам, ба саворон гиристаам.
Аз хешу ошно бибуридам умеди худ,
Дар панҷаи ғам аз сияҳкорон гиристаам.
Ҷуз гиря ҳосиле набуд дар зиндагӣ маро,
Аз абри дард қулзуми борон гиристаам.


Дар суроғат дидагирён омадам, аз хоб хез!
Мустаманду зору ҳайрон омадам, аз хоб хез!
Мебарад ёди ту аз сар ҳар замон ҳуши маро,
Пеши дар хотирпарешон омадам, аз хоб хез!
Ҷони тоза мекунӣ эҳдо ба ҷисми мурдаам,
Дар талоши ламъаи ҷон омадам, аз хоб хез!

пешина
аз 73
навбатӣ