Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Баъд аз мутолиаи ин мавзўъ донишҷў бояд ба саволҳои зерин ҷавоб дода тавонад:

  1. Омилҳои асосии микромуҳит ва макромуҳит кадомҳоянд?
  2. Таъсири омилҳои микромуҳит ва макромуҳит ба фаъолияти фирмаҳо (корхонаҳо) бо кадом нишонаҳо фарқ мекунанд.
  3. Барои чи ходимони бозор бисёртар дигаргуншавии (тағйирёбии) таркиби аҳолиро ба инобат мегиранд?
  4. Чӣ тавр доираи маданӣ ба одати харидорони одамон таъсир мерасонанд?
  5. Барои чи фирма(корхона) ба омилҳои макромуҳит таъсир расонида наметавонад?

БОЗОРИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
ВА РАФТОРИ ХАРИДОРОН

  1. Намунаи рафтори харидорон

  2. Сифати (тавсифи) харидорон

  3. Раванди (протсеси) қабули қарор оид ба харид

  4. Тарзҳои гуногуни қабул кардани қарор оид ба хариди молҳои нав

  5. Намунаи рафтори харидорон Ходимони бозор дар садсолаҳои пеш бо истеъмолкунандагон молҳои хешро дар рафти вохўриҳои ҳаррўза шинос мекунанд. Дар ҳолати зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли моли фирма имконияти бевоситаи шиносоӣ бо харидорони худ ғайриимкон мегардад. Акнун идоракунандагони бозор маҷбур мешаванд, ки бештар тадқиқотҳо оид ба рафтори харидорон гузаронанд.
    Акнун маркетологҳо вақти зиёдро барои омўхтани харидорон дар бораи муайян кардани ҳолатҳои зерин мегузаронанд:
    -маҳз ки мехарад?
    -маҳз кай мехарад?
    -маҳз чи тавр мехарад?
    -маҳз дар куҷо мехарад?
    -маҳз барои чи мехарад?
    Барои тезондани суръати фурўши мол фирма (корхона) ин ҳолатҳои харидориро бояд аниқ кунад.
    Дар замони ҳозира фирмае (корхонае), ки ҳиссиёти харидоронро ба тавсифи (характеристикаи) гуногуни молҳо, нарх, асосҳои (далелҳои) реклама аниқ муайян карда тавонад одатан дар назди рақибон бартарии чашмрасро ба даст меорад. Бинобар ин фирма, ходимони илмии он, хизмати маркетингӣ ба гузаронидани тадқиқотҳо барои муайян намудани вобастагии байни омилҳои бедоркунии маркетинг ва ҳиссиёти ҷавобии харидорон мароқи зиёде зоҳир намоянд.

пешина
аз 91
навбатӣ