Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Коркарда баромадани моли нав аз ҷустуҷўи ғоя оғоз меёбад. Ҷустуҷўи ғоя бояд пай дар пай бошад. Фирма метавонад ин ғояро пайдо кунад, вале бисёрии онҳо қабул намешаванд.
Манбаъҳои ғояе, ки барои офаридани моли нав лозиманд, шартан ба гурўҳҳои зерин тақсим мешаванд:

  1. Истеъмолкунандагон 2. Олимон 3. Молҳои рақибон 4. Коргарони савдо ва дилери фирмаҳо 5. Ихтироъкорон Ҳамаи ин гурўҳ шахсон мувофиқи қобилияти худ метавонанд ба фирма (корхона) ғояҳои гуногун оид ба офаридани моли нав пешниҳод намоянд.
    Мақсади фаъолияти ибтидоии корхона оид ба ташаккули ғоя аз кор карда баромадани шумораи бисёри онҳо иборат аст. Қадами аввалин дар ин ҷода хоста гирифтани ғоя аст.
    Мақсади асосии хоста гирифтан барои муайян кардани ғояи ночиз равона карда шудааст, то ки фирма аз кор карда баромадани ин хел ғояҳо даст кашад.
    Баробари ба итмом расидани раванди хостагирӣ, ғояро ба нияти мол табдил додан зарур аст. Дар инҷо бояд ғоя, ният ва симои мол фарқ карда шавад.
    Ғояи мол- тасаввури умумӣ оид ба имконияти молҳои фирма метавонад ба бозор пешниҳод намояд.
    Нияти мол-тарзи кор карда баромадаи ғояе, ки барои истеъмолкунанда бо мафҳуми аҳамиятнок ифода ёфтааст.
    Симои мол- тасаввуркунии мушаххасе, ки дар мафкураи истеъмолкунанда ҳамчун моли ҳақиқии мавҷуда ё потенсиалӣ ҷой шудааст.
    Мақсади тафтиши ният дар гурўҳи мақсадноки бозор, санҷидани ҳамаи тарзҳои кор карда баромадаи ният аст.
    Стратегияи маркетинг аз се қисм иборат аст. Дар қисми якум ҳаҷм, таркиб ва рафтори бозорҳои мақсаднок, вогузории тахминии мол, инчунин нишондиҳандаҳои ҳаҷми фурўш, ҳиссаи бозор ва фоидаи солҳои наздик тасвир карда мешавад.
    Дар қисми дуюми стратегияи маркетинг маълумоти умумӣ оид ба нархи тахминии мол, нуқтаи назари умуми оид ба тақсимоти мол ва хароҷоти сметавии соли аввал барои макетинг.
    Дар қисми сеюми стратегияи маркетинг мақсади тараққиёти оянда (перспектива) аз рўи нишондиҳандаҳои фурўш ва фоида, инчунин муносибатҳои дурударози стратегӣ оид ба шакли муайян даровардани комплекси маркетингӣ нишон дода мешавад.
пешина
аз 91
навбатӣ