АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Хоҳӣ агар хуррам шавӣ, аз мурданат андеша кун,
Тоҷи сари олам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Дорӣ агар сад корҳо, дар матлабат душворҳо,
Фотеҳи барру ям шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Аз дил барӣ кибру манӣ, гардӣ дур аз аҳреманӣ,
Фориғ зи мадҳу зам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Тоат намоӣ бериё, аз сар ниҳӣ ҳирсу ҳаво,
Бар таври кулл одам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Монанди Мўсои Калим дар ҷанги ин нафси лаим,
Пирўзу ҳам хуррам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Бар Арш монӣ пойи худ, бинӣ аён кашфу шуҳуд,
Бо қудсиён маҳрам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Раҳ ёбӣ сўйи ломакон, дар Сидра гардӣ парфишон,
Бо Ҷабраил ҳамдам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Он ҷо майи аҳмар занӣ, сад таъна бар Кавсар занӣ,
Бар дарди худ марҳам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Асрори Ҳақ шодат кунад, чун хулд ободат кунад
То ҷовидон беғам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Наққош, нақши авлиё бар дида созӣ тўтиё,
Хулфи бани Адҳам шавӣ, аз мурданат андеша кун.
Дар ин дунёи пурармон бепарво шудан беҳтар,
Чу санги хора аз борон бепарво шудан беҳтар.
Таманноҳои беҷо аз нигоҳи чашму дил хезад,
Зи тазвири накўрўён бепарво шудан беҳтар.
Садои пойи умри худ касе нашнид дар олам,
Пайи мақсуд чун тўфон бепарво шудан беҳтар.
Насоеҳи гарон хоҳӣ, бар абнои замон бингар,
Чу санги сахти кўҳистон бепарво шудан беҳтар.
Зи ҳарфи дўсту душман машав навмеду ҳам мағрур,
Радифи сурати беҷон бепарво шудан беҳтар.
Муаммои ҷаҳонро нағмаи мизроб медонад,
Ниҳода гўш бар фармон, бепарво шудан беҳтар.
Зи марги хеш гар андешиву н-андешӣ, меояд,
Ба қурбонгоҳ чун ҳайвон бепарво шудан беҳтар.
Зи вазъу ҳоли носомон то кай хуни дил хўрдан?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё