АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Барои харидорӣ кардани молҳои характеристикааш аҷабдошта ё худ молҳои тамғаноки алоҳида харидорони потенсиалӣ тайёранд кўшиши иловагии тиҷоратӣ ба харҷ диҳанд ( тамғаи мушаххас ва типи молҳои мудӣ-автомобилҳо, стерео аппаратураҳо, таҷҳизотҳои суратгирӣ). Мисол, автомобили «Мерседес» барои бисёрии харидорон моли талаботи махсус ба шумор меравад.
Молҳои талаботи ғайрифаъол - молҳое, ки истеъмолкунанда намедонад ё худ донад, ҳам оид ба хариди ў фикр намекунад (мошинаҳои ошхона барои аз нав кор карда баромадани маҳсулоти хўрокворӣ, суғуртаи ҳаёт, замини қабр …).
Молҳои дар саноат истифодашандаро ба тасниф аз ҳисоби дар раванди истеҳсолот иштирок намудан ва қиммати нисбиашон дохил карда мешавад.
Қоидаҳои ба молҳо додани тамға
Дар вақти кор карда баромадани стратегияи молҳои мушаххас фурўшанда бояд қарор кунад, ки молҳои хешро ба бозор ҳамчун тамғанок пешниҳод мекунад. Тасаввурот оид ба молҳои тамғанок аҳамияти қимматнокии онҳоро баланд мебардорад. Бинобар ин фирмаҳо кўшиш менамоянд, ки ба бозор молҳои тамғанок пешниҳод намоянд.
Пеш аз додани номҳои тамғанок истеҳсолкунандагон (фурўшанда) бояд ифодаи мафкураҳои зеринро бо хуби донад:
-тамға-ном, истилоҳ, аломат, символ, расм ё худ якҷоягии онҳо, ки барои муқарраркунии ҳамшаклии молҳои як фурўшанда аз гурўҳи фурўшандагони дигар ва фарқкунонии ин молҳо аз молҳои рақибон истифода бурда мешавад.
-номи тамғагӣ;
-нишонаи тамғагӣ;
-нишонаи молӣ;
-ҳуқуқи муаллиф (истеҳсолкунанда).
Номҳои тамғагӣ бояд тасодуфӣ набошанд, баръакс онҳо тассавуротро оид ба мол мустаҳкам намояд.
Дар номҳои тамғагӣ сифатҳои дилхоҳи зерин бошад:
-номи тамғагӣ бояд ишораи фоидаро нигоҳ дошта бошад;
-номи тамғагӣ бояд ишораи сифати молро нигоҳ дошта бошад;
-номи тамғагӣ бояд барои талаффуз кардан, дониста гирифтан ва дар ёд доштан осон бошад (Ширин, Ҷамшед…);
-номи тамғагӣ бояд аз номҳои тамғагии рафиқон бо кулли фарқ кунад.
Одатан барои истеҳсолкунандагоне, ки номи худро ба гурўҳи тамғагӣ гузарониданианд се усули асосиро истифода бурда метавонанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё