Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Мувофиқи маълумоти мавҷуда дар девони Хоҷу тамоми тағаззулоту ғазалиёти ў бидуни интихоб дохил шудааст ва ба ин ҷиҳат баробари ғазалҳои бисёр баланд ва санъаткорона, баъзе тағаззулоти на чандон муносиби номи шаҳири устоди Ҳофиз дида мешаванд.
Браун пас аз иқрор шуданаш, ки ҳамагӣ 75 ғазали Хоҷуро мутолиа намудааст, мегўяд: «… ман натавонистам аз ғазалиёти ў лутфи ҷозиба ва ё хо-
28 сияти ҷолиб кашф намоям». Албатта, аз рўи 75 ғазал дар бораи бештар аз
15 ҳазор байти девони шоир хулосае гирифтан хатост. Ва Алӣ Асғари Ҳикмат дар бораи ин ақида гуфтааст, ки «… латофати ашъори хоссаи ғазалиёти Хоҷу дар назди форсизабонон маъруф ва мусаллам ва дар фазилати ў ҳамон бас аст,
29 ки Хоҷа Ҳофиз ба ихтиёри сабки ў дар каломи хеш ишора менамояд». Дар ҳақиқат байти поин, ки ба Хоҷа Ҳофиз нисбат дода мешавад, хеле машҳур аст:
Устоди сухан Саъдист назди ҳама кас, аммо
Дорад ғазали Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу.
Маҳорати сухангўӣ ва ғазалсароии Хоҷуи Кирмонӣ чи дар гузашта аз тарафи муаллифони тазкира ва китобҳои таърих ва устодони сухан ва чи дар замони навин аз ҷониби тадқиқотчиён ва сухансанҷони мўътабар қайд гардидаст.
Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар «Тавърихи гузида», ки дар соли 730 ҳиҷрӣ/1330 милодӣ, яъне дар вақте ки Хоҷу чилу як сол дошт, таълиф намудааст, дар бораи Хоҷу менависад, ки «Хоҷуи Кирмонӣ шеъри некў дорад…» ва пас аз он ғазали зеринро ҳамчун намунаи гуфтаи ў меорад:
Най зи дуди дили пуроташи мо менолад,
Ту мапиндор, ки аз боди ҳаво менолад.
Андалеб аст, ки аз бод наво месозад,
Хушсароест, ки дар пардасаро менолад.
Мани дилхаста агар з-он, ки зи дил менолам,
Боре он хастаи беҷон зи куҷо менолад.
Мезанандаш, натавонад, ки нанолад нафасе,
Захм дорад, ки ба тазвиру риё менолад.
Баски роҳи дили арбоби ҳақиқат задааст,
Зоҳир он аст, ки аз тарси Худо менолад.
Нолаву зории Хоҷу агар аз бебаргист,
Ў чи дидааст, ки ҳар дам зи наво менолад.
Давлатшоҳи Самарқандӣ низ қудрати сухангўии Хоҷуро қайд намуда фикри худро бо назири фозилон ва бузургон қувват медиҳад ва мегўяд, ки «…
соҳиби фазл ва хушгўӣ аст ва сухани ўро фозилон ва бузургон дар фасоҳат ва балоғат беназир медоранд ва ўро нахлбанди шуаро меноманд…»
Муаллифи «Тазкираи майхона» назари худро нисбат ба Хоҷуи Кирмонӣ ва мавқеи суханварӣ ва қудрати вай бисёр ошкор баён намуда, дар қисми ба шоир бахшидаи худ дар бораи ў менависад: «Суханваре беназир ва нуктапарваре дил пазир аст, манзумоти он сипеҳри сарири нуктадонӣ ва воридоти он маснаднишини маҳфили сухандонӣ аксар рангин ва матин воқеъ шуда ва муосирони саромади он ягонагии замон, ўро нахлбанди шуаро гуфтаанд ва баъд аз ў низ ҳар замон ин хитобат бар ў мусаллам доштаанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё