Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Дар натиҷаи таъсири омилҳои зиёде нарх метавонад паст шавад. Яке аз сабабҳои пастшавии нарх аз ҳисоби набудани гардиши нормаи мол, пурра истифода нашудани иқтидори истехсолии корхона.
Ҷиҳати дуюм, дар натиҷаи таъсири пурхашмонаи рақобати нархи кам шудани ҳиссаи бозор. Мисол, пас аз ба бозори Штатҳои Муттаҳидаи Америка ворид шудани асбобҳои электронии рўзғор, фотокамера, соат, пўлод ва ғайраҳо нархи молҳои америкоӣ хело паст шуд.
Фирма бо ташаббуси худ нархи молро кам мекунад дар ҳолати бо нархи арзон мавқеи худро дар бозор мустаҳкам карда метавонад. Барои ин фирма ё якбора ба бозор ба нархи паст мебарояд, ё якум шуда нархро паст мекунад, ба умеди ба даст даровардани ҳиссаи бозор, кадоме аз ҳисоби афзоиши ҳаҷм кам кардани хароҷоти истеҳсолиро таъмин мекунад.
Дар солҳои охир фирма (корхона) маҷбур аст, ки нархи моли худро баланд бардорад.
Яке аз омилҳое, ки барои баланд бардоштани нарх сабаб мешавад ин натиҷаи афзоиши хароҷот беқурбшавии устувори пул мебошад.
Сабаби дигари баландшавии нарх аз ҳад зиёд шудани талабот. Вақте, ки фирма (корхона) эҳтиёҷоти истеъмолкунандагонро пурра қонеъ кунонида наметавонад, маҷбур аст нархро баланд карда, тақсимоти молро мувофиқи нақша ташкил кунад.
Пасту баландшавии нархро харидорон фавран ҳис менамояд.
Пастшавии нарх истеъмолкунандагон чунин мефаҳманд:
-ивазкунии мол бо модели дермонда;
-моли пешниҳодшуда нуқсон (камбудӣ) дорад;
-аз нуқтаи назари молия аҳволи фирма вазнин;
-ин имои он аст, ки ба наздикии нарх боз паст мешавад.;
-ифодаи пастшавии сифати мол.
Баландшавии нарх ҳам ба истеъмолкунандагон таъсир мерасонад.

Ҳиссиёти фирма на тағйирёбии нархи моли рақибон

Ба тағйирёбии нархи моли рақибон эътино (парво) кардани фирма зарур аст ё не.
Барои ин фирма бояд фикр кунад.

  1. Барои чи рақиб нархро тағйир дод?
    *барои истилои (фатҳи) бозор;
    *барои пурра истифодабарии иқтидори истеҳсолӣ;
    *барои ҷуброн кардани хароҷоти тағйирёфта.
  2. Рақиб тағйирёбии нархро ба нақша муваққатӣ ё доимӣ гирифта истодааст.
пешина
аз 91
навбатӣ