АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Чашм афкандам ба дарё,
Моҳиёнаш беҳаловат.
Ҳамчу дуди мўрии танг
Дар гулў печад фиғонам.
Роҳи худро мекунад гум
Об ҳам то новадонам.
Ин саҳар овози булбул
Мехарошад гўшҳоям.
Аз таҳи поям замин рафт,
Худ намедонам куҷоям.
Сўзани сўзони хуршед,
Мехалад бар пайкари ман.
Дар қатори хонаи гунг,
Чарх мегардад сари ман.
Ҳалқаи ин осмон танг,
Бар маҳу бар ахтарон танг.
Хонумо, аз хона рафтӣ,
Бе ту бар ман хонумон танг.
Чун биёзам даст бар май,
Майнаам меҷўшад аз ғам.
Ман туро кам карда-карда,
Мешавам кам, мешавам кам...
ПАЗМОНИ КЎҲ
Дар хонаи ҳамчу қуттии гўгирдам
Мешинаму ёд мекунам аз хуршед.
Аз чашмаки тирезаи ман мегузарад
Оҳиставу нарм уштури абри сафед.
Аз баҳри замини сабзи чун маъшуқа,
Он абри сафед номаи гардун аст.
Азбаски ҷудост аз бари маъшуқаш,
Як умр кабуд ҷомаи гардун аст.
Ҳамсоязане зи ғуфрааш резад об,
Бо дарду алам ёд кунам аз борон.
Кўҳи ғаму ғуссаам агар зер кунад,
Дил гиря кунад ба ҳасрати кўҳсорон.
Ин болиши хордори хирс2 аз кўҳсор
Омад, ки маро зи чашм эмин дорад.
Ҳушам биравад ба қолини сабзаву гул,
Он ҷо ки «ҷаноб»-и хирс болин дорад.
Хобам бипарад зи хонаи бетонӣ
Бар хотири ман расад агар козаи кўҳ.
Печад нафасам мисоли дуде ба гулў,
Гар бод наёрад нафаси тозаи кўҳ.
Кабке, ки миёни қафасам мехонад,
Хунёгари беҳтарини кўҳистон аст.
Хунё кунаду зи дидааш борад хун,
Хуни ҷигараш зи дидааш резон аст.
Аз чойи кабуди чойҷўши барқӣ
Чун тармаи кўҳ мизоҷи ман сард шудаст.
Бар ёд расад пиёлаи чойи алав,
Зеро ки сарам гарону пурдард шудаст.
Он ҷо ки баҳори зиндагӣ шуд пойиз,
Ман гиря кунам ба ҳасрати рўйи баҳор.
Кокутии сабзи тўбакам дар балкон
Фарзанди деҳ асту мекунад бўйи диёр.
2 Болиши хирс – гиёҳи лўлашакли хордорест, ки алайҳи чашмзахм дар пештоқи дару дарвозаҳо меовезанд. (Муаллиф).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё