Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Аз нуқтаи назари маркетинг сиёстаи мол аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Бинобар ин фирма (корхона) бояд оид ба моли истеҳсол мекардагиаш (намуд, миқдор, сифат, характеристикаи техникӣ ва ихтисосӣ, намуди беруна, арзиш ва ғайраҳо дар асоси омўхтани бозор ва имкониятҳои хеш фикри муфассали аниқ дошта бошад, то ки ба натиҷаи дилхоҳ ноил шуда тавонад. Дар ин ҷо банақшагирии истеҳсоли моли нав аҳамияти махсус дорад.
Раванди банақшагирии идеяи (ғояи) истеҳсоли моли нав дар асоси омўхтани бозор ё худ дигар маълумотҳо сар мешавад. Дар асоси омўхтани ҳаматарафаи ( комплексии) бозор, компанияи (корхона) (ҳозир ва ояндаи наздик) талаботро ба ин мол, ғундоштани бозор муайян намуда, тавсияномаи харидоронро тартиб дода, тасаввури рақибон ва молҳои рақобаткунандаро ба шакли муайян медарорад.
Агар натиҷаи омўхтани ҳаматарафаи бозор ба самаранокии истеҳсоли моли нав боварӣ пайдо кунонад, компания бо назардошти талаботи харидорон хусусиятҳои молро (спецификатсия) кор карда баромада ба шўъбаи истеҳсолӣ ё худ аз рўи зарурат ба шўъбаи тадқиқот барои тайёр кардани намуна супорида мешавад. Вазифаи шўъбаи истеҳсолӣ дар ин давра аз омўхтани имконият баровардани ҳамин мол бо арзиши пешбинишуда, бо назардошти таҷҳизотҳои фирма, технологияи истеҳсолот, «ноу-хау» ( ихтирооти хурде, ки шаҳодатномаи (патентӣ) тасдиқкунанда надорад) ва ғайраҳо.
Баъд шўъбаи маркетинг барои донистани фикри харидорон агар лозим шавад то истеҳсоли сериявӣ тағйир даровардан) фурўши озмоиши моли навро баҷо меорад ва номгўи чорабиниҳои маркетингиро тайёр менамояд.
Дар вақти кор карда баромадани барномаи маркетингӣ ҳамаи вазифаҳои маркетинг ба таҳлили муфассал дучор мешавад, барои намоиш (реклама) ташкили фурўш, хизматрасонӣ ва дигар чорабиниҳои ба вуҷудоварда талабот ва ҳавасмандкунии фурўш аҳамияти калон дода мешавад.
Ҳамин тариқ ҳар як барномаи маркетингӣ идоракунандаи системаи якчанд тағйирёбанда ва дар ҳар ҳолати конкретӣ дида баромадани мувофиқаткунонии гуногун зарур аст.
Табиист, ки сифати ҳар як барномаи маркетингӣ дар вақти баҷоории ў муайян карда мешавад. Агар амалишавии барномаи кор карда баромадаи фирма(корхона) ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда наздик шавад, пас дуруст тартиб дода шудани он гувоҳӣ медихад. Азбаски ҳолати бозор доимо устувор намемонад, баъд аз вақти муайян намунаи пешбинишуда мумкин кўҳна шавад ва ба шароити бозор мувофиқат накунад. Бинобар ин ҳар як фирмае, ки барномаи маркетингиро иҷро менамояд вазифадор аст, ки дурандешона механизми муайяни назорат кор карда барояд, токи дар давоми мўҳлати амалкунии барнома натиҷаи гирифташуда ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда муқоиса карда шавад.

пешина
аз 91
навбатӣ