АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Ман аз сар хобҳоямро паронам
Саҳар дар марғзори сабзи Қуръон
Ғизоли чашмҳоямро чаронам.
Гули маънӣ аз ин гулгашт чинам,
Ки ин гулгашт беҳ аз рўи дунёст;
Ҳамин шукронаи чашмони биност.
Ба зиндоне, ки унвонаш даҳон аст,
Зи дандон дорад он девори сангин;
Нигаҳ дорам забон аз туҳмату кизб,
Ва озодаш кунам дар ҳарфи ширин;
Намебинам варо шукрона ҷуз ин.
Дар ин дунё, ки номаш зиндагонист,
Чу моҳӣ ман шино бинмуда хомўш
Пайи шукронаи гўшам ҳамеша
Зи фаҳшу лағву ғайбатҳои мардум
Худамро бар карӣ андозам, аммо
Суханҳои азизонро диҳам гўш...
Шавам ман дасти бедастони дунё,
Шавам ман пойи бепойони олам.
Ҳамин шукронаи дастони гирост,
Ҳамин шукронаи поҳои пўёст.
ЭЙ ХУДО!
Эй Худо, гўшам бидеҳ,
То бишнавам симфониёи моҳиёни безабонро;
Бишнавам, то барг бо шохи дарахт
Дар кадомин боб суҳбат мекунанд.
Мўрҳои донакаш ҳангоми вохўрдан ба роҳ
Шиква ё шодӣ зи заҳмат мекунанд?
Эй Худо, гўшам бидеҳ,
То бишнавам тасбеҳи ҷумла қудсиёнро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё