АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ин дили решам хаёли лаъли лаб мепарварад,
Ҷуръае бахшо ба ман, то масти саҳбоят шавам.
Салсабилу ҳури ризвонам намеояд ба кор,
Ман асири зулфи печони дилороят шавам.
Офтоби қисматам аз меҳри ту ёбад тулўъ,
Садқаи лутфу адо, рухсори зебоят шавам.
Чашми ту дидану аз худ набуридан ҳунар аст,
Аз баландӣ ба ҳавоят напаридан ҳунар аст.
Аз тариқи дили мо бехабаранд раҳгузарон,
Аз ақиби ту ба ин раҳ надавидан ҳунар аст.
Булбулон дар ҳаваси ҳарфи хушат меноланд,
Қиссаи лаъли лабатро нашунидан ҳунар аст.
Ҳама кас орзуи себи занахдони ту дошт,
Бо ту як ҷо шудану бўса начидан ҳунар аст.
Сайди афгори туро чора ба ҷуз мурдан нест,
Рўи хун ғалтида дар худ натапидан ҳунар аст.
Ба ҳавои ту сар аз хок бурун хоҳам кард,
Сабзасон аз дили хоро надамидан ҳунар аст.
Субҳдам боди сабо бўи туро меорад,
Накҳати ёсуманият нашамидан ҳунар аст.
Ноз кун, то ба абад нозкашат хоҳам монд,
Ранҷ дар ҳасрати рўят накашидан ҳунар аст.
Дарди дил бе рухи хуби ту мудово нашавад,
Дидани ҳусни тую лаб нагазидан ҳунар аст.
Зиндагиро ҳеҷ ранге ҷуз пушаймонӣ намонд,
Хотири ҷамъи маро ғайри парешонӣ намонд.
Лаб ба лаб шуд кўчаҳо аз дўсти нонӣ, вале
Дар замони мо, дареғо, дўсти ҷонӣ намонд.
Бадсиголӣ расм шуд дар ҷодаи номусу ном,
Ё дар ин ин иқлим номе аз мусалмонӣ намонд?
Канда шуд якбора банди риштаи меҳру вафо,
Дар ҳама амволи олам ҳеҷ арзонӣ намонд.
Дашти мо аз кишт монду боғи мо беҳосил аст,
Нархҳо афзудаву дигар фаровонӣ намонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё