Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Нарх

Бисёр вақтҳо истеҳсолкунанда дар бозорҳои хориҷӣ ба моли худ нархи пастро мегузорад. Агар чанде фоида кам шавад ҳам, паст кардани нарх барои ташкили фурўши мол зарур аст.

Каналҳои тақсимот

Фирмае, ки дар бозори байналхалқӣ баромад менамояд, ба истеъмолкунандагони охирин проблемаи бурда расонидани моли худро ҳаматарафа (комплексно) дида барояд.

Пас аз омўхтани ин мавзўъ донишҷў бояд донад, ки:

  1. Мақсади асосии омўхтани муҳити маркетинги байналхалқӣ аз чӣ иборат аст.

  2. Усул ва стратегияи ба бозорҳои берунӣ баромадан кадомҳоанд.

  3. Ба воситаи кадом роҳҳо фирма самаранокии ба бозорҳои хориҷӣ бароманданро таъмин менамояд.

БАРНОМАИ СОДИРОТИИ ФИРМА(КОРХОНА)

  1. Моҳият ва аҳамияти барномаи маркетингӣ
  2. Маркетинг ва омилҳои муҳити беруна
    Сатҳи рушди иқтисодиёт ва ПИТ
    Шароити ҳуқуқӣ ва сиёсӣ
    Таҷрибаи касбӣ ва вазифаи фаъолияти соҳибкорӣ
    Фаъолияти рақибон

Моҳият ва аҳамияти барномаи маркетингӣ

Барномаи содироти ҳуҷҷате, ки дар вай сиёсати содиротии фирма, корхона, ташкилот мақсад ва усулҳои бозории он ифодаи худро ёфтааст. Вобаста ба шароити мушаххас (ҳаҷми фирма, тавсифномаи фаъолонаи ў ва ғайраҳо) шакл ва мазмуни барнома ҳархела мешавад. Дар фирма(корхона) ғайр аз барномаи умумӣ барои шўъбаҳои гуногун (истеҳсолӣ, молия, фурўш, НИОКР ва ғайраҳо) барномаҳои алоҳида тартиб дода мешавад.
Тартиб додани барномаи маркетингӣ мўҳлати дарозро талаб мекунад. Дар ҳолати бори аввал тартиб додани барнома ин муддат 9-12 моҳро дарбар гирифта метавонад.

пешина
аз 91
навбатӣ