Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй Худо, чашмам бидеҳ,
То бубинам ҳашт боғи хандарези ҷаннатат,
То бубинам ҳафт водии махуфи дўзахат.

Эй Худо, дастам бидеҳ,
То дасти кўтоҳам расад бар доманат,
Донаи мақсуди худро бозёбам аз миёни хирманат.

Эй Худо, дил деҳ маро,
То ки дигар дил тапад дар синаам,
То раҳо созам ман аз сина дили пуркинаам.

Эй Худо, сар деҳ маро,
То ақли ман ояд ба ҷо,
Ту забонам деҳ, ки гўям меҳрубонии Туро...

ДАРЁ

Рўзу шаб Мансури дарё Шустушў дорад тафаккурҳои худро дар сари сангони лайс, Мезанад бар ҷомаи харсанг собун; Ҷомаҳои сабзи ғуконро бишўяд Бо лабони кафколуд Чирки сангонро канад бо чангу нохун.

Мезанад дарё талоло
Чун Ҷунайду Боязид.
Аҳмади Ҷомист ўву ҷомҳои мавҷҳоро бишканад,
Чун қаландар сар ба сангон мезанад.

Сахт мехоҳам, ки ман ҳам мисли дарё
Маст бошам
Солҳои сол,
Асрҳои аср.
Ман занам бехуд талоло Аз ҷамоли Ҳақтаъоло.

пешина
аз 73
навбатӣ