АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Ходимони бозор бояд пешниҳоди кадом шакли хизматрасониҳои гуногунро ҳал кунанд. Фирмаи «Зенит» оид ба таъмири телевизорҳо кадом намуди хизматрасониро пешниҳод карда метавонад. Ў аз се имконият якеро интихоб карда метавонад:
а)пешниҳоди таъмири бепули телевизор дар як сол аз вақти харид; б)созишномаро барои расидани хизмат ба фирмаи дигар мефурўшад; в)таъмири мушаххасро пешниҳод накарда, таъмирро ба ихтиёри мутахассисон монад.
Стратегияи коркарда баромадани моли нав
Маълум, ки афзоиши дигаргуншавии талабот, технология ва ҳолати рақибон, фирма аз мавҷудоти гурўҳҳои молҳои муқаррарӣ қонеъ шуда наметавонад, аз ин рў будани молҳои нав зарур аст. Бинобар ин дар ҳар як фирма (корхона) бояд барномаи кор карда баромадани молҳои навро дошта бошад.
Фирма (корхона) метавонад бо ду усул моли навро пайдо кунад:
-дар натиҷаи аз берун харида гирифтан (харида гирифтани ягон фирма, патент, рухсатнома (лицензия) барои истеҳсоли моли корхонаи бегона);
-бе кўшиши шахсӣ, яъне аз ҳисоби дар корхонаи хеш ташкил намудани шўъбаи тадқиқот ва коркардабароӣ.
Истеҳсоли моли аҷиб, тарзҳои беҳтар карда, ё худ тағйир додани шакли молҳои муқаррарӣ, инчунин тамғаҳои нави истеҳсолкунанда моли нав номида мешавад.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар бозори молҳои сермасраф 40% молҳои нави пешниҳодшуда, дар бозорҳои молҳои дар саноат истифодашаванда-20%, дар бозори хизматрасонӣ-18% ба нобарорӣ дучор мешаванд.
Ба нобарорӣ дучор шудани пешниҳодҳои нави фирмаҳо (корхонаҳо) сабабҳои ба худ хос доранд. Аз инҷо дар назди фирма чунин вазифа истодааст: аз як тараф кор карда баромадани молҳои нав заруранд, аз тарафи дигар, имконияти ба муваффақият ноилшавӣ на он қадар зиёд аст.
Барои ҳамин ҳам мутахассисон бояд ҳар як давраи эҷод кардани моли навро ҷиддӣ кор карда бароянд.
Давраҳои асосии кор карда баромадани молҳои нав чунинад:
-ташаккули ғоя (идея);
-хоста гирифтани ғоя;
-кор карда баромадани мақсад ва тафтиши он;
-кор карда баромадани стратегияи маркетинг;
-таҳлили имконияти истеҳсолот ва фурўш;
-кор карда баромадани мол;
-санҷидани мол дар шароити бозор; -вусъатдиҳии тиҷоратии истеҳсолот.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё