Зеҳн
АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ману ту шефтаи тақдирем,
Ману ту ҳамчу шакар дар ширем.
Ману ту аҳли қалам, аҳли алам,
Қасди худро зи қазо мегирем.

Зи куҷо омадӣ бар дили ман?
Ба сафо омадӣ бар дили ман.

Чун Зулайхо ба раҳи омаданат,
Чун гадоёни ҷаҳон хоҳам шуд.
Хуб донӣ, ки дар ин дуроҳа
Ман зи васли ту ҷавон хоҳам шуд.

Зи куҷо омадӣ бар дили ман?
Ба сафо омадӣ бар дили ман.

Ту дар ин даҳр ба коми дигарӣ,
Зи сари нав агар эҳё гардем.
Бигирам дасти туву домани ту,
Ки ба ҳам боби таманно гардем.

Зи куҷо омадӣ бар дили ман?
Ба сафо омадӣ бар дили ман.

ДУ ДИЛ

Дили ту пайраҳаи танҳоӣ,
Дили ман роҳ ба руъё дорад.
Дили ту сарду хамўш аст, вале
Дили ман шўру навоҳо дорад.

Дар лаби баҳри бузурги дили ман,
Мавҷҳо бўса занад соҳилро.
Шўри тўфон ҳама ишқи ману туст,
Ки ба туғён бикашонад дилрою
Дили ту пайраҳаи танҳоист,
Меравам з-ону кунад дилгирам.
Магар аз санг садо меояд?
Зи ғами хотираҳо мемирам.

Бе ту дасти дили ман кўтоҳ аст,
Эй, ки бар дарди дилам Синоӣ.
Ту биё, зиндагиам ишқи ту аст,
Бахудо, мурдаам аз танҳоӣ.

Нарав, аз баҳри Худо, беҳузурат
Дилу рўҳу баданам сард шуда.
Эй нафасҳои ту пайғоми баҳор,
Бе ту гулбоғи дилам зард шуда!

ТАЗЗОД

Дар набарди зиндагонӣ хор хокистар шавад,
Об аз маҷро бимонад, шуъла бе ахгар шавад.
Войи он қавме, ки нодонро ситоиш мекунад,
Войи он доно, ғуломи як-ду-се тан хар шавад.
Бори дунё мекашад оқил ба дўши хештан,
Гар бубинад ҷоҳилеро, бор сангинтар шавад.
Андар ин даҳри фурўмоя накў санҷидаам,
Раҳнамо аз по чу афтад, аблаҳе раҳбар шавад.
Даҳри бадандеш афтонад азизонро ба хок,
Ҳар зани бад дар нигоҳи нокасон ахтар шавад.
Гар яке як умр бар мардум мурувват мекунад,
Аз хиёнат дигаре номовару сарвар шавад.
Аз Худо хоҳам, Зарафшон, кори ин дунёи дун
Аз муҳаббат, аз садоқат сар ба сар дигар шавад.

КАРДАМ, НАШУД

Аз қазо рўзе туро аз худ ҷудо кардам, нашуд,
Ман лаҷоми ишқро аз каф раҳо кардам, нашуд.
Рўй бинмудам ба сабру нолаҳо дарҳам задам,
Сарҳисоби ишқро аз нав хато кардам, нашуд.
Тўшаи умрам фақат то нимароҳӣ мерасад,
Маргро бо зиндагонӣ ошно кардам, нашуд.
Мову ту дар зиндагонӣ қадри ҳам нашнохтем,
Меҳрро бар сўйи худ чанде садо кардам, нашуд.
Сарҳади ишқи ману ту сарҳади дилҳои мост,
Пораи хоки Хуросонро ҷудо кардам, нашуд.
Зарфишонам, зар бирезам бар сару бар доманат,
Дарди танҳоии дилро бас даво кардам, нашуд.

пешина
аз 73