АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Якум: қувваи истеҳсолкунандаи хурд бо назардошти маҳдуд будани захираҳои молиявӣ ташкил ва нигоҳ доштани маркетинги мустақим намерасад.
Дуюм: дорои маблағи зарурӣ буда, истеҳсолкунанда воситаҳои хешро барои рушди истеҳсолот равона менамояд, на балки барои ташкили савдои яклухт.
Сеюм: самаранокии фаъолияти фурўшандагони яклухт қариб, ки аз ҳисоби вусъат додани амалиёт, шумораи зиёди ҳамкорӣ дар доираи чаканафурўш ва доштани дониши тахассусӣ баланд мебошад.
Чорум, чаканафурўшоне, ки ба хешҳои васеи гурўҳҳои мол сару кор доранд, бисёр вақт хамаи молҳоро аз фурўшандаи яклухт мехаранд, на балки қисм-қисм аз истеҳсолкунандагони гуногун.
Ҳамин тавр ҳам чаканафурўшон ва ҳам истеҳсолкунандагон ба хизмати фурўшандагони яклухт муроҷиат менамоянд.
Дар вақти ёрии онҳо самаранок иҷро намудани яке аз функсияҳои (вазифаҳои) зерин хизмати фурўшандагони яклухтро истифода мебаранд:
- Фурўш ва ҳавасмандкунии он.
- Харид ва ташаккули гурўҳҳои мол.
- Тақсимоти миқдори бисёри мол ба қисмҳои майда (хурд).
- Чорабинии мол дар анборҳо.
- Боркашонӣ.
- Маблағгузорӣ.
- Қабули хавф.
- Имконияти додани маълумот оид ба бозор.
- Хизматрасонӣ оид ба идоракунӣ ва хизмати консултатсионӣ.
Савдогарони яклухт-муассисаҳои тиҷоратии мустақиле, ки ба ҳамаи молҳо сару кордошта ҳуқуқи соҳиби молу мулк будан пайдо мекунанд.
Савдогарони яклухт дар ду намуд вомехўранд.
*хизматрасонӣ бо марҳилаи пурра; *хизматрасонӣ бо марҳилаи маҳдуд.
Савдогарони яклухте, ки бо марҳилаи пурра хизмат мерасонанд, одатан хизматҳои зеринро пешкаш менамоянд: нигоҳдории захираҳои молӣ ва муҳайё намудан ба фурўшандагон, қарздиҳӣ ва расонидани кўмак дар соҳаи идоракунӣ.
Фурўшандагони яклухт ба зергурўҳҳои зерин тақсим мешаванд:
*фурўшандагони яклухт гурўҳи молҳои омехта.
*фурўшандагони яклухти на он қадар васеи гурўҳи сероби молҳо.
*фурўшандагони яклухти маҳдудихтисос.
Фурўшандагони яклухти марҳилаи хизматрасонии маҳдуд дошта ба таъминкунандагон ва мизоҷони худ хизмати хеле кам пешкаш менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё