Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Аҳамияти идораҳои хизматрасонӣ
Яке аз унсурҳои асосии сиёсати мол ин дараҷаи хизматрасонӣ ба шумор меравад. Хизматрасонии ночиз ҳам барои мол роли муайянро бозӣ мекунад. Барои дуруст ташкил намудани хизмати маишӣ дар назди ходимони бозор қабули се намуди қарор истодааст:
-кадом намуди ёриро ба доираи хизмати маишии мардум дохил намудан мумкин;
-кадом сатҳи хизмати маиширо пешниҳод кард;
-кадом шакли хизматрасониро ба мизоҷон пешниҳод кард.
Ходимони бозор (хизмати маркетингӣ) барои муайян кардани намудҳои асосии хизматрасонӣ ва аҳамиятнокии ҳар яки онҳо вазифадоранд, ки талаботи истеъмолкуннадагонро пурра омўзанд. Мисол, харидорони ҳақиқии таҷҳизотҳои саноатӣ 13 намуди омилҳои хизматрасониро аз рўи кам шуда рафтани аҳамиятнокӣ номбар намуданд:
-эътимоднокии таъминот;
-ба тариқи фаврӣ додани пешниҳод оид ба нарх;
-имконияти гирифтани маслиҳати (консултатсияи) техникӣ;
-шароити камкунии (скидки) нархи мол;
-хизматрасонӣ баъд аз фурўши мол;
-андозаи шабакаи савдо;
-ташкили оддии ҳамкорӣ (алоқа);
-кафолати ивази мол;
-имконияти васеи истеҳсолии таъминкунанда;
-имконияти кор карда баромадани мол аз рўи намунаи индивидуалӣ;
-имконияти додани қарз;
-мавҷуд будани таҷҳизот барои санҷиш; мавҷуд будани таҷҳизот барои кор карда баромадани беихтиёрона (механическая).
Ин усули ба тартиб додани омилҳо харидорро водор мекунад, ки ў аққалан аз рақиб мувофиқӣ:
-эътимоднокии таъминот;
-ба тариқи фаврӣ додани пешниҳод оид ба нарх;
-имконияти додани маслиҳати (консентратсия) техникӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки онҳоро харидорон ниҳоят муҳим мешуморанд, бартарӣ дошта бошад.
Ҳамавақт истеъмолкунандаро сифати хизматрасонӣ ҳавасманд мекунад, на балки ҳаҷм. Барои гирифтани қарз мизоҷон маҷбуранд дар навбат истанд, пас онҳо метавонанд бонкро иваз кунанд. Бинобар он барои харидорон сатҳи хизматрасонӣ аҳамияти калон дорад (мисоли корпоратсияи бародарон «Макдональс»-ҳоро овардан айни муддаост.

пешина
аз 91
навбатӣ