Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар шаҳраки хурди гапкалон, сад афсўс,
Аз кашмакаши ҷамарғаҳо пир шудам.
Эй кўҳ, маро бигир дар оғўшат,
Зеро ки ман аз мусофирӣ сер шудам.

МАРГИ БЕГУНОҲӢ

Намедонам сухан чун созам оғоз,
Дилам чун хонаи матрук холист.
Намедонам, ки шодӣ бар куҷо рафт,
Ки дар ин хона бо уммед мезист?!

Агарчи ин ҷаҳон ҳафтод ранг аст,
Намебинам варо ғайри ду рангаш.
Сиёҳӣ бо сафедӣ мекунад ҷанг,
Нафорад даҳр бо чарми палангаш.

Ба чашми ман, ки будам дўш ошиқ,
Ҷаҳон саршор буд аз сурати ишқ.
Садои ишқ меомад зи саҳро,
Чаман лабрез буд аз накҳати ишқ.

Тиҳипо медавидам ҷониби боғ,
Ки то хонам зи ҳар барге хати ишқ.
Ба гўшам мерасид аз шохи ҳар нахл
Зи минқори мусича ояти ишқ...

Барои ман дар он дунёи зебо,
Ту дастури илоҳӣ будӣ, эй ишқ!
Туро куштанд монанди Сиёвуш,
Ту марги бегуноҳӣ будӣ, эй ишқ!
ИБРОҲИМИ НАҚҚОШ

Иброҳими Наққош (Иброҳим Хоҷаев) 28 апрели соли 1969 дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст.
Ў баъд аз хатми мактаби миёнаи №47-и шаҳри Панҷакент соли 1984 ба омўзишгоҳи касбию техникии №36-и шаҳри Панҷакент дохил шуда, онро соли 1987 хатм кардааст.
Намунаи ашъораш дар маҷмўаҳои дастаҷамъӣ ва маҷаллаву рўзномаҳо чоп шудааст.
Маҷмўаи нахустинаш «Пиёла қандамро хўрд»
(Панҷакент, 1998), маҷмўаҳои дигараш «Саду як ғазал»
(Ирфон, 2010) ва «Шикасти ранг» (Адиб, 2010) чоп шудааст. Инчунин, зиёда аз ҳаштод асари таҳиякардаи адабӣ ва диниву ахлоқии ў манзур ва писанди хонандагони ҷумҳурӣ гардидаанд, ки аз байни онҳо ин асарҳо: «Адаб тоҷест аз нури Илоҳӣ», «Китоби дуову салавотҳо», «Қиссаҳо аз рўзгори Имоми Аъзам», «Дуррату-л-воизин»
(қисмҳои саввуму чаҳорум), «Китоби дуоҳо» (дар панҷ қисм), «Маноқиби Шайх Абдулқодири Ҷелонӣ ва девони эшон», мунтахаби «Саду як ғазал»-и Аттор, Зебуннисо, Мушфиқӣ, Ҷунунӣ ва ғайраро метавон ном бурд.
Ў мураттиби тазкираҳои «Накҳати куҳандиёри Ҳафткўл» (Душанбе, 2008), «Гулчини ғазал» (Ирфон, 2010), «Гулшани ғазал» (Ирфон, 2011), «Армуғони ғазал»
(Ирфон, 2012), «25 гуфтор» (Ирфон, 2016), «Наврўзи Зарафшон» (Ирфон, 2017) ва «Суханварони Зарафшон»
(Ирфон, 2019) мебошад.
Иброҳими Наққош хаттот буда, хати форсиро хубу зебо менависад, ки «Баёзи Иброҳими Наққош»
(Хуҷанд, 2006) намунаи беҳтарини ин ҳунари волои ўст.

пешина
аз 73
навбатӣ