АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Эй табиби бемурувват, сўи беморон нигар,
Аз раҳи дур баҳри дармон омадам, аз хоб хез!
Гуфта будӣ, ин ки меҳмонро пазиро мешавӣ,
Инак, инак ,ҳамчу меҳмон омадам, аз хоб хез!
Аз фиғонам дар фиғон ояд ҳама ҳуру малак,
Най ба каф ман аз найистон омадам, аз хоб хез!
Нури ман, маҳбуби бепарвои дилдарёи ман,
Чун гадо дар ёди эҳсон омадам, аз хоб хез!
Ҳарфе ба ман нагуфту ҳаёро баҳона сохт,
Аз пеши ман бирафту саборо баҳона сохт.
Бар суҳбати рақиб расиду сухан бигуфт,
Аз ман гузашту аҳду вафоро баҳона сохт.
Дар пеши ғайр синаи манро шикоф кард,
Розам кушуду ақли расоро баҳона сохт.
Мехост то нишонаи тираш кунад маро,
Дар разм буду сулҳу сафоро баҳона сохт.
Сўям надиду як қадам аз ман дареғ дошт,
Озурда гаштани кафи поро баҳона сохт.
Субҳи мурод омаду бар ғайр ком дод,
Даврам расид, рўзи ҷазоро баҳона сохт.
Бурд аз Зарифӣ дил ба як наззорае, вале
Бар ман надиду нозу адоро баҳона сохт.
Бо серӣ надидам, ар ҷамолат, бону,
Рўзам ба шаб омад ба хаёлат, бону.
Дар синаи ман набуд аз рўзи азал,
Армони дигар ба ҷуз висолат, бону.
Ту мурғи ҳумоию манам мўри асир,
Берун наравам зи зери болат , бону.
Афсонаи ман намешавад ҳеҷ тамом,
То дида бувад ба хатту холат, бону.
Аз ман ту напурсӣ сўзи ишқи худро,
Муштоқ манам ба ин саволат, бону.
Аз нолаи ту ба нола ояд ҷонам,
Ҳаргиз нарасад рўзи заволат, бону.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё