Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Дар мисоли мушаххас баъзе ҳодисаҳои ногаҳоние, ки ба бозори истеъмол пешкаш карда мешавад нишон медиҳем:

*Фаронсавии миёнаҳол воситаҳои косметикӣ ва асбобҳои ороиширо назар ба занаш ду баробар зиёд истифода мебарад;

*Олмониҳо ва Фаронсавиҳо назар ба итолиёвиҳо макарони тамғаноки
қадоқшударо бисёртар истеъмол мекунанд;

*бачаҳои итолиявӣ ҳамчун хўроки сабук плиткаи шоколадро байни нон монда
хўрданро дўст медоранд;

*дар Танзания занҳо ба бачаҳои худ аз тарси рехтани мўйи сар ва безурёт мондан барои хўрдан тухмро намедиҳанд.

Мақсади баромадан ба бозорҳои хориҷӣ

Фирмаҳо бо ду роҳ ба маркетинги байналхалқӣ ҷалб карда мешаванд: ё ягон кас бо илтимос муроҷиат мекунад, ки дар бозори хориҷӣ фурўши молро ташкил кунад, ё худаш ба бозори хориҷӣ баромаданро фикр мекунад. Мумкин, ки иқтидори истеҳсолии ў аз талаботи бозори ватанӣ барзиёд ё худ дар бозори хориҷӣ имконияти маркетинги мусоидро мебинад.

Фирма (корхона) то ба бозори хориҷӣ баромадан бояд вазифа ва директиваи (дастури) сиёсии маркетинги байналхалқии худро аниқ муайян намояд. Якум: чанд фоизи ҳаҷми умумии фурўши молро дар бозори хориҷӣ баҷо меорад. Дуюм: фирма бояд қарор қабул кунад, ки ба маркетинг якчанд, ё худ якбора дар бисёри мамлакатҳо машғул шавад.
Сеюм, фирма бояд ҳал кунад, ки дар кадом шакли мамлакатҳо мехоҳад фаъолият намояд.
Шавқоварии мамлакат аз молҳои пешниҳодшудаистода, омилҳои ҷуғрофӣ, сатҳи даромад, таркиб ва шумораи аҳолӣ, муҳити сиёсӣ ва дигар хусусиятҳо вобаста мебошад.

Фурўшанда метавонад ба гурўҳи муайяни мамлакатҳо ё минтақаҳои муайяни ҷаҳон хайрхоҳӣ зоҳир намояд. Фирма барои интихоби бозори хориҷӣ аз рўи меъёрҳои зерин ба гурўҳҳои алоҳида тақсим менамояд:

*миқдори бозор;

*ҷараёни тараққиёти бозор;

*хароҷоти бурдани кор (фаъолият);

*бартарии рақобатӣ; *дараҷаи хавф.

пешина
аз 91
навбатӣ