АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Ин ҳуҷҷат ба забони байналхалқӣ оферта номида мешавад. Фурўшанда бояд ду намуди офертаро тартиб диҳад:
Офертаи қавӣ;
Офертаи озод ё худ оддӣ.
Аз рўи таҷрибаҳои байналхалқӣ офертаи қавӣ ба фирмаи (харидорӣ) ҷазбмантарини моли хеш фиристонида мешавад, офертаи озод ба суроғаи ҳамаи дигар харидорон равона карда мешавад.
Дар пешниҳоди пурраи хаттии фурўшанда (оферта) ҳамаи шартҳои фурўши мол навъҳо ва сифати мол, ҳаҷми ў, мўҳлати фиристонидани ҳуҷҷатҳо ва дигар шартҳои махсус ифодаи худро меёбад.
Пешниҳоди хаттӣ (оферта) арзиши умумии моли ба фурўш монда 40 млн долл.
фоидаи ў 10 млн доллари америкоӣ пешбини шудааст.
Харидори ҷазбман компанияи «Милантекстил», ки қодири харидорӣ кардани ҳамаи нахи пахтаи компанияи «Турсунзодаволокно»-ро дорад. Дар ин ҳолат фурўшанда, яъне компанияи «Турсунзодаволокно» ба суроғаи харидори ҷазман- компанияи «Милантекстил» офертаи қавиро равона мекунад. Баробари рафта расидани офертаи қавӣ, дар муддати ду ҳафта, компанияи «Милантекстил» бояд фикру мулоҳизаи хешро оид ба офертаи гирифтаи худ ба фурўшанда маълум намояд.
Агар ҳамаи шартҳои дар офертаи қавии фурўшанда нишондодашуда ба харидор маъқул ояд, пас компанияи «Милантекстил» ба суроғаи компанияи «Турсунзодаволокно»
Аксепт ном ҳуҷҷате равона мекунад, ки маънояш розигии пурраи хаттии харидорро дарбар мегирад.
Агар баъзе шартҳои дар офертаи қавии фурўшанда муайян шуда (нархи як воҳиди мол, шарти бурда расонидани мол) ба харидор маъқул наояд, пас харидор метавонад ба суроғаи фурўшанда Контроферта, яъне пешниҳоди хаттии худро оид ба шартҳое, ки ба ў маъқул нестанд, фиристонад.
Баробари гирифтани контроферта роҳбарияти компанияи «Турсунзодаволокно»
бояд мавқеи худро оид ба шартҳои пешниҳод кардаи харидор розӣ шудан ё нашуданашро муайян намояд. Дар ҳолати ба шартҳои харидор розӣ шудани фурўшанда, пайдошавии ҳамкории байни онҳо аниқ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё