Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин дили реши ман аз ҳасрати ту мегиряд,
То нагўӣ, ки чӣ шуд, ошиқи овораи ман.
Сарви қадди ту асои дигарон аст, дареғ,
Нур афкан ба шабам, ахтару маҳпораи ман.
Орзуманди васоли туям, эй чашмаи ноз,
Ёд орад сари зону-т зи гаҳвораи ман.


Маҳи хайру саховат рафт, афсўс!
Маҳи иззу шарофат рафт, афсўс!
Маҳи беҳтар зи сад моҳу зи сад сол,
Маҳи гармии тоат рафт, афсўс!
Маҳи парвоз бар сўи таҷаллӣ,
Маҳи лутфу латофат рафт, афсўс!
Маҳи раҳмат, маҳи авҷи таровеҳ,
Маҳи назму назокат, рафт, афсўс!
Маҳи осудагии қалбу ботин,
Маҳи фаҳму фаросат рафт, афсўс!
Маҳи пирўзиҳо бо нафси кофар,
Маҳи ишқу муҳаббат рафт, афсўс!
Маҳе, ки синаро мекард равшан,
Маҳи дур аз шикоят рафт, афсўс!
Маҳе, ки бо дили мо ҳамсадо буд,
Маҳи хоси тиловат рафт, афсўс!
Дар ин савдо ҳаменолам, Зарифӣ,
Маҳи файзу футувват рафт, афсўс!


Ноз кун, то соате маҳви тамошоят шавам,
Волаи ҳусни хушу чашмони шаҳлоят шавам.
Умр поён мепазирад, як нафас бо ман нишин,
То дар иқлими вафо ғарқи таманноят шавам.
Рў намеорам ба сўи нур бар кўҳи Сафо,
Рух намо, то зарраи нури таҷаллоят шавам.
Изтиробам кам намегардад зи тасвири қадат,
По бинеҳ андар сарам, хоки кафи поят шавам.
Нашъаи васли туро мехоҳам андар рўзгор,
Андар ин бозори дил саргарми савдоят шавам.

пешина
аз 73
навбатӣ