Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Ба ғайр аз ин барномаи муфассали хуб асоснок карда шуда назорати ҷориро оид ба фаъолияти фирма дар соҳаи маркетинг сабук менамояд.
Барномаи махсус оид ба иҷрои ягон лоиҳаи калон, мисол, ба хотири истеҳсоли моли наве, ки барои фирма (корхона) аҳамияти калон дорад кор карда баромада мешавад.
Давраҳои тартиб додани барномаи маркетингӣ чунинад:
-таҳлили лаҳзагии ҳолати дохилии корхона ва мавқеи берунӣ;
-омўхтани комплексии бозори: инҷо фирма кор мебарад. Интихоби бозорҳо. Бо ҷидду ҷаҳд омўхтани муҳити берунӣ ва фаъолияти рақибон. Муайянкунии вазифаҳо;
-таҳлили сиёсати мол. Муайян кардан ба рақобат тобоварии молҳо ва вазифаҳои боз ҳам беҳтар намудани онҳо. Таҳлили муқоисавии нарх. Ташкили фўруши санҷишӣ.
-интихоби воситаҳои ҳаракати мол дар бозор ва сиёсати намоишдиҳӣ (реклама);
-ташкили фурўши мол, интихоби агентҳои савдо (миёнаравҳо), усули кашондани мол ва ғайраҳо. Интихоби тарзҳои ташкили хизматрасонӣ;
-муқарраркунии нарх ва тайёр намудани созишнома;
-муайян кардани даврияти назорат.
Лаҳзаҳои асосии тартиб додани барномаи пурраи маркетингӣ ин муқаррар намудани вазифаҳое, ки дар назди содироткунанда истодааст. Онҳо аз рўи ҳаҷми фоида миқдори фурўш, хароҷоти истеҳсолот ва ғайраҳо муайян карда мешаванд. Дар инҷо ин нишондиҳанда дар миқёси молҳо, бозорҳо, давраи муайян мукаррар карда мешавад.
Дар вақти кор карда баромадани барномаи маркетингӣ ва вазифа фирма бояд аз интиҳо худдорӣ кунад. Аз як тараф, қабул намудани мақсади иҷронашавандаи баланд одатан иҷрокунандагонро саросема менамояд ба банақшагирӣ аҳамияти худро гум мекунад. Аз тарафи дигар, паст намудани талабот ба нест шудани ташаббус ва бепарвоӣ оварда мерасонад.
Барои вазифаи оптималӣ, нишондиҳандаҳое муқаррар карда шаванд, ки ба вазифаи саъю кўшиш зарурӣ иҷрошаванда бошанд.
Дар бисёр ҳолатҳо барои баҷоории як мақсад роҳҳои гуногун пешбинӣ карда мешаванд.
Барои дар ҳар як роҳе, ки фирма (корхона) пешбинӣ мекунад барномаи хос кор карда баромада мешавад. Дар инҷо барои ҳар як шўъба супориши муфассал муқаррар карда мешавад, яъне барои шўъбаи фурўш, намоиш (реклама), омўхтани бозор ва ғайраҳо.
Ин давраи ташкили фаъолияти фирма (корхона) барои кор карда баромадани барнома ва сифати иҷроиши ў аҳамияти калон дорад. Стратегияи фирма (корхона) чи тавр асосноккунонида ва ҳаматарафа фикр карда баромада бошад ҳам, агар бо барномаи тактикӣ ҳаматарафа фикр карда баромада ва ташкили хуб мадад 9 қувват) нарасонед натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.

пешина
аз 91
навбатӣ