АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

*агар аз тарафи шумораи зиёди харидорон сатҳи баланди талаботи ҷорӣ мушоҳида карда шавад; *хароҷоти истеҳсолоти камҳаҷма то андозае баланд, ки манфиати молиявии фирмаро паст карда тавонад; *нархи баланди ибтидоӣ рақибони навро ҷалб намекунад; *нархи баланд сифати баланди симои молро нигоҳ медорад.
Фирмаҳои (корхонаҳои) дигар барои молҳои нави худ бо мақсади шумораи зиёди харидорон ҷалб намудан ва истилои ҳиссаи бисёри бозор нархи паст муқаррар мекунад.
Барои муқаррар кардани нархи паст шароитҳои зерин мусоидат менамояд:
*бозор ба нархҳо ниҳоят ҳассос (чувствителен), нархи паст барои васеъкунӣ мусоидат мекунад; *баробари афзоишу ҳаҷми истеҳсолот хароҷоти вай ва хароҷоти тақсимоти мол кам мешавад; *нархи паст барои харидорони ҳозирбуда ва рақибони потенсиалӣ шавқовар мебошад.
Фирмаҳое, ки кор карда баромадани моли навтаклифро ба нақша мегирад ба проблемаи вогузории он дучор мешавад. Вай бояд оид ба вогузории моли нав аз рўи нишондиҳандаҳои сифат ва нарх қарор қабул намояд.
Стратегияи пайдошавии нарх аз рўи қарори қабул кардаи пешакӣ оид ба вогузории мол дар бозор муайян карда мешавад. Чи қадаре, ки таасурот оид ба мол равшан бошад, муқаррар кардани нарх ҳамон қадар осон мегардад.
Нархи молро метавон аз рўи принсипи ҷуғрофӣ муайян намуд, яъне дар қисмҳои гуногуни мамлакат бо усулҳои ҳархела:
-нарх вобаста бо арзиши мол ($100) муқаррар карда шуда, хароҷоти нақлиётро то ҷои аниқ ҳамроҳ мекунанд;
-нархи ягонае, ки ба ў хароҷоти таъминот ҳамроҳ карда мешавад;
-нархҳои минтақавӣ, нархҳои миёнаи байни ФОБ ва ягона;
-муайянкунии нарх аз рўи пункти базавӣ (ягон шаҳре, ки фурўшанда интихоб мекунад);
-фирма-фурўшанда вақти муқаррар намудани нарх хароҷоти таъминотро ба гардани худ мегирад. Ин усул барои ба мақсадҳои зерин ноилшавӣ истифода бурда мешавад.
*васеъ намудани ҳаҷми фаъолият ва паст кардани хароҷот, ҳамин тариқ рупўш намудани хароҷоти нақлиёт; *ба бозорҳои нав даромадан, инчунин нигоҳ доштани мавқеи худ дар бозорҳои рақобати пуршиддат (шадид).
Бо мақсади мукофотонидани харидороне, ки ба фирма (корхона) хайрхоҳӣ мекунанд нархи моли мефурўхтагии фирма кам (скидака) карда мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё