АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Вазифаи маркетинг новобаста аз тезу тунд шудани рақобат, дараҷаи талаботро нигоҳ дошта тавонад. Корхона (фирмаҳо) бояд оид ба сифати моли хеш ва дараҷаи хизматрасонӣ ба харидорон ғамхорӣ зоҳир намояд.
- Талаботи аз ҳад зиёд. Агар талабот ба моли баъзе корхонаҳо (фирмаҳо) назар ба пешниҳод хело зиёд бошад фирмаҳои дигар имконияти талаботро пурра конеъ кунонидан надоранд. Мисол: талабот ба молҳое, ки аз тилло сохта шудаанд. Дар лексия сабаби ин бояд кушода шавад.
Дар ин ҳолати талабот шўъбаи маркетинг стратегияи демаркетингро истифода мебарад.
Ин стратегия дар лексия бо мисоли коркретӣ муфассал фаҳмонида дода мешавад.
- Талаботи ғайриратсионалӣ (номақул, беақлона).
Дар ҳаёти реалӣ ба баъзе молҳое, ки ба ҳаёт зарароваранд талабот вуҷуд дорад (маводи наъша ва ғайра) Вазифаи маркетинг аз он иборат аст, ки одатҳои номатлуб даст кашидан чорабиниҳои мушаххас тартиб диҳад.
- Консепсияҳои идоракунии маркетинг
Чи тавре дар боло гуфта гузаштем мақсади идоракунии маркетинг аз он иборат аст, ки дар бозорҳои гуногун барои ба даст даровардани дараҷаи баланди фурўш шароит муҳайё кунад. Маълум, ки фаъолият дар доираи маркетинг бояд аз рўи ягон ақида (консепсия) баҷо оварда шавад.
Дар шароити бозоргонӣ фаъолияти тиҷоратии корхона аз рўи панҷ консепсияи маркетинг амал мекунад:
-консепсияи мукаммалгардонии истеҳсолот.
Ин консепсия асосан дар ду ҳолати бозор истифода бурда мешавад:
Якум: дар ҳолати аз ҳисоби хаҷми пешниҳоди маҳсулот таъмин карда натавонистани талабот;
Дуюм: дар ҳолати дастрас набудани нархи як воҳид маҳсулот.
Дар ин ҳолатҳо фирма(корхона) бояд барои зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот чораҳои зарурӣ андешида барои паст кардани нархи фурўши маҳсулот, арзиши аслии истеҳсолотро кам кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё