АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
АЗ ДАФТАРИ ҒАЗАЛ
Ҳар куҷо дардест, аҳли дард пайдо мешавад,
Бо хазон дар боғ ранги зард пайдо мешавад.
Ҳамнабарди Рустами Дастон ба ҷуз Сўҳроб нест,
Ҳар куҷое мард бошад, мард пайдо мешавад.
Гармӣ аз сардӣ намехезад, намедонам, чаро
Аз дили пурдард оҳи сард пайдо мешавад?!
Орзуи бекаронам ранҷҳо дорад зи пай,
Оре, з-анбўҳи саворон гард пайдо мешавад.
Саъду наҳси рўзгори кас на з-истеъдоди ўст,
Қиматаш з-ин хонаҳои нард пайдо мешавад.
Фарқ байни шоири машҳуру номашҳур чист?
Дар миёни шеър байти фард пайдо мешавад.
Хомаи Соиб надорам, нозукиҳои Камол,
Заъфи ман з-ин назми раҳовард пайдо мешавад.
Ман намегўям сухан, Наққош, дар боғи дилам
Лафзҳо бо лутфи Ў чун вард пайдо мешавад.
Эй писар, ҳаргиз насиҳатгў мабош,
Пеши кас ойинаи дурў мабош.
Тоқати подош н-орӣ, бад макун,
Хўйи некон пеша кун, бадхў мабош.
Дар тилисми зиндагӣ андеша кун,
Бе яди байзо бари ҷоду мабош.
Хонумон хоҳӣ, зани хушхў талаб,
Ошиқи ҳар духтари гулрў мабош.
Носипосӣ қадри мардон кард паст,
Ғарраи ҷоҳу зару бозу мабош.
Ноаёнат мерасад пайки аҷал,
Ғофил аз ҳамроҳи дар паҳлу мабош.
Ташнаи дунё набинад ҷуз сароб,
Ошиқи маккораи бешў мабош.
Мўшикофӣ пеша кун Наққошвор,
Ғофил аз ойинаи зону мабош.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё