АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Дар куҷоӣ? Дар чӣ ҳолӣ? Рафт аз ёдат магар
Он латофатбахши лаҳза, он насими дилрабо?
То ки ҷон ҷон меканад андар танам, Султон, бидон
Аз китоби ёд хонам лаззати он лаҳзаҳо.
ГУЛИ ЁД
Ҷойи он мизе, ки Лоиқ бори охир пушти он
Базморо буду бар ман ифтихору обрў,
Ман шинондам буттаи садбарг, то ки ҳар баҳор
Бишкуфад хушбўй мисли атрҳои шеъри ў.
Тирамоҳон он гули биншондаам гардад хазон,
Лек ёду шеъри Лоиқ бишкуфад дар мағзи ҷон.
БОДОМЧАШМ
Бодом ғарқи гул шуд, бодомчашми ман ку?
Бо меҳри навбаҳорон гул интизори гулрў.
Бо ашк абри найсон шустаст раҳрави ҷон,
Майса ба рўйи роҳаш шона зада ба гесў.
Мурғони рафта гаштанд аз мулкҳои гармӣ,
Ў дилхунук шуд оё, аз гармиҳои ин сў?
Дар пеш иди Наврўз, айёми неки фирўз,
Ман интизори роҳат, моҳат намой маҳрў.
Дунё дар интизорат, Наврўз чашмчорат,
Дар оташ аст дилҳо монанди тораи мў.
Бархезу ою сўзон сардии лашкари ғам,
Гул ҳамнафас бигардон бо дилрабои дилҷў.
Султони олами дард уммедвори дидор,
Ёдаш бикун ба ханда, як ҳарфаке ба ў гў.
ПОРАГИР
Мешавад кишвар хароб аз нафси ғори порагир,
Оқибат вайрона мегардад диёри порагир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё