АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Дар созишнома ҳамаи ўҳдадаориҳои тарафҳо ифодаи худро меёбад. Фирма (корхона) бояд ба кадом бозор пешниҳод кардани моли худро аниқ донад. Муайян кунад, ки кадом барои ў аз нуқтаи назари иқтисодӣ самараноктар аст.
Бинобар ин фирма (корхона) бояд барои моли худ харидори мусоидро ёбад.
Харидоронро бо роҳҳои зерин ҷустуҷў карда намудан мумкин:
-ба воситаи муассисаҳои дипломатии давлатӣ хеш ё худ мамлакатҳои ҳамсоя;
-ба воситаи муассисиаҳои савдои беруна ва вакилони вай;
-ба воситаи ҳамватанон ва рафиқоне, ки дар мамлакатҳои гуногун хизмат вазифа адо намоянд ё истиқомат мекунанд;
-ба воситаи сафари хизматӣ;
-ба воситаи фирмаҳои махсусе, ки хизмати маркетингиро адо мекунанд;
-ба воситаи интернет ва дигар воситаҳои алоқаи замонавӣ.
Мақсади асосии ҷустўҷўи харидор аз муайян намудани имконияти харидорӣ кардани моли хеш аз тарафи фирмаҳои гуногун иборат аст. Бинобар ин, дар ин асно фирмаи (корхонаи) фурўшанда бояд имконияти потенсиалии ҳар як харидорро муайян намояд, яъне дар байни фирмаҳои (харидорони) пайдошуда, кадомаш харидори ҷазбман аст.
Баъд аз пайдо кардани харидорони бисёр фирма (корхона), яъне фурўшанда барои коркарда баромадани пешниҳоди пурраи хатти шурўъ менамояд.
Ба ҳама маълум аст, ки дар мамлакатҳои Аврупо нахи пахта яке аз молҳои диққатҷалбкунанда ба шумор меравад.
Бинобар ин созишномаи содиротиро дар мисоли фурўши нахи пахта тартиб медиҳем.
Фурўшандаи мол (нахи пахта) компанияи (Иттиҳодияи пахтатозакунии ш. Турсунзода) «Турсунзодаволокно», ҳаҷми фурўши яксолаи нахи пахта 25 ҳазор тонна мебошад.
Тартиб додани пешниҳоди фурўшанда Фурўшанда мувофиқи қоидаҳои байналхалқӣ вазифадор аст, ки пешниҳоди пурраи хаттии худро тартиб диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё