АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ҳарфи доно эътибори хешро гум кардааст,
Дар дукони ҳастӣ ҷуз колои нодонӣ намонд.
Худкуширо зумрае донад матои ифтихор,
Риштаи шодӣ гусаст, ҷуз марсияхонӣ намонд.
Одамият дар бисоти халқи олам ёфт нест,
Дар ҳама рўи ҷаҳон нақше зи инсонӣ намонд.
ДИЛОВАР МИРЗО
Диловар Мирзо (Талабзода Диловар Мирзо) соли 1956 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Соли 1977 факултаи педагогика ва соли 1983 факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Қандил Ҷўраевро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ба сифати омўзгор оғоз намудааст. Аз соли 1989 то соли 1992 ба ҳайси хабарнигори рўзномаи «Тоҷикистони советӣ» ифои вазифа кардааст. Соли 1992 ўро барои кор ба Кумитаи радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардаанд.
Солҳои 1995-1999 дар рўзномаи ноҳиявии «Ойинаи Рашт» фаъолият дошт. Солҳои 1999-2007 дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт кор кард. Аз январи соли 2008 то2011 дар вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва аз моҳи январи соли 2011 то 30 январи соли 2015 дар вазифаи мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рашт кор кардааст. Аз моҳи феврали соли 2015 хабарнигори нашрияи «Садои мардум»
мебошад. Аз соли 2012 бо қарори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вазифаи котиби масъули бахши раштии ИН Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Ҳикояи аввалини Диловар Мирзо таҳти унвони «Гуноҳи падар» соли 1986 дар рўзномаи «Газетаи муаллимон» чоп шудааст.
То имрўз китобҳои вай бо номи «Вопасин набард», «Зарринёле баъди падар», «Борон изҳоро мешўяд…», «Мусаввараи нотамом», «Борон доғҳоро мешўяд…», «Борон пайҳоро мешўяд…», «Афсонаҳои қисмат», «Қандил», «Хунёгар» ва «Алихуши Найистонӣ» ба табъ расидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё