Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хоҷуи Кирмонӣ дар кишварҳои дигар низ писандида буд. Ў ҳамчун яке аз саромадони сухан дар байни урдузабонон ва уламои онон шўҳрат пайдо намудааст. Яке аз адибони урду Маҳдӣ Ҳусайни Носирӣ дар «Санодиди Аҷам»
дар зарфи баёни ҳол ва зикри осори Хоҷу сабт намудааст, ки ў «дар ғазалгўӣ
30 маҳорати калон дошт».
Қувваи ғазалсароӣ ва сухандонии шоири номбурда дар таълифоти муаллифони давраи навини Эрон низ эътироф шудааст.
Саид Нафисӣ дар рисолаи худ дар бораи Хоҷуи Кирмонӣ гуфтааст, ки «… Сари силсилаи сухансароёни асри хеш будааст… ва ғазалиёти Хоҷу … ба сабкест миёни сабки Саъдӣ ва Ҳофиз, чунонки метавон гуфт сабки Ҳофиз аз
31 он ҷо берун омадааст…». Чанде аз донишмандони дигари Эрон низ ҳамин ақидаро пайравӣ намудаанд.
Муҳаммад Муин дар китоби «Нуктадоне базлагў чун Ҳофизи ширинсухан» ақидаи аз сабки Хоҷу ба вуҷуд омадани услуби Ҳофизро боз бештар ронда менависад, ки ў «дар ғазалсароӣ мутатаббеи сабки Саъдист ва бисёре аз ғазалиёти Шайхро тақлид кардааст ва услуби ў дар ғазал бо услуби Шайх
32 наздик шудааст». Дар масъалаи муносибати Ҳофизу Хоҷу низ қайд кардааст:
«Ҳофиз бисёр аз ғазалиёти ўро дар маънӣ ва сабк ва мазмуни вазн татаббўъ
33 фармудааст ва худро дар ғазал аз мутобеони ў донад».
Ин назар баъдтар боз ривоҷ дода шуд. Дар соли 1321 (1942) Ризозода Шафақ навишта буд, ки Хоҷу гузашта аз қасоид ва мадоеҳ ғазалиёти шево дорад ва дар ин тарз пайрав ва муқаллиди Шайх Саъдӣ аст ва дорои завқ ва қареҳаест ва аз ин ҳайс дар замони худ тарафи таваҷҷўҳ буд ва суханпардози бузурги он аср Ҳофиз шеъри ўро меписандид ва татаббўъ ва иқтидо ме-
34 кард».
Гузашта аз ин, Шафақ ба хулосаи амиқтар омада гуногунии сабки ғазалсароии Хоҷуро ҳарчанд ба таври умумӣ бошад ҳам, эътироф намуда, дар ҳамон ҷо зикр карда буд:
«Метавон гуфт тарзи ғазали Хоҷу аз ҷиҳате шабеҳ ба шеваи Саноӣ ва Шайх Аттор ва Мавлавӣ ва аз ҷиҳате шабеҳ ба сабки Ҳофиз аст».
Ниҳоят, донишманди дигари муосири Эрон Забеҳулло Сафо Хоҷуро эътироф намуда, навиштааст, ки «… дар ғазал ва маснавӣ соҳиби дасте қавӣ буда ва хусусан дар овардани мазомини ирфонӣ дар ғазал чирадаст ва дар ин роҳ пешвои Ҳофиз аст ва Ҳофиз худ ба тақаддуми вай дар ин ҷониб ва пайравӣ
35 аз сабки ў мўътариф аст».
Ба ҳамин тариқ Хоҷу ҳамчун устоди ғазалиёти латифу ботароват эътироф шудааст.
Хоҷу ба ғазалиёти Саъдии Шерозӣ, Шайх Аттор, Мавлавӣ пайравӣ намуда, дар табъозмоӣ ба он андозае ба сабку шеваи устоди ғазал наздик шудааст, ки метавон гуфт сабки ў дар бисёр мавридҳо аз гуфтори Саъдӣ ба вуҷуд омадааст.
Чунин ҳолат дар назми форсу тоҷик дар он замон борҳо рўй додааст ва гуфтан мумкин аст, ки ин худ як равияи адабии қувваозмоии шоирон бо ғазалиёти ҳамдигар аст. Ба ғайр аз Ҳофизи Шерозӣ, ки бисёр ғазалҳояш дар натиҷаи санҷиши табъи ў дар чорчўбаи ғазалиёти Хоҷу ба вуҷуд омадааст.

пешина
аз 235
навбатӣ