Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қиссаҳояш «Нусратулло Махсум», «Қисмат», «Шаҳчинор» аз тариқи маҷаллаи «Садои Шарқ»
дастраси хонандагон шудаанд.
Китоби наваш бо номи «Қисмат» ба нашриёти «Адиб» супурда шудааст. Ҳамчунин қиссаи мустанадаш бо номи «Султони шаҳри тиб» барои чоп тайёр шудааст.
Диловар Мирзо дар тарҷума низ қувваозмоӣ намуда ҳикояҳои нависандаи булғор Н. Ҳайтов, нависандаи гурҷӣ Т. Патурашвили, нависандагони рус С. Марков ва Н.
Екимовро аз русӣ тарҷума намудааст.
Қиссаи машҳури «Сабзпарӣ ва Зардпарӣ»-ро ба хати кириллӣ баргардонда дар шакли китоб ба дўстдорони каломи бадеъ пешкаш кардааст.
Аз соли 1995 узви Иттиҳоди рўзноманигорони Тоҷикистон аст.
Аз соли 2002 узви ИН Тоҷикистон мебошад.
Барои хизматҳояш бо ордени «Шараф» дараҷаи 2, (соли 2002), нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (соли 1979), нишони «Сухан»-и ИН (соли 2006), Аълочии матбуоти Тоҷикистон(соли 2014) сарфароз гардидааст.

ҒАЗАЛҲО

Муддате шуд, ки зи ёрам хабаре нест маро,
Дили бемору табиби дигаре нест маро.
Гуфтам, ай боди сабо, як хабар аз ёр бигў,
Гуфт: Афсўс, бар он кў гузаре нест маро.
Дили девона ба дунболи вай афтоду бирафт,
Гуфтамаш: Вой, марав! Гуфт: Хатаре нест маро.
Гуфтиям ёри дигар гиру маро тарк намо,
Ҳавасу завқи ҷамоли дигаре нест маро.
З-оташи синаи ман доманаш оташ нагирифт,

пешина
аз 73
навбатӣ