АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

-молро ба бозор метавонанд бо тамғаи худи истеҳсолкунанда бароранд (пешниҳод) намоянд);
-истеҳсолкунанда метавонад молро ба миёнарав фурўшад, то ки ў тавонад ба мол тамғаи шахсии худро гузорад (диҳад);
-истеъмолкунанда метавонад қисми молро бо тамғаи худ фурўшад, қисми боқимондаашро бо тамғаи шахсӣ.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар бозори бисёрии мамлакатҳои тараққикарда аксарияти молҳо бо тамғаи истеҳсолкунада фурўхта мешаванд.
Дар вақти кор карда баромадани молҳои тамғагӣ истеҳсолкунанда оид ба дараҷаи сифат ва дигар хусусиятҳои онҳо қарори дуруст қабул намояд, ба хотири таъминоти дастгирии мавқеи тамға дар байни рақибон.
Сифат ин қобилияти ҳисобии молҳои тамғагӣ, ки вазифаи худро пурра иҷро менамоянд. Ба мафҳуми сифат инҳо шомиланд:
-дарозумрии молҳо;
-боэътимодии молҳо;
-аниқ будани молҳо;
-дар истифодабарӣ, оддӣ будани молҳо;
-дигар хусусиятҳои молҳо.
Ҳозир оид ба проблемаи додани гузаштани номи тамғагӣ чор нуқтаи назар мавҷуд аст:
а) номи тамғагии индивидуалӣ; б) номи тамғагии ягона; в) номи тамғагии коллективӣ; г)номи тамғагии тиҷоратӣ бо якҷоягии номи тамғагии индивидуалӣ.
Дар ҳолати истифодабарии стратегияи якум фирма (корхона) ба ҳар як номгўи мол истеҳсолкунанда номи тамғагии алоҳида, яъне индивидуалӣ мегузорад. Дар инҷо натиҷаи манфии фурўши як номгўи мол одатан ба дигар номгўи молҳо таъсир намерасонад. Агар стратегияи дуюм истифода бурда шуда бошад, ба фурўш нарафтани як номгўи мол ба фаъолияти тиҷоратии фирма (корхона) таъсири манфӣ расонида метавонад.
Стратегияи сеюм на чоруми тамғагузориро муаллим бо мисолҳо мушаххас бояд фаҳмонад.
Моле, ки ба номи тамғаи аниқ ба муваффақият ноил гаштааст васеъ кардан зарур аст.
Қисми зиёди фирмаҳо (корхонаҳо) кўшиш мекунанд, ки ҳамаи моли худро бо як номи тамғагӣ ифода намоянд. Баъзе компанияҳо стратегияи бисёртамғагиро истифода мебаранд. Стратегияи бисёртамгагӣ тақозо мекунад, ки фурўшанда дар дохили як тоифа (категория) мол ду ва зиёда номи тамғагӣ гузорад. Бори аввал ин усули маркетингиро корпоратсияи «Проктер энд Гембл», дар вақти ба бозор пешниҳод намудани хокаҳои ҷомашўӣ истифода бурда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё