АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

-гурўҳи алоқавии маҳаллӣ;
-гурўҳи алоқавии оммаи васеъ;
-гурўҳи алоқавии дихилӣ.
Фирма (корхона) бояд дар назар дошта бошад, ки таъсири ин гурўҳҳо ба фаъолияти фирма ҳархелаанд, яъне баъзеи онҳо мусбӣ таъсир мерасонанд ва таъсири баъзеи онҳо манфӣ аст.
- ОМИЛҲОИ АСОСИИ МАКРОМУҲИТИ ФАЪОЛИЯТИ ФИРМА
(КОРХОНА)
Фирма, болои таъминкунандагони он, миёнаравҳои маркетингӣ, харидорон, рақибон, дар миқёси васеи шароитҳои максималӣ амал карда ба фаъолияти фирма (корхона) таъсирҳои гуногун мерасонанд. Назорати ин қувваҳо аз тарафи фирма номумкин аст, вале ходимони бозор (маркетологҳо) бояд аз фаъолияти ин қувваҳо мунтазам хабардор бошанд. Шароити максималии мавҷудоти фирма аз қувваҳои (омилҳои) асосии зерин вобастаанд: - Омилҳои баҳисобгирии таркиби аҳолӣ.
- Омилҳои иқтисодӣ.
- Омилҳои табиӣ.
- Омилҳои илмию техникӣ.
- Омилҳои сиёсӣ 6. Омилҳои доираи маданӣ.
Барои бозор, нақшаҳои маркетингии омилҳои зерини муҳити таркиби аҳолӣ таъсир мерасонанд:
1.1. Афзудани шумораи аҳолӣ. Дар натиҷаи афзудани шумораи аҳолӣ талабот ба бисёр молҳо зиёд шуда ба фаъолияти фирма таъсири мусбӣ мебахшад. Дар инҷо, бояд бо мисолҳои конкретӣ таъсири аниқи ин омилро ба фаъолияти фирмаҳои гуногун нишон дод.
1.2. Пастравии таваллуди кўдакон ҳам ба фаъолияти фирмаҳои гуногун таъсир мерасонад. Дар лексия, таъсири ин омилро ҳам дар мисоли мушаххас бояд фаҳмонида дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё