Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Хулоса фирма (корхона) банд кардани қисми муайяни бозорро ба нақша мегирад, то ки фоидаи софро аз рўи маблағи истифодашуда ба фоизи муайян расонад.
Баъд қабул кардани қарор оид ба мақсади (нияти) мол ва стратегияи маркетингӣ роҳбарияти фирма(корхона) ба баҳодиҳии шавқоварии пешниҳоди касбӣ шурўъ менамояд. Барои ин нишондиҳандаҳои пешакии фурўшу, хароҷотҳо ва фоидаҳоро таҳлил менамояд. Агар натиҷаи таҳлил қаноатбахш бошад оид ба ба мақсадҳои фирма мувофиқат кардани онҳо фирма ба давраи бевоистаи кор карда баромадани мол шурўъ менамояд.
Баъд аз бомуваффақият тай намудани давраҳои 3-5, давраи НИОКР оғоз меёбад, дар инҷо ният (мақсад) бояд ба моли реалӣ (ҳақиқӣ) мубаддал шавад. Дар ин давра таҷассумшавии ғоя (идея) дар моли ҳақиқӣ, фоиданокӣ аз нуқтаи назари техникӣ ва тиҷоратӣ муайян карда мешавад.
Шўъбаи тадқиқот ва кор кардабароӣ як ё якчанд тарзи (варианти) муҷассамаи нияти молро меофарад ба мақсади он, ки тимсоли (ҳамшакли) ў талаботҳои зеринро қонеъ кунонида тавонад.
-истеъмолкунандагон ўро ҳамчун барандаи хосиятҳои асосии дар максади мол ифодаёфта қабул мекунад;
-ў дар шароити мукаррарӣ истифода бурда бехатар ва бо эътимод кор мекунад;
-арзиши аслии ў аз сметаи ба нақша гирифтаи хароҷотҳои истехсолот баланд нест.
Дар тимсол бояд ҳамаи хусусиятҳои (характеристика) функсионалии зарурии моли оянда муҷассам ёфта бошад.
Пас аз дар байни бозори истеъмолкунандагон санҷиши функсионалӣ гузаштан, барои дар шароити бозор гузаронидани санҷиш, фирма миқдори муайяни моли навро истехсол мекунад, яъне дар шароити наздик ба реалӣ фикри истеъмолкуннадагон ва дилерҳои (агентҳои савдо) мефаҳмид ҳаҷми бозорро муайян кунад.
Баъд аз ба итмом расидани санҷиш фирма, (корхона) оид ба мақсад мувофиқ будани истеҳсоли моли нав қарори охирини худро мебарорад.
Дар вақти ба моли нав ба бозор баромадан, фирма бояд ҳал намояд, ки моли навро кай, дар куҷо, ба ки ва чи тавр пешниҳод кунад.

Муносибат ба марҳилаи ҳаёти мол
Фермер моли навро ба бозор пешниҳод намуда, ибодат мекунад, ки ў умри дароз бинад. Аммо ягон мол абадӣ зинда нест и ягон шахс бояд умедвор нашавад, ки мол абадӣ ба манфиати калон ба фурўш меравад. Одатан, ҳар як намуди мол мафҳуми ҳаёти хешро дорад.

пешина
аз 91
навбатӣ