Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

1.3. Зиёдшавии умри миёнаи сокинони мамлакат ҳам ба фаъолияти фирмаҳои гуногун таъсир мерасонанд. Таъсири конкретии онҳо ба фаъолияти кадом фирмаҳо чи тавр дар мисоли дақиқ бояд нишон дод.

Ба фаъолияти фирмаҳо (корхонаҳо) омилҳои зерини таркиби аҳолӣ ба монанди:

-таркиби оила, шумораи он, тарзи зиндагии мардум;

-мигратсияи аҳолӣ, на фақат дар дохили мамлакат, балки берун аз ҳудуди он;

-баландшавии сафи маълумотнокии афзоиши шумораи хизматчиён;

-ташкили бозорҳои шабона ва ғайра.

Таъсири ҳар яки ин омилҳоро ба фаъолияти фирмаҳои гуногун бо мисолҳои мушаххас бояд нишон дод.

Ба фаъолияти фирмаҳо омилҳои иқтисодӣ таъсири назаррас мерасонанд, чунки дар бозор имконияти харида гирифтани мол аз тарафи истеъмолкунанда аҳамияти калон дорад. Имконияти харида гирифтани мол аз тарафи истеъмолкунанда (истифодабарранда) вобаста аз:

-даромади ҷорӣ (даромади солона);
-нархи як воҳиди мол;
-маблағи ғун карда;
-дастраси карегирӣ ( кредит) ва ғайраҳо.
Аз ин рў фирмаҳо (корхонаҳо) бояд донанд, ки кадом гурўҳ молҳоро ба кадом гурўҳи (қисми) бозор пешниҳод кунанд. Бинобар ин пешниҳоди молҳои қимматҳои гуногундошта бозори худро ёфта тавонад. Стратегияи пешниҳоди молҳои гуногуннархро дар мисолҳои мушаххаси ҷумҳурӣ бояд фаҳмонида дод. Мисол: автомобилҳои замонавӣ ва молҳои қимматбаҳои тиллоиро ба кадом қисми бозор пешниҳод кард.
Одатан истеъмолкунандагони синфи миёна сару либоси қимматбаҳо, хонаи дуйумро харидорӣ мекунанд.
Коргарони оддӣ фақат молҳои заруриро харида мегиранд.
Нафақахўрон ва донишҷўён кадом гурўх молҳоро харидорӣ мекунанд.
Ходимони бозор бояд тақсимоти даромадро аз рўи принсипҳои ҷуғрофӣ низ ба ҳисоб гиранд. Аз ин хотир кўшиши худро бисёртар ба ноҳияҳои ояндадор равона кунанд.
Ҳамин тавр чор гурўҳ омилҳои боқимонда низ ба фаъолияти фирмаҳои гуногун таъсири мусбӣ ё манфӣ расонида метавонанд. Вазифаи асосии фирмаҳо (корхонаҳо) аз пешгирии таъсири манфии ин омилҳо иборат аст.

пешина
аз 91
навбатӣ