АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Бин, ки ҳар кӣ мансабе бар даст орад ин замон,
Ҷамъ гардад гирди ў сад далла, ёри порагир.
«Ҳаққи хизмат», «гир аз мо як хабар», «ёрӣ расон»,
Боз садҳо нағмаҳо гашта шиори порагир.
Шарм не, инсоф не, имону дин гашта табоҳ,
Саҷдаи нафси бало гардида кори порагир.
Мардуми бечора аз баҳри илоҷи кори хеш
Даст пешу гардани каҷ, хору зори порагир.
Хоҳише гар мекунӣ коре аз ў баҳри савоб,
Мешавад равшан аз он чашми хумори порагир.
Ончунон нафси бало дар хуни ў ҷо гаштааст,
Мешавад кишвар хароб аз заҳри мори порагир.
Эй Таҳамтан, Сарвари оқил, бикун ҳарфат баланд,
То шавад нобуду гум хоки мазори порагир.
МЕҲРИ МОДАР
Сабзаҳои рўйи қабри модарам
Бўйи шири ҷоннавозаш мекунад.
Лолаи хуниндили болои қабр
Қисса аз дунёи доғаш мекунад.
Монда рафт ў ҳайкали беҳайкалаш
Ёдгорӣ рўйи хоки қабри худ.
Меҳри поку орзую бахтро,
Ҳам ғаму ранҷу азобу сабри худ.
ДОШТАМ
Як замоне рўйи мансаб давру даврон доштам,
Аспи қудрат зери пову бахти хандон доштам.
Чун хаси болои оби ботлоқи зиндагӣ
Гўиё ман обрўе назди ёрон доштам.
Дўстонам бешумору мухлисонам беҳисоб,
Бо муҳаббат бо ҳама ман аҳду паймон доштам.
Баҳри хизмат интизорам буд чандин мошине,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё