Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Ин ҳолатҳо ба донишҷўён дар мисолҳои мушаххаси реалии ба ҳаёт мутобиқ буда фаҳмонида мешавад.

  • Консепсияи такмилдиҳии мол. Қайд кардан зарур аст, ки агар сифати маҳсулот паст бошад ва хосиятҳои истифодабарии мол ба талабот ҷавобгў набошад харидорон моли корхонаро намехаранд. Ҳар як харидор аз ҳисоби имконияти иқтисодии хеш он молҳоро харида мегирад, ки онҳо хосиятҳои истифодабарӣ ва истеҳсолии беҳтарин дошта бошад. Мисол: зардолуи хушки қандак ва хасак, кадомашро истеъмолкунанда бояд харад. Дар кадом вақт ва бо кадом мақсад харидор ангури ҳусайнии сафед ё тоифии гулобро харида метавонанд.

  • Консепсияи бошиддатгардонии кўшиши тиҷоратӣ

Аз рўи принсипи ин консепсия агар корхона дар доираи фурўш ва ҳавасмандкунӣ кушиши иловагӣ ба харҷ надиҳад, истеъмолкунанда ба миқдори зарурӣ моли фирмаро (корхонаро) харида намегирад.

Ин консепсия барои харида гирифтани ҳамаи молҳо, хусусан молҳои талаботи ғайрифаъол ва баланд бардоштани суръати фурўш истифода бурда мешавад.

Дар лексия аҳамияти ин консепсия ба донишҷўён дар мисолҳои гуногун муфассал фаҳмонида мешавад.

-Консепсияи маркетинг. Мувофиқи принсипҳои ин консепсия корхона(фирма) бояд ҳаҷми мўҳтоҷӣ ва талаботро муайян намуда, онҳоро бо усулҳои сермаҳсултар ва самараноктар қонеъ гардонад. Ин чунин маънӣ дорад, ки агар корхонаҳо ин усулҳоро сари вақт истифода бурда натавонад, ки истеъмолкунанда молҳои он (фирмаро) корхонаҳоро ба тезӣ харида намегиранд.

Қонеъ гардонидани мўҳтоҷӣ ва талаботи истеъмолкунандагонро дар мисоли корпоратсияи бародарон «Макдоналс» муффасал фаҳмонидан ба мақсад мувофиқ аст.

-Консепсияи одобу ахлоқи маркетинг

Вазифаи асосии фирма (корхона) муайян кардани мўҳтоҷӣ талабот, манфиати бозорҳои мақсаднок ва таъминоти хоҳиши истеъмолкунандагон бо усулҳои боз ҳам сермаҳсул, самаранок, нигоҳ доштан ё худ баланд бардоштани некўаҳволӣ истеъмолкунанда дар ҷамъият аст.

Аҳамият ва роҳҳои истифодабарии ин консепсияро бояд фаҳмонд.

пешина
аз 91
навбатӣ